Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз иншооти модерн хона мехоҳед ё шӯравӣ?


Омори расмӣ дар бораи афзоиши таваҷҷӯҳи мардум ба харидории манзили истиқомӣ дар иншооти навсохту модерн дарак медиҳанд.

Як хабари расмӣ мегӯяд, ки дар ним соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон 250 ҳазор метри квадратӣ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудааст.

Нигина, сокини 34-солаи пойтахт бо шавҳар ва ду фарзанди ноболиғаш иҷоранишин аст. Онҳо ният доранд бо гирифтани қарзи дарозмуддати бонкӣ соҳиби манзили хусусӣ шаванд, зеро аз супурдани маблағи иҷора алакай хаста шудаанд ва мехоҳанд, ки ин маблағи ҳармоҳаи иҷораро ба пардохти қарзи бонк тағйир диҳанд.

Нигина гуфт, як моҳ аст, ки бо ҳавои бозори фурӯши манзил дар пойтахт шинос мешавад: "Нархи хонаҳо хеле баланд аст. Вобаста ба мавқеъи ҷойгиршавиаш қиматашон фарқ мекунад. Ҳоло боз биноҳои наву замонавӣ зиёд ҳастанд, ки бо диданаш чашми инсон об мехӯрад ва албатта мехоҳӣ, ки дар онҷо зиндагӣ намоӣ. Аммо ман ба сифати бисёре аз ин иншооти навсохт бовар надорам. Ҳарчанд онҳо ду ё се сол пеш сохта шудаанд, аммо андоваи деворҳояшон рехтаву фарсуда ба назар менамояд. Боз аксари ин биноҳо зуд сохта мешаванд, ки шубҳаовар аст. Ҳамон биноҳои шӯравӣ ба назар мустаҳкамтаранд, об ҳам расад, бетонӣ, ки ҳаст шӯра медамад ва аммо побарҷоянд. Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки метри квадратии хонаҳои нав арзон нест, бар ивази онҳо мешавад дар маркази шаҳр, ки ҳолати биноҳои кӯҳна ҳам хуб аст хона харидорӣ кунӣ".

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 250 ҳазор метри квадратӣ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст. Ин арқом ба ҳисоби миёна баробар бо се ҳазор хонаи истиқоматии ҳар кадом 80-метрӣ аст.

Тибқи омори Оҷонсии меъморӣ ва сохтмони кишвар, соли гузашта низ айнан ҳамин қадар масоҳат хонаҳои истиқоматӣ ба хоҳишмандони манзилҳои шахсӣ пешниҳод шуд. Ба гуфти миёнаравони бозори хонафурӯшӣ, қимати хонаҳо дар биноҳои навсохт ва вобаста аз ҳолати иҷтимоии онҳо фарқ мекунад.

Довталабони манзил дар биноҳои навсохт бояд барои ҳар як метри квадратӣ аз 350 то 500 доллар пардохт намоянд. Аммо бо ин маблағ насиби шумо хонаҳое мешаванд, ки танҳо аз чаҳор девор иборат аст ва тармиму таҷдиди дохили он ба дӯши соҳибмулкон гузошта мешавад.

Вале онҳое ки намехоҳанд барои тармиму таҷдиди манзил вақт ва нерӯ сарф кунанд, як метри квадратии хонаҳои тайёрро, вобаста ба мавқеъи ҷойгиршавии бино, аз 700 то 2000 доллар харидорӣ мекунанд.

Мансур Ризоев, яке аз ин миёнаравҳо ё риэлтерҳои тоҷик мегӯяд, тибқи мушоҳидаи ӯ феълан қишри сарватманди ҷомеа талош дорад манзилҳои худро дар биноҳои кӯҳна фурӯхта, сокини хонаҳои биноҳои наву замонавӣ гарданд. Аммо қишри миёнаҳол, муштарии аслии биноҳои кӯҳна ва атрофии пойтахт боқӣ мондаанд. Мансур гуфт, «ҳоло нархи хонаҳо як ҳуҷраи дар бинои нав аз 40 ҳазор доллар шурӯъ шавад дар маҳалаи «Саховат», бар ивази то 33 ҳазор доллар хонаи васеъи хуб мешавад харид. Дар атрофи шаҳр нархи хонаи якхонагӣ 23 то 25 ҳазор доллар ҳам ҳаст. Бар ивази 19 -20 ҳазор доллар хонаҳои як ҳуҷрагии хурд фурӯхта мешавад».

Тайи панҷ соли ахир ширкатҳои сохтмонӣ, манзилҳоро бо қимати арзонтар ва аммо бо пешпардохти як қисме аз маблағи умумии он пешниҳод мекунанд. Шумори зиёди шаҳрвандон ба хотири ба даст овардани манзилҳои наву калонҳаҷм ба ин ширкатҳо маблағ пардохт намуданд. Аммо қазияи ба сари ширкати «Мороуннаҳр» омада ва сарсонии наздик ба 1000 муштарии он аксариятро ҳаросон кард.
Гулрухсор яке аз ин муштариёни «Мовароуннаҳр» гуфт:

«Ман 25 ҳазор доллар ба ин ширкат пардохт кардам ва ҳоло чунон пушаймон ҳастам, ки гуфта намешавад. Се сол аст ки интизорам ва ҳам саргардон. Бо ин маблағ як хонаи якҳуҷраӣ мегирифтам, ҳазор маротиба беҳтар буд. Ман ба ҳама тавсия медиҳам, ки беҳтараш хонаи тайёр харанду ба ваъдаву тарҳҳои хонаҳои носохта бовар накунанд. Як мақоли хуб дорем мо тоҷикон: “Ба умеди гӯшти насия шуда, думбаи нақдро набояд аз даст дод».

Тибқи иттилоъи Оҷонсии сохтмон ва меъморӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон 2,5 ҳазор ширкати сохтмонӣ фаъолият мекунад, ки наздики 100-тои онро ширкатҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG