Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1,9 миллиард квт барқ ба Афғонистон!


Тоҷикистон мехоҳад ба хотири коҳиш додани талафоташ аз исрофи беҳудаи об содироти барқ ба Афғонистонро имсол қариб 3 маротиба биафзояд.

Хабаргузориҳо аз қавли манобеъи худ дар ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” хабар доданд, ки ин ширкат қасд дорад, имсол дар мавсими гармо ба ин кишвари ҳамсоя бо нархи 3,4 сенти амрикоӣ барои ҳар киловатт 1,9 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ бифурӯшад. Манобеъи “Авесто” гуфтаанд, музокироти муқаддамотӣ дар мавриди чунин афзоиши содироти барқ бда Афғонистон ҳафтаи гузашта ҳосил шуда, қарор аст, ҳаҷми интиқоли барқ ба Афғонистон аз миёнаи моҳи апрел боло бурда шавад.

Мақомоти “Барқи Тоҷик” ба CA-News гуфтаанд, ба кор даромадани хатти 220-киловаттии Сангтӯда-1-Пулихумрӣ ва қарордоди басташуда бо ширкати қазоқистонии “ГЭС-Энерго Алматӣ” имкон дод, ки Тоҷикистон соли гузашта содироти нирӯи барқшро 2,5 маротиба афзуда, ба 666,7 миллион киловатт-соат бирасонад ва аз ин ҳисоб 21,1 миллион доллар ба даст биорад. Гуфта мешавад, 90 дарсад аз ин барқи содиротӣ маҳз ба Афғонистон рафтааст.

Ба хотири пешгирӣ аз исрофи об ва натанҳо об...

Масъулони соҳаи энержии Тоҷикистон мегӯянд, афзоиши содироти нирӯи барқ дар мавсими гармо, ки кишвар маъмулан на бо камбуди барқ, балки бо тавлиди беш аз ҳаддаш дучор мешавад, танҳо василаи гирифтани пеши роҳи исрофи беҳудаи оби обанборҳост. Бино ба ҳисобҳо, дар мавсими баҳору тобистони соли гузашта аз обанборҳои нирӯгоҳҳои воқеъ дар рӯдхонаи Вахш ва аз обанбори Қайроқум дар шимоли Тоҷикистон он қадар обе беҳуда рафтааст, ки барои тавлиди беш аз 6 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ, яъне ду маротиба бештар аз ҳаҷми барқе, ки худи Тоҷикистон дар фасли сармо ниёз дорад, кифоят мекард.

Аммо Тоҷикистон дар фасли гармо барои чунин миқдори бузурги барқ ҳанӯз харидор надорад, вагарна аз ҳисоби фурӯхтани ин 6 миллиард киловатт метавонист қариб 200 миллион доллар ба даст биорад. Хуруҷи Узбакистон аз шабакаи воҳиди нирӯи барқи Осиёи Марказӣ дар поёни соли 2009 имконоти Тоҷикистон дар мавриди ба Қазоқистон ё ҳатто қисмати сибирии Русия фурӯхтани нирӯи барқи изофиеро, ки дар мавсими гармо тавлид мекунад, башиддат маҳдуд кард.

Душанбе дуруст қабл аз хуруҷи Тошканд аз ин шабака бо раҳбари вақти ширкати ЕЭС-и Русия ҷиҳати ба қисмати сибирии Русия фурӯхтани барқи тавлидотии нирӯгоҳи Сангтӯда-1 тавофуқ карда буд, вале иҷрои ин қарордод дар ҳаво муаллақ монд. Душанбе ҳамин тавр, дигар натавонист бо кишварҳои дигари минтақа ба табодули нирӯи барқ ноил шавад ва анъанаи роиҷи додани барқ дар мавсими гармо ва гирифтанаш дар зимистон, ки азоби бебарқиҳои фасли сарморо барои Тоҷикистон осонтар мекард, аз байн рафт.

Тошканд чӣ мегӯяд?


Имсол Тоҷикистон барои бори аввал аз замони канда шудани шабакаи нирӯи барқаш аз шабакаи ягонаи пасошӯравӣ алакай аз 8 март лимити барқро комилан аз байн бурд. Ва инак, низ барои бори аввал аз замони канда шуданаш аз он шабакаи воҳид ба содироти чунин миқдори бузурги нирӯи барқ, яъне 1,9 миллиард киловатт-соат ба Афғонистон азм мекунад.

Ин тавофуқ, агар ба иҷро бирасад, умедвориҳо барои ҳатман бозори фурӯш пайдо кардани тавлидоти ояндаи нирӯгоҳи Роғунро бештар мекунад ва, ба назари иқтисоддонҳо, метавонад як қартаи хуби мақомоти тоҷик дар роҳи ҷалби сармоягузорони хориҷиву дохилӣ ба ин тарҳи “ё ҳаёт, ё мамот”-и Душанбе шавад. Дар баробари мухолифатҳои Тошканд, ҳамин нигаронӣ аз набуди бозори фурӯш як мониаи асосии дигар дар роҳи ҷалби сармоя ба Роғун шудааст.

Аммо ду сол пеш низ Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши бакарати содироти нирӯи барқаш бо мақомоти Афғонистон тавофуқ карда буд. Вале ба дунбол, Узбакистон ба онҷониб барқашро бо нархи хеле арзонтар пешниҳод кард ва Кобул ба ҳамкорӣ бо Тошканд бартарӣ дод. Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, баъид нест, агар Тошканд инбор низ барои задани ин қарордоди муҳим аз дасти Душанбе иқдом кунад, зеро ин набард на барои фурӯхтани 1 ё 2 миллиард киловатт нирӯи барқ, балки барои ба дасти худ овардани назорати ин бозор дар як паҳнои бузурги ташнаи барқ аст, ки аз рӯди Омӯ то соҳилҳои уқёнуси Ҳинд доман густурдааст.
XS
SM
MD
LG