Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозигарони нави “Хайр” дар Ҷоми КФО


Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат ба дархосташ барои ширкат дар Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 боз се бозигари навро илова кард.

Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат ба дархосташ барои ширкат дар Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё)-2015 боз се бозигари навро илова намуд, ки инҳоянд: Владимир Верёвкин, ҳамлагари 27-сола аз Қирғизистон, Дмитрий Медетский, нимҳимояттгари 29-сола аз Латвия, ва нимҳимоятгари ҷавони тоҷик Ҷаҳонгир Хайров.

Владимир Верёвкин, ки бозигари мунтахаби миллии Қирғизистон мебошад, ахиран дар дастаи «Олой»-и Ӯши Қирғизистон бозӣ мекард. Дмитрий Медетский бошад, дар ҳайати мунтахаби наврасони зери 17-сола ва ҷавонони зери 19-солаи Латвия бозӣ кардааст. Вай ба дастаи «Хайр» аз бошгоҳи «Елгава» омадааст.

Ёдовар мешавем, ки бозии даври дуюми интихобии Ҷоми КФО-2015 байни «Хайр» ва «Шайх Рассел»-и Бангладеш рӯзи 10-уми феврал, соати 13:00 дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор мешавад. Сарпарасти кулли бозӣ ширкати мобилии «Билайн» мебошад.

Бояд гуфт, ки дар мавриди пирӯзӣ, ”Хайр” дар даври севум ва ҳалкунандаи интихобӣ 17-уми феврал дар сафар бо барандаи Ҷоми Лубнон-2014 - бошгоҳи «Салом Ҷҳарта» - вориди рақобат мешавад.

Дар сурати роҳ ёфтан ба Ҷоми АФК-2015 «Хайр» дар гурӯҳи «А» бо «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас»-и Урдун, «Ал-Наҳда» ё «Сувайк»-Умон ва ё «Ал-Ваҳда»-и Сурия рақобат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG