Пайвандҳои дастрасӣ

Барои имомхатибон либоси ягона медӯзанд (ВИДЕО)


Либоси ягонаи интихобшуда барои имомхатибони Тоҷикистон.

Либоси ягонаи интихобшуда барои имомхатибони Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон барои кормандони масоҷиди расмӣ либоси ягона медӯзанд. Ба хабарнигори Озодӣ муяссар шуд, ки акси ин либоси ягонаро ба даст биорад.

Куртаи пастгиребон, яктаҳи дароз ва сари остинҳояшу ду бараш нақшдӯзишуда дар тан ва ҳатман салла бар сар – либоси ягонаи имомхатибони Тоҷикистон бояд ба анъанаҳои миллӣ ва мазҳабӣ ҷавобгӯ буда, ҳамзамон шинам ва зебо бошад.

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ рӯзи 14-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ояндаи наздик имомхатибон соҳиби либоси ягона мешаванд. Ӯ гуфт, ки "ороиши ё дизайни либос интихоб шуд ва ҳоло дӯхтани он идома дорад ва ояндаи наздик имохатибон соҳиби либоси ягона мешаванд." Ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, дар бархе аз кишварҳо имохатибон либоси ягонаи худро доранд ва имомхатибони тоҷик, ки шахсиятҳои рӯҳонии Тоҷикистон ҳастанд, бояд дорои либоси ягона бошанд.


Кумитаи дин ва маркази исломии Тоҷикистон ахиран тарҳи ин либосро интихоб карданд ва раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Сайидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 14 январ дар шарҳи ин тасмим гуфт: «Ин либос ранги кабуди осмонӣ дорад ва куртааш бе ёқа аст. Атрофи курта бо сари остин нақши миллии классикӣ дорад. Дар баробари ин либос имомхатибон ва сархатибон ҳатман ба сар салла хоҳанд гузошт.»


Ин муди либос барои имохатибон аз миёни 5 тарҳ, ки ҳамагиаш аз ҷониби тарроҳ Мукарамма Қаюмова пешниҳод шуда буд, интихоб гардидааст. Ин тарҳ барои дӯхтан ба якчанд корхонаи дӯзандагӣ, аз ҷумла Ёқут- 2000 пешниҳод шуд, аммо бинобар мураккаб будани нақшу нигори курта таҳияи онро корхонаи дӯзандагии «Саидҷон» бар ӯҳда гирифтааст.

Дӯхти либосҳо бо гирифтани андозаи имомхатибону сархатибон ҳафтаи пеш оғоз ёфтааст. Нархномаи либоси ягона барои имомхатибон ҳанӯз таъйин нашудааст ва дар ин масъала гуфтушунид миёни Маркази исломии Тоҷикистон ва ширкати дӯзандагӣ идома дорад.

Вале ба гуфтаи Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, 30 дарсади ин маблағро Кумитаи дин ва боқимондаро ё Маркази исломӣ ва ё худи имомхатибон хоҳанд дод. Ҷаноби Ғиёсов мегӯяд, «то он замоне, ки нархи либос муайян нашавад, дар мавриди чи миқдор ҷудо шудани маблағ сухан гуфтан душвор аст. Ин либос аз шим,курта ва ҷелак иборат аст ва имкон дорад, ки то ягон ним моҳи дигар пешниҳод шавад.»

Ҷумъахон Ғиёсов афзуд, дар марҳилаи якум дӯхтани либоси ягона барои 426 имомхатиб фармоиш дода шудааст. Феълан дар Тоҷикистон 4 063 масҷид фаъолият мекунанд, ки ҳар кадоме имомхатиб, сархатиб, муовин ва муаззин дорад.

Либоси ягонаи рӯҳониёни тоҷик дар мулоқот бо президент

Либоси ягонаи рӯҳониёни тоҷик дар мулоқот бо президент

Бояд гуфт, нахустин бор имомхатибони Тоҷикистон бо супориши Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон тобистони соли гузашта дар мулоқот бо президент навъе аз либоси ягонаро ба бар карданд. Он замон корхонаи дӯзандагии "Ёқут-2000" барои беш аз 200 тан аз имомхатибон аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон дар муддати ду рӯз чунин либоси ягонаро омода намуд. Ва ҳамон вақт андешае ба миён омад, ки тамоми имомхатибон бояд чунин як либоси ягона дошта бошанд.


