Пайвандҳои дастрасӣ

ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ: Юсуф Раҳмонов ба ҷои Шерхон Салимзода


Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон

Юсуф Раҳмонов, додситони кулли Тоҷикистон

Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Юсуф Раҳмонов додситони кулл таъин шуд. Ӯ дар ин мақом Шерхон Салимзодаро иваз кард, ки 5 сол пеш ба ин курсӣ такя зада буд.

Юсуф Раҳмонови 49-сола субҳи 24 январ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон -- раиси ҷумҳури Тоҷикистон додситони кулли кишвар таъин шуда, дар ин мақом Шерхон Салимзодаро иваз намуд.

Раҳмонов зодаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон буда, дар гузашта ба ҳайси додситони ноҳияи Исмоили Сомониву Синои шаҳри Душанбе, муовини додситони кулл - сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон ва додситони вилояти Суғд фаъолият кардааст. Ӯ солҳои 2012-2014 машваратчии калон - сардори шӯъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амният ва аз моҳи декабри соли 2014 то ин дам муовини аввали роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент буд.

Шерхон Салимзода

Шерхон Салимзода

Шерхон Салимзода, ки моҳи январи соли 2010 дар курсии додситони кулли Тоҷикистон такя зада буд, бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз мақомаш барканор шуд. Дар ин фармон, ки дар торнамои расмии раёсати ҷумҳурӣ низ ба нашр расидааст, сабаби барканории додситони кулли собиқ шаҳр дода нашудааст. Маъмулан раиси ҷумҳур ҳангоми судури чунин фармонҳо ва аз мақом барканор кардани мансабдорони баландпоя ибораи “бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан”-ро истифода мекунад. Аммо ин бор дар фармони барканории Салимзода ин ибора истифода нашудааст ва маълум нест, оё ӯ дубора ба ягон мақоми давлатӣ таъин хоҳад шуд ё на.

Масъалаи барканории Шерхон Салимзода аз мақоми додситони кулл бо пешниҳоди президент субҳи 24 январ дар ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ҳам баррасӣ шудааст.

Барканории оқои Салимзода дар ҳоле сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти соли гузаштааш бо мақомоти қудратӣ (10 июли 2014) аз фаъолияти масъулони Додситонии кулл башиддат интиқод карда, аз "шиносбозию сарватхоҳии кормандони ин ниҳод" шадидан нигаронӣ намуда буд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон он замон ишора ба мошинҳои гаронбаҳо ва хонаҳои бодабдабаи бархе аз додситонҳо гуфта буд: “Ин ҳама аз ҳисоби кадом даромад аст?”

Маҳдӣ Собиров, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, "дар ҳамон ҷаласа раиси ҷумҳур прокурорҳоро сахт танқид карда, камбудҳои онҳоро зикр карда буд. Ҳамон вақт маълум буд, ки аз кори прокурорҳо ва прокурори генералӣ қонеъ нест. Аммо президент дар миёнаи сол одати иваз кардани кадрҳоро надорад. Бинобар ин, дар оғози соли нав ин тағйироти кадрӣ сурат гирифт”.

Салимзода панҷ сол пеш дар мақоми додситони кулл Бобоҷон Бобохоновро иваз карда буд. Бобоҷон Бобохонов, ки ба далели нафақа аз ин мақом дур гардид, танҳо нафаре дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад, ки ду навбати панҷсолӣ ин масъулиятро дар ӯҳда дошт ва нафарони қабл аз ӯ дар ин мақом натавониста буданд ҳатто як навбати панҷсолиро ҳам ба анҷом расонанд.

Давраи роҳбарии Бобохонов дар Додситонии кулли Тоҷикистон бо пурсарусадотарин парвандаҳо, аз ҷумла алайҳи Абдуҷалил Ҳомидов -- раиси собиқи вилояти Суғд, Ёқуб Салимов -- вазири умури дохилӣ, Ғаффор Мирзоев -- раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва

Бобоҷон Бобохонов

Бобоҷон Бобохонов

Муҳаммадрӯзӣ Искандаров -- раиси ширкати “Тоҷикгаз” дар ёдҳо мондааст. Ҳамаи номбаршудагон ба мӯҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Шерхон Салимзода дастпарвари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва 58 сол дорад. Қаблан дар вазифаҳои муовини додситони кулл, додситони шаҳри Душанбе, вакили парлумон ва баъдан раиси кумита дар Маҷлиси Намояндагон низ фаъолият кардааст. Ӯ як муддат раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва мушовири давлатии раиси ҷмуҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ низ буд.

Ин тағйирот баъд аз ҷаласаи васеи ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, ки 23 январ баргузор ва дар он ҳисоботи раҳбарони баъзе аз вазорату идораҳои давлатӣ шунида шуд. Соҳибназарон мегӯянд, тағйироти кадрӣ то чанд рӯзи дигар идома карда, зоҳиран бисёре аз курсии ниҳодҳои давлатӣ барои худ “соҳибон”-и нав пайдо хоҳанд кард. Гузашта аз ин, раҳбарони баъзе аз ниҳодҳо ба вакилии Маҷлиси Намояндагон ҳам номзад шуда, то ночор ҷойи худро ба афроди дигар хоҳанд дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG