Пайвандҳои дастрасӣ

Ожонсии зидди фасод ҷузъиёти сирқат дар "Душанбе Плаза"-ро ошкор кард


Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон алайҳи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ҷурмҳои нав - "сирқати маблағҳои будҷа" ва "сохтакории ҳуҷҷатҳо" эълон кард.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон алайҳи соҳибкори шинохта Зайд Саидов, ки барои 26 сол маҳкум ба зиндон шудааст, расман иттиҳоми дигари "сирқати маблағҳои будҷа барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза”-ро эълон кардааст.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод рӯзи 2-уми июл бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муфаттишони ин ниҳод пас аз таҳқиқи тақрибан як моҳа бо анҷоми пурсиши шоҳидон ва хусусан Зайд Саидов айбномаи дигар дар мавриди сирқати маблағҳои будҷа барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” дар нисбати соҳибкори шинохта Зайд Саидов рӯзи сешанбе расман эълон карда шуд.

Оҷонсии зидди фасод Зайд Саидовро бо моддаҳои 245 қисми 4 «исрофкорӣ ва аз худ намудан ба миқдори махсусан калон» ва бо моддаи 340 қисми 2 -- «сохтакории ҳуҷҷатҳо бо истифода аз техникаи компютерӣ», айбдор медонад.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеъи Зайд Саидов низ мегӯяд алайҳи зерҳимояи онҳо айбномаи дигар ба таври расмӣ аз тарафи Оҷонсии зидди фасод эълон карда шуд. Ҷаноби Қудратов афзуд, аз ин айбнома ҳанӯз як моҳ қабл дар авохири моҳи май муфаттиши Оҷонсӣ онҳоро огоҳ намуда, бо қарори айбдоркунӣ шинос карда буд.

Дар ин қарор зикр шуда буд, ки Зайд Саидов ҳамчун “роҳбари ғайрирасмӣ”-и “Тоҷсохтмон-байналмилал” муаррифӣ шуда, ба сирқати маблағҳои будҷа ҳангоми сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” - бузургтарин бинои пойтахти Тоҷикистон - муттаҳам дониста мешавад.

Аммо ба гуфтаи вакили мудофеаш, Зайд Саидов ба ширкати “Тоҷсохтмон-байналмилал” ягон иртиботе надорад ва аз ҷумла аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибиро надошт.

Зайд Саидов рӯзи 19-уми майи соли 2013, баъди бозгашт аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе боздошт ва 25-уми декабри соли 2013 аз сӯи Додгоҳи олӣ бо ҷурмҳои сангине, чун бар асоси чаҳор банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - “таҷовуз ба номус”, “бисёрзанӣ”, “қаллобӣ” ва “ришваситонӣ” - ба 26 соли зиндон маҳкум кард. Ба дунбол, аз моҳи март ба ин тараф дастикам 6 корхонаву ширкати марбут ба Зайд Саидов ва наздикони ӯ ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG