Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон барои соҳибкорони зан озмуни "Беҳтарин тарҳи соҳибкорӣ"-ро оғоз кардаанд.

Муҳайёи Абдувалиро эълони озмуни Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Тоҷикистон дар бораи дастгирии беҳтарин тарҳи соҳибкорӣ барои бонувони ҷавон хеле шод кардааст.

Муҳайё 24 сол дорад ва дар ноҳияи Панҷ зиндагӣ мекунад. Вай дар cозмони ҷамъиятие ба ҳайси муҳосиб фаъолият дорад, аммо мехоҳад соҳиби кори худ бошад: «Идеяҳои бисёр дорам. Дар ноҳияи мо духтарон ба касбу кор ниёз доранд ва барои онҳо коргоҳ кушодан мумкин аст. Ман бештар ба навоварӣ таваҷҷуҳ дорам. Ҳоло дар дунё корҳои дӯзандагӣ ҳам ба воситаи компютер иҷро мешавад. Ман ҳам мехостам, чунин тарҳеро амалӣ кунам, ки кори занҳоро осон кунад.» Муҳайё мегӯяд, ки ҳоло дар паи он аст, ки лоиҳаеро омода созад ва ба ин озмун пешниҳод кунад.

Гулбаҳор Маҳкамова, раиси Анҷумани миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон гуфт, озмун моҳи сентябр оғоз шуд ва қабули лоиҳаҳо то якуми ноябр идома меёбад. То моҳи декабр лоиҳаҳо баҳогузорӣ мешаванд: «Аз миёни онҳо 50 нафар, ки лоиҳаҳои беҳтаринро пешниҳод мекунанд, интихоб мешаванд. Мо барои дастгирии онҳо грант ва қарзи имтиёзнок медиҳем. Маблағ вобаста ба тарҳҳои пешниҳодшуда дода мешавад ва ҳаҷми он то 35 ҳазор доллар аст.»

Хонум Маҳкамова ҳадафи баргузории озмунро тавсеаи имкониятҳои иқтисодии бонувони ҷавон тавассути дастгирии бизнес-ақидаҳои инноватсионӣ ва дастгирии соҳибкории нав арзёбӣ кард. Ӯ афзуд, онҳо мехоҳанд аз соҳибкории суннатии занон каме канор раванд. Ба андешаи ӯ, набояд занон танҳо бо таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ ё кошонаи ҳусн маҳдуд шаванд.

«Мо мехоҳем занҳо кори худро дар самти хидматрасонӣ, туризм, кори меҳмонхона, консалтинг ва технологияҳои гуногун ташкил кунанд. Аз онҳо идеяҳои тоза интизорем. Вале агар лоиҳаи хуби иҷтимоӣ бошад ва барои коҳиши бекорӣ кӯмак кунад, дастгирӣ мекунем», - гуфт ӯ. Ба гуфтаи хонум Маҳкамова занҳо бештар ба соҳибкории хурд рӯй меоранд, зеро барои ташкили соҳибкории бузург маблағ надоранд.

Вижагии ин озмун дар он аст, дар он танҳо бонувони аз 18 то 35-сола ширкат карда метавонанд. Ба онҳо дар бораи нозукиҳои соҳибкорӣ дарси омӯзишӣ мегузаранд ва дар анҷоми тренинг занҳо лоиҳаи худро муаррифӣ намуда, барои ҳимояи он талош мекунанд.


Аксари соҳибкорони зан дар Тоҷикистон бозорнишинанд

Аксари соҳибкорони зан дар Тоҷикистон бозорнишинанд

Аммо бонуи соҳибкор аз шаҳри Исфара Салима Исматова, ки соҳиби се коргоҳи хусусӣ аст ва соли гузашта дар озмуни занҳои соҳибкор «Фараҳ -2012» ширкат кардааст, мегӯяд, дар шароити Тоҷикистон ташкили кори хусусӣ барои бонувони 18-35-сола душвор хоҳад буд. «Барои соҳибкорӣ таҷриба лозим аст. Ман худам баъди 35-солагӣ ин корро сар кардам. Барои духтарон беҳтар аст, ки то 35-солагӣ дониш омӯзанд, оила барпо кунанд, таҷриба андӯзанд ва сипас ба соҳибкорӣ машғул шаванд. Беҳтар мебуд, ки синни иштироккунандагони озмунро то 50-сола муайян мекарданд.»

Аммо хонум Маҳкамова мегӯяд, ин иқдом бо дастгирии молиявии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалӣ мешавад ва маҳз Сафорати ИМА пешниҳод кард, ки соҳибкории бонувони ҷавон дастгирӣ ёбад.

Ин тарҳ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон ва ташкилоти қарзии хурди «Имон Интернешенл» рӯи кор омадааст. Дар назар аст, ки барои рушди малакаи ин соҳибкорони ҷавон давраҳои бозомӯзии онҳо дар Қазоқистон низ баргузор шавад.

Эълони озмуни "Беҳтарин лоиҳаи соҳибкорӣ миёни занону духтарон" дар ҳолест, ки соли гузашта Анҷумани миллии занони соҳибкори Тоҷикистон озмуни солонаи «Фараҳ-2012» -ро баргузор карда буд, ки ҳадафаш интихоби беҳтарин зани соҳибкори сол ва беҳтарин ибтикори тиҷории занон буд. Дар ин озмун 285 нафар ширкат доштанд ва аз ин миён ба даври дуввум танҳо 50 нафар роҳ ёфтанд. Ба ғолибони ин озмун маблағи 100 000 сомонӣ ҷоиза дода шуд.


Замира Қаҳҳорова

Замира Қаҳҳорова

Ҷои аввалро дар озмуни “Фараҳ-2012” Замира Қаҳҳорова ба даст оварда буд. Ин хонуми 53-сола ҳва соҳиби 5 фарзанд дар ҷамоати Шайдони ноҳияи Ашт як хоҷагии деҳқонии муваффақе дорад, ки бо парвариш, коркард ва содироти зардолуву настаран ба Русия машғул аст.

Кумитаи кор бо занон низ аз соли 2006 ба ин сӯ тарҳеро барои дастгирии бонувони соҳибкор амалӣ менамояд ва ҳоло ҳар сол як миллион сомонӣ барои татбиқи лоиҳаҳои чил зан ба маблағи аз 10 то 40 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Масъулони кумита мегӯянд, дар назар аст, ки аз соли оянда ҳукумат барои ин тарҳ маблағи бештар ҷудо кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG