Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини ду муовини нави Абдуфаттоҳи Ғоиб


Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

Иброҳим Нусратзода ва Давлатбек Хайрзода муовинони нави раиси Оҷонсии мубориза бо фасод таъин шуданд. Онҳо дар ин мақом ҷойгузини Раҷабалӣ Ширинов ва Миллопар Бандишозода гардиданд.

Иброҳим Нусратзода ва Давлатбек Хайрзода ба ҳайси муовинони нави Абдуфаттоҳи Ғоиб -- раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъин гардидаанд. Ин фармонро рӯзи 6 март Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имзо кардааст.

Баъд як рӯзи ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки 17 феврали соли ҷорӣ баргузор ва мавзӯи аслияш мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ буд, якбора муовини аввал ва ду муовини дигари раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз мақомҳояшон барканор гардиданд.

Ҳоло Тоҳир Ҷобирзода, собиқ муовини раиси оҷонсии зиддифасод, дар интихоботи парлумонии якуми март дар Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии ноҳияи Бохтар пирӯз шуда, ба парлумон роҳ ёфтааст. Номзадии ӯ аз тарафи вакилони анҷумани ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният тақрибан аз ҳамаи ниҳодҳои интизомии давлаташ танқид карда ва аз ҷумла дар пайи суханронии Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ҳушдор дода буд, вақте дар ҷиноятҳои коррупсионӣ кормандони худи Оҷонсӣ ба даст меафтанд, ин ниҳод барои кишвар чӣ зарурат дорад? Ӯ афзуд, "оҷонсиро худам таъсис додам ва барҳам медиҳам."

Президенти Тоҷикистон дар ин нишаст гуфт, кор ба ҷое кашида, ки ба кормандони оҷонсии зиддифасод ва додситониҳои навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз ҷамоатҳо талаби ҷудо кардани қитъаҳои заминро кардаанд ва ба ин далел 4 раиси ҷамоат аз дасти онҳо Тоҷикистонро тарк карда, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ба Русия фирор кардаанд. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони Оҷонсӣ ва додситониҳо даъват кард, ки боздошту ба маҳкама кашиданро кам кунанд ва “дар ҷои холӣ барои ҳукумат проблема насозанд.”

"Бояд нисбат ба санҷишгароне, ки баъд аз санҷиши онҳо ҳолатҳои камомад ва тасарруфи маблағ муайян карда мешаванд, чораҳои қатъӣ то ҳадди аз вазифа озод кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан андешида шавад. Ҳаминро дар қонун ҷорӣ мекунем. Як намояндаи сохтори назоратӣ тафтиш мекунад, ахборот медиҳад, ки Ҷаноби олӣ, ҳамааш дуруст. Баъди панҷ моҳ палатаи ҳисоб тафтиш мекунад, 10 миллион камомад. Чӣ аст? Рӯирост коррупсия, порагирӣ аст. Вай тафтишгар дар назди қонун ҳатман ҷавоб гӯяд. Дар сохтор аслан кор накунад,"-таъкид дошта буд раисиҷумҳур.

Дар 5 соли охир дар Тоҷикистон, бино ба омори расмӣ, аз сӯи тамоми мақомоти интизомии кишвар 11 741 ҷинояти коррупсионӣ сабт шуда, ба гуфтаи Абдуфаттоҳи Ғоиб, танҳо оҷонсии зиддифасод дар ин 5 сол зарари молиявӣ ба ҷайби давлат ба маблағи 1 миллиард сомониро ошкор ва 600 миллионашро барқарор кардааст.

Дар раддабандии ахири созмони “Transparency International”, ки вазъи фасод дар кишварҳои дунёро пайгирӣ мекунад, Тоҷикистон дар байни 175 кишвар дар мақоми 152-юм ҷой гирифтааст.

XS
SM
MD
LG