Маош ё "дастгирии молиявӣ"?

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ мегӯяд, пуле, ки ба имомхатибон дода мешавад, на маош, балки дастгирии молиии онҳост. Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ рӯзи 14-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин дастгирии молиявӣ дар чорчӯби қарордод миёни имомхатибон ва сохтор баста мешавад.

Дар ҳамин ҳол Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гуфт, ки маош барои раиси Шӯрои уламо 2 ҳазор сомонӣ, барои сархатибони шаҳру ноҳия 1, 5 ҳазор сомонӣ ва барои имомхатибон 800 сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Вай гуфт, ки ҷудо кардани маош дархост ва пешниҳоди Шӯрои уламои дин ва имомхатибон буд, ки аз ҷониби раиси ҷумҳур ва ҳукумат дастгирӣ пайдо кард ва дар маҷмӯъ беш аз 300 нафар дар моҳи феврал маош хоҳанд гирифт.


"Намозгузории занон дар манзилашон беҳтар аст"

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон намозгузории занон дар манзилҳояшонро беҳтар медонад. Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар мавриди эҷоди маҳдудият барои намозгузории занон дар масҷид гуфт, ки "ҳеҷ гуна маҳдудият нест, аммо бо таваҷҷӯҳ ба набуди имконот дар масҷидҳо, беҳтар аст, ки занон дар хонаҳояшон намозро гузоранд."

Вай гуфт, ки дар масҷид имкони таҳорат ва намозгузорӣ барои занон нест ва барои ҳамин буд, ки соли 2005 чунин пешниҳоде сурат гирфт, ки занон дар хонаҳояшон намозро гузоранд. Аммо раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон гуфт, ки бо эҷоди шароит дар масҷидҳо, имкони гузоштани намоз барои занон фароҳам хоҳад шуд. Ҳамчунин вай дар посух ба суоли он, ки барои ҳиҷобпӯшии занону духтарон низ маҳдудият гузошта шудааст, афзуд, ки нисбати ҳиҷобпӯшии занону духтарон маҳдудияте нест.

Насби 365 камера дар масҷидҳо ва тақсими Қуръон дар зиндонҳо

Мақомоти Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 2013 дар садҳо масҷиду иттиҳодияҳои динӣ камераҳои назоратӣ насб шудааст. Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ гуфт, соли гузашта дар иттиҳодияҳои динӣ 365 адад камераи назоратӣ насб гардид. Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, зимни сӯҳбату мулоқотҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва зиндонҳо, беш аз 500 нусха Қуръони карим ва беш аз ҳазор адад адабиёти мазҳаби ҳанафӣ тақсим карда шуд.

Ҳамзамон раиси Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, гуфт, ки дар соли 2013 аз ҷониби комиссияҳои танзими ҷашну маросимҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 394 парванда дар мавриди нақзи қонуни танзим ҷиҳати чораандешӣ ба додгоҳ фиристода шуд. Ба гуфтаи Абдураҳим Холиқов, маблағи умумии ҷаримаҳо аз нақзи қонуни танзим беш аз 1,5 миллион сомониро ташкил дода ва дар маҷмӯъ 650 рейд дар заминаи риояти қонуни танзим гузаронида шудааст.

Ҷаноби Холиқов афзуд, ки дар натиҷа 60 мавриди нақзи қонун сабт шудааст. Тибқи ҳисоби Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ харҷи як маърака ба ҳисоби миёна дар ҳудуди кишвар ба 3342 сомонӣ рост омадааст. Дар соли 2013 аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон 24 475 хатнасур, 99 533 тӯи арӯсиву домодӣ, 18 604 маъракаи чил ва 15 841 маъракаи сол бо забҳи 14 965 сар чорвои хурд гузаронида шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG