Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зодрӯзи бӯҳронӣ. Нигоҳе ба оғози кори Иттиҳоди Авруосиё


Сар аз 2-юми январ, бо ҳамроҳ шудани Арманистон ба он Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ки як рӯз пеш оғоз ба кор кард, густариш ёфт. Аммо аз ҳоло ин эътилоф заъфҳои азими худро ба намоиш гузоштааст.

Якуми январи соли 2015 оғози умри ИИА -- Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёст, ки Русия, Беларус ва Қазоқистон таъсис доданд ва дуюми январ рӯзи вуруди Арманистон ба ин эътилоф. Муассисони он мегӯянд, ИИА як созмоне шабеҳи Иттиҳоди Аврупо хоҳад буд, ки бозори ягона, шӯро, додгоҳ, бонки рушди худро хоҳад дошт. Муҳимтарин шиори он, тавре ки президенти Русия Владимир Путин онро эълом дошта буд, “ҳаракати озодонаи амвол ва шаҳрвандон дар дохили ин иттиҳод” хоҳад буд. Путин ҳатто дар фикри порлумони ягонаи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёст – навъе аз такрори Порлумони Аврупо. Вале, ба ақидаи Майк Бурд, таҳлилгари “Business Insider”, ягон далели қотеъ дар миён нест, ки бар пояи он аз муваффақияти ин тарҳ сухан равад.

“Эътилофи фавқулода нобаробар”, -- мегӯяд Бурд, аз ҳоло, аз оғози роҳ, сустиҳои зиёде дорад. Аҳолии Русия чаҳор баробари аҳолии ҳамаи аъзои он аст ва он бахши аъзами маҳсулоти нохолиси миллии ин қаламравро тавлид мекунад. Ин ҳам дар ҳоле ки иқтисоди Русия бо мусибат рӯ ба рӯст. Нархи нафти поён меравад ва рубл дар баробари доллар дар як сол 40 дарсади қурбашро бохтааст. Зери бори таҳримҳои Ғарб, ба гуфтаи вазири молияи худи Русия маҳсулоти нохолиси миллии ин кишвар дар соли 2015 4% коҳиш хоҳад ёфт.

Вале оё аъзои дигари Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё дасти кӯмак дароз карда метавонанд. Посух ба ин пурсиш, аз нигоҳи Майк Бурд манфист.

Қазоқистон аз бӯҳрони Русия эмин нест. Пули миллии он дар нимаи дувуми сол назар ба нимаи аввал 50 дарсад нисбати рубл гаронтар аст. Ин ҳолат воридоти молро ба Русия барои ширкатҳои қазоқӣ мушкилтар мекунад, ҳарчанд ба навиштаи “Moscow Times”, ин вазъ то андозае ҳимояти сармоягузоронеро ба миён меорад, ки бо вуҷуди нигаронияшон аз таҳримҳои Русия, ҳамоно мехоҳанд, ҳузури худро дар минтақа ҳифз кунанд.

Дар ҳар сурат иқтисоди Қазоқистон аз бисёр ҷиҳат ҳоли беҳтаре дорад. Шояд ба ин сабаб раҳбари дерсолаи худкома -- Нурсултон Назарбоев хоҳиши зиёд надорад, ки даступои иқтисоди кишвари худро бо ресмонҳои Маскав бандад. Аслан, маҳз ӯ муаллифи идеяи Иттиҳоди Авруосиёст, вале ба навиштаи “Financial Times”, ҳоло зиёд ба ин ақида нест ва мегӯяд, ҳар кишвар, агар аз вазъи иттиҳод розӣ набуд, метавонад, онро тарк кунад. Гузашта аз ин,ба навиштаи маҷаллаи “Foreign Policy”, узвият дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё аллакай иқтисоди Қазоқистонро заъиф кардааст. “Акнун ақибнишинӣ хеле дер аст, вале ҷое барои ҳайрат нест, ки чаро Остона барои қадамҳои ҷиддитаре шитоб намекунад.”

Иқтисоди Беларус низ зиёд доғ ба назар намерасад. Рӯзи 21-уми декабр, раисиҷумҳури ин кишвар Аляксандр Лукашенко, ки низ мисли Назарбоев, даҳсолаҳост, ки дар сари қудрат аст, сарвазир ва раиси бонки миллии кишвари худро аз кор ронд. Беларус ба гунаи фавқулода вобастаи Маскав аст ва бештар аз ҳар кишвари дигар аз фурӯ рафтани қурби рубл осеб мебинад. Ба мисли Русия дар ин ҷо низ дар назди саррофиҳо навбатҳои дарозе ба вуҷуд омад ва мизони баҳраҳои бонкӣ ба маротиб боло рафт.

Бе бӯҳрони зудрас ҳам чандон ба назар намерасад, ки Лукашенко дар ояндаи наздик ба иқтисоди пурҷӯшу хурӯше раҳбарӣ хоҳад кард. Васвасаи ошкоро ва дилбастагии хос ба кишоварзӣ ӯро ба нақшаи бозгардони кишвар ба навъе аз бардагӣ раҳнамун хоҳад кард.

Кӯтоҳи сухан, иқтисоди ҳамаи панҷ кишваре, ки дар соли 2015 узви иттиҳод хоҳанд буд, рӯ ба рукуд дорад. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, сеяки маҳсулоти нохолиси миллии Қирғизистонро пуле ташкил медиҳад, ки муҳоҷирони ин кишвар аз Русия мефиристанд. Биноан, пасрафт дар Русия ба Қирғизистон низ таъсир хоҳад дошт. Агар айни ҳолат бо Беларус низ иттифоқ афтад, аксари аъзои иттиҳоди нав аз аввали имсол дар ҳоли пасрафт қарор хоҳанд гирифт.

Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё мегӯяд, дарҳои он барои аъзои нав бозанд ва зиёда аз 30 кишвар ва минтақа дархости узвият дар ин иттиҳодро кардаанд. Вале навбати бузурге дар назди дарҳои иттиҳод ба назар намерасад. Дар ҳоле ки мансабдорони Русия аз эҳтимоли узвияти зудраси Тоҷикистон ва ҳатто Ӯзбакистон ҳарф мезананд, аввалӣ гуфтааст, бояд ҳамаи тарафҳои мусбат ва манфии ин узвиятро озмояд ва дувумӣ қотеона посухи рад додааст.

Бо вуҷуди он ки иттиҳоди нав дар шароити душвори иқтисодӣ ва молиявӣ оғоз ба кор кардааст, сарони он изҳори умедворӣ мекунанд, ки қадам ба қадам ин эътилофи таърихӣ сохта хоҳад шуд. Узви Шӯрои сиёсати иқтисодӣ ва молиявии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Темур Сулаймонов дар гуфтугӯ бо "Российская газета" гуфтааст, бояд дар назар дошт, ки раванди ҳамгироӣ танҳо барои имсол ё соли оянда набуда, метавонад, даҳсолаҳо идома кунад.

XS
SM
MD
LG