Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 30-уми декабр баргузор гардид, муовинони як қатор вазорату идораҳои давлатиро таъйин кардааанд.

Аз дафтари матбуотии президент рӯзи 31-уми декабр хабар доданд, ки дар маҷлиси ҳукумат масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, зимни он муовинони аввал ва муовинони нави роҳбарони як қатор вазорату идораҳо таъин карда шуданд.

Аз ҷумла Лола Бобоҳоҷиева ва Соҳибназар Раҳмонов, муовинони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шералӣ Ганҷалов ва Шамсмуҳаммад Назриев - муовинони вазири нақлиёт, Ҳайдар Холов ва Акрам Рӯзиев - муовинони вазири саноат ва технологияҳои нав, ва Тоҷиннисо Маҳмадова, ки қаблан дар ҳамин вазифа буд, дубора муовини вазири маориф ва илм таъйин шуд.

Ҳамчунин Фатҳиддин Исмонов муовини вазири маориф ва илм, Заробиддин Файзуллоев - муовини вазири энергетика ва захираҳои об, Мунавара Исмоилова, Шарофиддин Бобоназаров ва Нусратулло Нозанинов - муовинони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Ҷумъахон Ғиёсов - муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон, Мирзоҳисайн Султонов, Нуралӣ Саидов ва Зӯҳро Окимбекова - муовинони раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва чанде аз дигар муовинони роҳбарони кумитаву идораҳои давлатӣ таъйин шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG