Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаи нави нирӯи барқ, вале бидуни Узбакистон


Дар Осиёи Миёна масъалаи таъсиси иттиҳоди энержӣ ба миён омадааст, ки зоҳиран Узбакистон аз он дар канор мемонад.

Масъалаи таъсиси иттиҳоди энержӣ миёни Қирғизистону Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки ахиран дар Осиёи Миёна матраҳ мешавад, то чӣ андоза метавонад ба ҳақиқат наздик бошад?

Эътилофи энержӣ бе Узбакистон

Тавре як масъули ширкати "Барқи Тоҷик" ба расонаҳо гуфтааст, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон тасмим доранд Иттиҳоди ягонаи энержӣ таъсис диҳанд. Ба гуфтаи бархе манобеъ, ба иҷрои ин тарҳ Маскав таваҷҷӯҳи бештар дорад. Русия мехоҳад бо ин тарҳ Тошкандро "ҷазо" диҳад, ки ба лоиҳаҳояш шомил намешавад.

Директори ширкати «Шабакаи миллии барқи Қирғизистон» Мададбек Ойқулов гуфтааст, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон аз бо ҳам ҳамкории энержӣ доранд ва бо ҳам бо хатҳои барқ пайвастанд: "Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамкориҳои энергетикӣ доранд. Аммо андешаи ҷудо кардани Узбакистон аз шабакаи нави ягонаи энержии Осиёи Миёна вуҷуд надорад. Ман ин гуна иттилоъ надорам. Ин масъала ҳатто матраҳ нашудааст."

Ба гуфтаи таҳлилгарон, масъалаи таъсиси иттиҳоди ягонаи энержӣ аз соли гузашта матраҳ аст. Дар ин лоиҳа бори асосӣ болои шабакаи хатти барқи «Датка - Кемин» ва «Хуҷанд – Ойгултош» хоҳад уфтод.

Таваҷҷӯҳи Чину Русия

Бозорбой Мамбетов, собиқ муовини сарвазири Қирғизистон гуфтааст, ба таъсиси иттиҳоди нави энержӣ Қазоқистон таваҷҷӯҳи бештар дорад: «Дар атрофи шаҳри Алма-Ато зерсохторҳои зиёде бунёд шудааст, ки истифодаи барқи бештарро талаб мекунад. Ҳоло дар он ҷо камбуди барқ ба миён омадааст. Дувум, дар ҳоле ки мо барқро 2,8 сент мефурӯшем, дар Алма-Ато мардум ба 6 сент барқ мехаранд ва ин барои Қазоқистон арзон хоҳад шуд."

Бозорбой Мамбетов қайд кардааст, ки Узбакистон алакай барвақт шабакаи энержии худро сохтааст, вале Тошканд гоҳе ба барқи Қирғизистон низ эҳтиёҷ дорад.

Расул Умбеталиев, таҳлилгари масоили энержии Қирғизистон мегӯяд, ки сохтани Иттиҳоди энержӣ миёни се кишвар Русияву Чин таваҷҷӯҳ доранд: «Ҳоло сухан атрофии Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Чин меравад. Чунки дар фаслҳои зимистону тобистон бархе аз кишварҳо кам ва бархе зиёд барқро истифода мекунанд ва таъсиси иттиҳоди энержӣ ҳам дуруст аст. Ҳарчанд, ки инро метавон баъди сохтани тарҳи хатти барқи «Датка – Кемин» баҳо дод.»

Ба гуфтаи коршиносон, иҷрои ин тарҳ бунёди хатти баландшиддати барқи 500-киловата миёни Тоҷикистону Қирғизистон лозим аст, ки ин ҳам маблағи зиёдро талаб мекунад.

XS
SM
MD
LG