Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент ба таъсиси ҳукумати нав шурӯъ кард


Эмомалӣ Раҳмон як идда чеҳраҳои навро ба кобинааш ворид кард, ки ба гуфтаи доираҳои наздик ба ҳукумат дар кумитаву вазоратҳои зери назари худ мутахасис ҳастанд.

Дар пайи тағйироти сохтории ахир дар ҳукумати Тоҷикистон вазоратҳои саноату энергетика ва обу обёрӣ, ки аввалиро Гул Шералӣ ва дуввумиро Раҳмат Бобокалонов раҳбарӣ мекарданд, аз байн рафтанд. Вазорати Гул Шералӣ, ки барои мушкилоти барқ 7 сол ба ин сӯ қаҳрамони манфии расонаҳо буд, ду пора шуд.

Аз пораи аввал – саноат ва бо иловаи соҳаи дигар – технологияҳои ҷадид, вазорати нави саноат ва технологияҳои ҷадид ба вуҷуд омад ва раҳбараш Шавкат Бобоев таъин шуд. Мавсуф ба ин вазорат аз курсии сарвари шӯъбаи саноат ва энержии дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон рафт. То ин дам ӯ муовини раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Чкалов буд.

Бахшҳои энергетика ва обу обёриро Эмомалӣ Раҳмон таҳти назорати як вазорати ҷадид муттаҳид кард ва ба сарвари он Усмоналӣ Усмонов, мудири Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика таъин шуд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
Линки мустақим

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати мазкур аз интихоби раиси ҷуҳмур ситоиш кард ва гуфт:

«Замоне дар «Барқи тоҷик» кор мекард, устоди донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ҳам буд. Забони инглисиро хуб медонад. Фаъолияташ дар Маркази лоиҳаҳои энергетикӣ ҳам хеле муваффақ буд ва аз ин хотир, ӯро ба ин маснад раисҷумҳур лоиқ дид».

Лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои хурд, ду лоиҳаи таъмири неругоҳи Норак, сохтмони хати интиқоли барқи Хуҷанд-Айнӣ ва ҳам Сангтӯда – Панҷи Поён, ки бояд то Пули Хумрии Афғонистон расад, ва ғайра аз дастовардҳои Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика будааст. Гуфта мешавад, ки Усмоналӣ Усмонов дар ҷалб ва истифодаи сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи энергетика муваффақ буд.

Ҳарду вориси Шералӣ Гул хатмкардаҳои Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон мебошанд. Шавкат Бобоев зодаи шаҳри Панҷакент, муҳандис механик–технолог аст ва Академияи хизмати давлатии Русияро ҳам хатм кардааст. Усмоналӣ Усмонов, зодаи ноҳияи Ваҳдат муҳандиси барқ, номзади улуми техникӣ аст ва хатмкардаи Аспирантураи Донишгоҳи энергетикии Маскав аст.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳам пас аз 7 сол нав шуд. Ба ҷои Мирзошоҳрух Асрорӣ чеҳраи то ҳол ноошно Шамсиддин Орумбеков омад. Орумбеков зодаи Шуғнон, филолог, хатмкардаи факултаи шарқшиносии ДДТ ва Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошкент буда, дар гузашта дар мақоми раиси идораи телевизион ва радиои Бадахшон, роҳбари дастгоҳ ва муовини раиси ВМКБ аз соли 2011 ба ин сӯ мушовири Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрӣ фаъолият кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли ахир аввалин занро ба мақоми вазир таъин кард. Бо фармони раиси ҷҳумҳур Сумангул Тағоева, вазири вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъин шуд. Сумангул Тағоева зодаи шаҳри Душанбе ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, сарвари раёсат дар вазорати адлия ва ҳам аз соли 2005 то 2010 муовини якуми вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон буд. То таъиноти ахир раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон буд.

Ҳамчунин дар ҳукумати нав Нусратулло Салимов, дар мақоми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Қосим Қосимов дар мақоми вазири кишоварзӣ ва Рустам Менгалиев дар симати вазири адлияи Тоҷикистон боқӣ монаданд.
XS
SM
MD
LG