Пайвандҳои дастрасӣ

Ниҳодҳои ҳомии озодии сухан дар Тоҷикистон мегӯянд, тағйири Қонуни низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода бо баҳонаҳои амниятӣ фаъолияти хабарнигоронро ҷиддан маҳдуд мекунад.

Аз ин ба баъд, агар дар Тоҷикистон вазъи фавқулода эълон шавад, на танҳо мардум аз дастрасӣ ба интернет ва гуфтугӯҳои телефонӣ маҳрум мешаванд, балки кори хабарнигорон низ маҳдуд мегардад. Ин дар ҳолест, ки қатъи дастрасӣ ба интернет ва алоқаи мобилӣ худ аллакай яке аз маҳдудиятҳои зидди фаъолияти журналистон аст.

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар ин робита изҳорот пахш кард ва шеваи қабули ин тағйиру иловаҳоро ба қонун ғайридемократӣ номид. Раиси ин созмон, Нуриддин Қаршибоев рӯзи 13 уми август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Қонун дар ин шакли наваш ба кори хабарнигорон монеа эҷод мекунад. Дастрасӣ ба сарчашмаи иттилоот. Кори журналистонро душвор мегардонад. Қатъ шудани алоқаи мобилӣ ҳам дар дастрасии хабарнигоронро ба сарчашмаҳои иттилоъ дар макони вазъияти фавқулода душвор мекунад ва ҳам кори худи онҳо бидуни алоқаи мобилӣ ва интернет душвор мешавад».

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев

Ҷаноби Қаршибоев афзуд, тағйиру иловаҳои охирин ба қонун “Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода” бидуни муҳокима бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул шудааст ва шахсан худи ӯ танҳо пас аз қабул шудани тарҳ аз он огоҳ шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ворид шудани иловаҳои нав ба қонуни вазъи фавқулода дастрасии мардум ба алоқаи мобилӣ ва интернетро дар макони амалиёти ҳарбӣ ва вазъияти фавқулода маҳдуд мекарданд. Ин маҳдудиятҳо бори аввал дар ҷанг бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар соли 2010 дар водии Рашт ва мартабаи дуввум дар давраи амалиёти ҳарбӣ дар Бадахшон дар тобистони соли 2012 бе ягон заминаи ҳуқуқӣ ва қонунӣ озмуда шуданд. Парлумони Тоҷикистон бо ворид кардани иловаҳо танҳо ба шеваи кори мақомот дар чунин ҳолатҳо «ҷомаи қонунӣ» пӯшонд.

Аммо ҳомиёни озодии баён ва ҳуқуқдонҳои тоҷик мегӯянд бандҳои наве, ки ба қонуни вазъияти фавқулода ворид карда шуд, ба дигар қонунҳои Тоҷикистон мухолифат дорад.

Қироншоҳ Шарифзода, раиси Шӯрои васоити ахбори ом (ВАО)-и Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодӣ” дар ин робита гуфт: “Тағйире, ки дар қонуни вазъияти фавқулода ворид шуд, як қадам ба ақиб аст. Он ба Қонуни матбот мухолифат дорад. Чун мардум ба хабарҳо аз маҳалли вазъияти фавқулодда зиёд таваҷҷӯҳ доранд, бояд журналистҳо дар ин маконҳо аз имкониятҳои ҳуқуқии бештар бархӯрдор бошанд. Аммо, мутассифона, ин қонун метавонад, монеи ҳузури хабарнигорон дар мавзеи амалиёти низомӣ ва ё офати табиӣ шавад. Ман намефаҳмам, ки бо ин тағйирот мақоми қонунгузори мо чӣ мехоҳад?»

Ҷаноби Шарифзода афзуд, пеш аз ворид кардани ин гуна тағйирҳо вакилони порлумон бояд ақаллан мухолифат доштан ва ё надоштани бандҳои нави ин қонунро бо қонунҳои дигари Тоҷикистон месанҷиданд ва баъд қабул мекарданд.

Зимнан вакилони кумитаи зидахли Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сӯҳбатҳои алоҳида ба «Озодӣ» гуфтанд, тағйири мазкур аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон вориди порлумон ва бидуни баҳс ё суолуҷавоби зиёд пазируфта шуд.

Дар ҳамин ҳол, хабарнигорони тоҷик мегӯянд, хомуш шудани ҳамагуна иртиботот ба маконе, ки дар онҷо вазъи фавқулода эълон шудааст, дастрасиро ба маълумоти дуруст душвор мекунад. Дар натиҷа хабарнигорон дар такя ба сарчашмаҳои дуввуму сеюм ахбор пахш мекунанд, ки на ҳама вақт саҳеҳ аст.

Ҳумайрои Бахтиёр

Ҳумайрои Бахтиёр

Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Озодагон», ки ҳам ҳодисаҳои Рашт ва ҳам Хоруғро бозтоб додааст, мегӯяд, сарчашмаи асосии иттилои саҳеҳ барои расонаҳои мустақил дар маҳалли низоъ ва ё офати табиӣ худи шаҳрвандони оддӣ ҳастанд: «аммо бо қатъ шудани алоқаи мобилӣ ва интернет хабарнигорон ҳамин сарчашмаашонро низ даст медиҳанд. Дар ин гуна ҳолатҳо ниҳодҳои қудратӣ бо расонаҳои мустақил ҳамкорӣ намекунанд ва ҳаддалимкон мекушанд, иттилоъро пӯшида нигоҳ доранд. Ҳатто дар бархе аз мавридҳо бо баҳонаи сирри давлатӣ аз додани иттилоъ худдорӣ мекунанд.»

Ҷонибдорони Қонуни низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода мегӯянд, тағйирот дар ин қонун танҳо ба хотири нигоҳдории субот ва амният дар кишвар қабул шудааст. Ба таъкиди эшон, бандҳои нави қонун ба мақомоти қудратӣ имкон медиҳад, то зудтар вазъи фавқулодаи ба амал омадаро рафъ кунанд. Аммо эҳтимоли ин ҳам вуҷуд дорад, ки камбуди маълумоти дасти аввал боиси овозаҳое шавад, ки суботу амниятро зери хатари бештар гузорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG