Пайвандҳои дастрасӣ

Донишҷӯёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино аз тағйир дар низоми имтиҳону санҷишҳои ин мактаби олӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Мадина Сафоева, ки дар курси чаҳоруми факултаи умумии тиббӣ таҳсил мекунад, мегӯяд, имтиҳону санҷишҳо сахттар шудаанд ва ҳар донишҷӯе, ки мехоҳад ҳадди ақал баҳои қаноатбахш гирад, бояд 18 балл дошта бошад. Вай гуфт, агар солҳои пеш барои имтиҳону санҷиш як тест супурда мешуд ва донишҷӯ бо як ҷумла фикрашро баён мекард. Вале ҳоло барои посух додан ба суолҳои тестӣ бояд се ё чор ҷумларо навишта, ҷавоби васеъ ва комил дод. Ва дар ҳолати ба таври мукаммал посух гуфтани донишҷӯ ба як суол, ба ӯ ду балл ва барои посухи як суоли тестӣ як балл дода мешавад.

Мадина афзуд: «Бисёртар донишҷӯён аз гурӯҳхои русӣ хориҷ мешаванд. Ман ҳам фикр мекунам, ки онҳо таҳкурсӣ барои таҳсил дар гурӯҳҳои русиро надоранд, забони русиро хуб намедонанд ва ин боис мешавад, ки дар рафти таҳсил мушкил пеш биояд.»

Шаҳноза Ғаниева, донишҷӯи соли чоруми бахши дандонпизишкии ин донишгоҳ мегӯяд, ду ҳамсабақаш ба хотири дарсшиканӣ аз курси сеюм хориҷ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, ин ду нафар дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил мекарданд ва барои пардохтани ин маблағ мушкил ҳам надоштанд. Шаҳноза мегӯяд, яке аз онҳо пас аз шавҳар карданаш ба дарсҳо намеомад ва дуюмӣ, ба хотири надоштани саводи кофӣ аз донишгоҳ ронда шуд.

«Ин ду нафар дар гурӯҳи мо пас аз як соли рухсатии академикӣ омада буданд. Барои якеаш таҳсил баъди таваллуд мушкил шуда, хонданаш суст буд ва ҳамин боиси ронда шудани ӯ гашт. Таҳсил дар донишгоҳи мо аз донишгоҳҳои дигар фарқ мекунад, албатта,» - мегӯяд Шаҳноза.

Аммо донишҷӯи дигаре, ки ихроҷ шудааст, дар сӯҳбат бо Озодӣ иброз дошт, ки маҳз ба хотири таҳсил дар гурӯҳи русӣ аз донишгоҳ ронда шуд. Вай гуфт, таҳсил дар гурӯҳи русӣ барояш мушкил буд ва ин омили ронда шуданаш аз донишгоҳ аст. Наздик ба 65 дарсади донишҷӯён ба забони русӣ таҳсил мекунанд.


Убайдулло Қурбонов

Убайдулло Қурбонов

Нигаронии донишҷӯён аз низоми нави имтиҳону санҷишҳо дар ҳоле садо медиҳад, ки ба гуфтаи Убайдулло Қурбонов, ректори донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар ним соли гузашта 116 донишҷӯ аз Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино ронда шуданд. Ҷаноби Қурбонов, сабаби инро дар мукаммалтар шудани тарзу усули қабули санҷишу имтиҳонҳои сессияи имсола унвон кард ва гуфт, ки бархе аз донишҷӯён аз ин имтиҳонҳо гузашта натавонистанд: «Донишгоҳҳое ба хотири дар бахшҳои шартномавӣ таҳсил кардани донишҷӯ ӯро хориҷ намекунанд. Аммо дар мо чунин нест. 116 нафар хориҷшудаҳо буҷавӣ ҳам буданду шартномавӣ ҳам. Мо миёни онҳо фарқ намегузорем, ҳама дар вақти таҳсил баробар аст.»

Сахттар шудани низоми имтиҳонҳо дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Сино дар пасманзари сӯҳбатҳо роҷеъ ба коҳиши ҷиддии сатҳи пизишкон дар кишвар ба амал омадааст. Ҳамзамон матбуот борҳо аз таъсири фасоду ришват дар ин муассисаи як замон машҳури Шӯравии собиқ навиштааст. Ожонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон мегӯяд, чанд муддат пештар ёвари муовини ректори Донишгоҳи тиббӣ , дар пайи як санҷиши ниҳоди мазкур бо ҷурми гирифтани пора барои дохил кардани довталабон боздошт шудааст.

Фаттоҳ Саидов раиси Оҷонсии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон гуфт: “Барои мисол, як нафари онҳо ёвари муовини ректори Донишгоҳи тиббӣ аст. Ин масъули донишгоҳ барои дар бахши шартномавӣ дохил кардани довталаб 8 ҳазор доллар талаб кардааст”.


Дар муқобили сӯҳбатҳо аз коҳиши сатҳи таълим дар донишгоҳ, афзоиши иштибоҳҳои пизишкӣ, аз меъёр зиёд тиҷоратӣ шудани таҳсил ва фаъолияти тиббӣ, Убайдулло Қурбонов, ректори донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гуфт, набояд аз намунаҳои ҷудогона дар бораи ҳамаи табибон хулоса баровард.

Вай афзуд, феълан дар кишвар “баъзе гурӯҳҳову қувваҳое ҳастанд, ба шикастани рӯҳия”-и пизишкон кӯшиш мекунанд. "Ин ҳамаш як сенария ҳаст, ки иҷро мешавад ва ҳадаф ин аст, ки баъди 10-15сол дар Тоҷикистон ягон табиби маҳаллӣ намонаду мутахассисон аз берун омада кор кунанд. Бояд ҳар як ҳолат алоҳида баррасӣ шуда, худи иттиҳодияҳои тахассусие ки ҳастанд, инро муҳокима карда, чунин табибро аз байнашон ронанд.»

Аммо оқои Қурбонов ҳам эътироф кард, ки “миёнарав”-ҳои манфиатҷӯе ҳастанд, ки ба хотири гарм кардани бозори худ “ставка”-и дохилшавӣ ба донишгоҳи тиббиро то 25 000 доллар бардоштаанд. Ин маблағ хеле бештар аз нархи таҳсил дар донишгоҳҳои ҳатто Аврупост.

Феълан дар Донишгоҳи тиббӣ 6 782 донишҷӯ таҳсил мекунанд. Имсол ба сафи онҳо 1410 донишҷӯи соли аввал хоҳанд пайваст. Барои ин 1410 курсӣ 3621 нафар ҳуҷҷат супурдаанд. Яъне 2,5 нафар барои ҳар курсӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG