Пайвандҳои дастрасӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, барои баргузории интихоботҳо мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, дар кишвар низоми нав фаъол мегардад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ният дорад, Феҳрасти ягона ва марказонидашудаи интихобкунандагони кишварро таҳия кунад, ки ба гуфтаи ин ниҳод, барои беҳбуди маъракаҳои сиёсии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Абдураҳмон Додобоев, сардори дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, рӯзи сешанбе, 4-уми декбр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои тартиб додани феҳрасти ягонаи раъйдиҳандагони Тоҷикистон, коршиносони байналмилалӣ, аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ҷалб шудаанд.

Ҷаноби Додобоев мефзояд, ки баъди амалишавии низоми нав, дигар ҳоҷат намемонад, то намояндагони мақомоти маҳаллӣ хона ба хона гарданду барои муайян намудани интихобкунандагон шиноснома пурсанд.

Ному насаб, ҷои зист ва синну соли афроди қобили раъйи кишвар тибқи ин низом дар компютерҳо ҷой дода мешавад ва ба ҳангоми 18-солагӣ, шаҳрванд ба рӯйхати интихобкунандагон ворид мешавад. Дар сурати фавт номи шаҳрванд аз феҳраст бардошта мешавад.

Додобоев, мегӯяд, низоми нав имкон дорад, то интихоботи парлумонии оянда дар соли 2015, фаъол гардад. Дар Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, моҳи ноябри соли оянда ва интихоботи парлумонӣ, моҳи феврали соли 2015 баргузор хоҳад шуд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурстии Тоҷикистон мегӯяд, ки низоми нави ба рӯйхатгириии сокинон кишвар имкон медиҳад, ки интихоботҳо дар Тоҷикистон мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG