Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси навбатӣ байни демократҳои "нав"-у “кӯҳна”-и Суғд


Бахши ҳизби демократи Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо пахши як изҳорот эълом дошт, ки аз сӯи Саидаъфар Исмонов, раиси ҳизби мазкур таъин шудани раиси нави бахши суғдии ин ҳизбро қабул надорад ва барои бекор кардани ин қарор талош хоҳад кард.

Равшан Аҳмадов, раиси бахши суғдии ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) рӯзи 24-уми феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки Шӯрои марказии ҲДТ моҳи декабри соли 2013 бо қароре “шӯрои сиёсӣ ва комиссияи назорати тафтишотӣ” – и созмони ин ҳизб дар вилояти Суғдро барҳам дод. Ҳамчунин Шӯрои марказӣ Абдуҷаббор Юлдошев, аз фаъолони ин ҳизбро раҳбари нави созмони ҳизби демократ дар вилояти Суғд баргузид. Иқдоме, ки ҳоло ба мухолифати раҳбари пешина ва ҷонибдоронаш дучор омадааст.

Ҷаноби Аҳмадов дар ин робита мегӯяд: “Шӯрои марказӣ тибқи оинномаи ҳизби демократ ҳуқуқ ва салоҳияти чунин иқдомро надошт. Чунки Абдуҷаббор Юлдошев моҳи октябри соли 2013 бо қарори шӯрои вилоятӣ аз сафи ҳизбамон хориҷ карда будем. Ба ин далел аксари аъзои Шӯро ва раисони бахшҳои суғдии ҳизби демократ, ки ин ҷо ҳузур доранд, тасмим гирифтем, созмони расмӣ дар вилояти Суғд, ки моҳи апрели соли гузашта дар конфаронси вилоятӣ интихоб шудааст, дар асоси талаботи оинномаи ҳизби демократӣ то соли 2018 пеш барад. Ҳамчунин Шӯрои сиёсии созмони мо пешниҳод мекунад моҳҳои наздик анҷумани ғайринавбатии ҳизби демократ даъват карда шавад.”

Бахши суғдии ҳизби демократ раиси нав таъин шудани Юлдошев ба созмони вилоятиро "тафриқаандозӣ байни аъзо ва фаъолони ин ҳизб" унвон кард.

Ҳамин тавр, ҳизби демократи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир, дар вилояти Суғд ду созмони вилоятӣ ва ду раҳбар дорад, ки намехоҳанд ҳамдигарро эътироф кунанд.

Абдуҷаббор Юлдошев, раиси нави бахши суғдии ҳизби мазкур ба навбати худ даъвои ҷаноби Аҳмадовро бепоя медонад. Вай дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки вай аз сӯи Шӯрои марказии ҳизбаш дар моҳи декабри соли гузашта танҳо раиси кумитаи тадорукот таъин шуда, сипас дар конфаронси вилоятӣ раиси бахш баргузида шуд. Яъне расидани вай ба курсии раҳбарии бахши вилояти суғдӣ мутобиқ ба оинномаи ҳизбаш сурат гирифтааст.

Ҷаноби Юлдошев мегӯяд: “Мақсади Аҳмадов аз ин эътироз ҷудоиандозӣ байни аъзои ҳизбамон аст. Аслан, вай қаблан замони интихоботи президентӣ ҳам номзади ҳизби демократиро дастгирӣ накарда буд. Акнун низ аз иҷрои қарори Шӯро сарпечӣ мекунад. Бинобар ин мо дар конфаронси ҳизбӣ тасмим гирифтем, кадом созмонҳои ибтидоие, ки чунин шахсонро ба сафамон ҳамроҳ мекунад, ба қайд намегирем.”

Ба гуфтаи раҳбари нави демократҳои Суғд, ихтилоф байни роҳбари пештара – Аҳмадов бо раҳбарони кунуни ҳизби демократ замони интихоботи раисҷумҳурии моҳи ноябри соли гузштаи 2013 дар Тоҷикистон амиқ рафт. Он замон Аҳмадов аз номзади ҳизби демократ - Саидҷаъфар Исмонов - дастгирӣ накард ва ба ҷонибдорӣ аз раисҷумҳури кунунӣ даъват кардааст.

Сӯҳробҷон Рустамов, намоянда аз шуъбаи робита бо ҷомеа ва ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ё ба истилоҳ шуъбаи идеологии ҳукумати вилояти Суғд, аз ширкаткунандаҳои ин нишаст гуфт, раҳбарияти ҳизби демократи Тоҷикистон дар мавриди раҳбари нави созмони ҳизбаш дар ин минтақа мақомоти Суғдро расман дар ҷараён гузоштааст.

Вале оё ин баҳсу талошҳои дохилиҳизбии демократҳо аз суи мақомот ба хотири тамоман аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани ҳизби демократӣ ва бо мушкилоти худ машғул доштани онҳо барангехта нашудааст? Дар посух ба ин саволи умдаи рӯзноманигорон иштирокдори нишаст чунин эҳтимолро рад карданд.

Равшан Аҳмадов, раҳбари “кӯҳна” – и бахши суғдии ҳизби демократ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳизбаш дар ин минтақа 6 созмони шаҳриву ноҳиявӣ ва ҳудуди 300 узви воқеӣ дорад.

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Юлдошев, шумораи демократҳои Суғд беш аз 800 нафар аст, ки аз онҳо ҷонибдорӣ мекунанд.

Вале нақши аъзои суғдии ин ҳизб дар маъракаи интихоботи ахири раисумҳурӣ камранг ба назар мерасид, то ҷое ки номзадаш дар ин минтақа ситоди интихоботӣ надошт.
XS
SM
MD
LG