Пайвандҳои дастрасӣ

Бештари сокинон аз сохтмони биноҳои нав дар пойтахти Тоҷикистон истиқбол мекунанд, вале мехоҳанд бовар намоянд, ки ин биноҳо тибқи меъёрҳо ва бе фиребгарӣ сохта шудаанд.

Ҳарчанд солҳои охир дар Душанбе биноҳои нави маъмуриву истиқоматии муосир бунёд шуда, зоҳиран шаҳрро тағйир додаанд, сокинон бештар ба ин суол посух меҷӯянд, ки то куҷо ин биноҳо ба меъёрҳои меъморӣ ҷавобгӯянд. Қобил Шехонов, сокини пойтахт, ки бештар аз 40 сол дар муассисаҳои гуногуни сохтмонӣ кор кардааст, бовар надорад, масолеҳи сохтмонӣ қабл аз истифода чун дар солҳои пеш дар лабораторияҳои махсус мавриди омӯзишу санҷиш қарор бигиранд ва меъёрҳо риоят шаванд.

“Масолеҳи сохтмониро бояд дар лаборатория санҷанд, масалан сементро. Маркаи онро бояд дақиқ кунанд, ки 200, 300 ё 400 аст. Ин корҳо дар амал риоят намешавад. Дар гузаштаҳо ин корро мекарданд”,-мегӯяд мусоҳиби мо. Ҷаноби Шехонов ба сифати корҳои анҷомшуда низ хушбин нест.

Аммо Бозхон Гиёев, раиси ширкати сохтмонии “Нана”, яке аз ширкатҳои аслии хонаҳои истиқоматӣ дар Душанбе ин суханонро рад мекунад ва мегӯяд, ҳатто аз рӯзҳои аввали таҳияи лоиҳа пажӯҳишгоҳи геологӣ таркиби хоки маҳалли сохтмонро месанҷад ва хулосаҳои худро дар бораи тобоварӣ пешниҳод менамояд, чӣ расад ба навъи семент, ки дар лабораторияҳои махсус аз санҷиш мегузарад. Бо назардошти ин пешниҳодҳо, ба гуфтаи ӯ, ширкатҳои сохтмонӣ ба корхонаҳои тавлиди семент чӣ дар дохил ва ё чӣ дар хориҷ фармоиш медиҳанд.

Тӯрабек Охунов, раиси феълии ширкати “Мовароуннаҳр”, низ мегӯяд, лоиҳаи бино ба шумули феҳристи навъҳои масолеҳи сохтмонии он ба кумисюнҳои мухталифи давлативу шаҳрдорӣ барои омӯзиш пешниҳод мешавад. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, муассисаҳои шаҳрдорӣ, кормандони бахши инспексия ё тафтиши сохтмон, институти лоиҳакашӣ дар марҳилаҳои муҳим корҳои сохтмониро бо назардошти меъёрҳои пешбинишуда ва лоиҳа тафтиш мекунанд. “Танҳо баъд аз чунин санҷишҳо барои оғози корҳои сохтмонӣ иҷоза дода мешавад. Баъд аз хатми корҳои сохтмонӣ низ ҳамин кумисюнҳо барои баҳрабардорӣ аз он иҷоза медиҳанд”,-гуфт Охунов.

Вале раиси ширкати сохтмонии “Нана” мушкилоти дигари марбут ба ғунҷоиш ва имконоти обу корези пойтахтро истисно намедонад. Вай бо назардошти афзоиши биноҳои баландошёнаи зист дар Душанбе мегӯяд: “Қубурҳое, ки дар давраи Шӯравӣ сохта шудааст, барои ҳамон давра пешбинӣ шуда буд. Дар ҷои хонаи дуошёна ё якошёна бинои баландошёна месозем ва ин қадар одам зиндагӣ мекунанд. Ба фикри ман, барои солҳои оянда ин фикрро ҳам кардан даркор аст, ки оё ин қубурҳо бардошти онро доранд ё надоранд. Ҳама медонанд, ки агар хонаҳо бисёр шаванд, қудрати онро надорад”.

Дар маркази шаҳр, дар ҷойҳое ин биноҳои нав қомат меафрозанд, ки масоҳат танҳо барои сохтмони хонаи зист кифоят мекунад ва барои мондани мошинҳои хусусии сокинони он ҷой вуҷуд надорад. Сокинон ночор мошинҳоро дар сари роҳҳо мегузоранд ва он ба рафту омад ва ҳаракати муназзами нақлиёт дар шаҳр халал мерасонад. Ҷаноби Гиёев мегӯяд: “Масалан, агар дар ин 12 ошёна 80 оила зиндагӣ кунад, ҳар кадоме аз ин оилаҳо ҳатто як мошинӣ ҳам дошта бошанд, ин сохтмонҳо ҷавобгӯи талабот намешаванд. Дар атрофи чунин биноҳо тақрибан барои 10 мошин ҷой мемонаду бас. Ин роҳи ҳалли масъала нест”.

Бо вуҷуди ин ки касе ҳозир нашуд сӯҳбат кунад, дар байни сокинони Душанбе ин сару садоҳо низ вуҷуд дорад, ки гоҳо ширкатҳои сохтмонӣ барои гузаштан аз ҳамаи ин санҷишҳо ва ё гирифтани ҷои сохтмон аз омили “ришва” сарфи назар намекунанд ва мумкин аст ҳамин ришвахорӣ боиси чашмпӯшӣ аз камбудҳо дар корҳои сохтмонӣ шавад. Лекин аксарият эътироф мекунанд, ки шаҳри Душанбе чун пойтахт солҳои охир симои худро беҳтару замонавӣ мекунад ва аз баҳри сохтмонҳои фарсуда, ба хусус дар хиёбонҳои марказӣ, мегузарад.

Дар ин чанд соли охир дар Душанбе “Кохи Наврӯз”, “Душанбе-Плаза”, бозори “Пойтахт-90”, “Шератон” ва як силсила биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ сохта шуданд, ки намои пойтахтро тағйир додаанд. “Кохи Наврӯз” дар канори кӯли “Ҷавонон”, ки дар оғоз онро чун чойхонаи миллӣ муаррифӣ мекарданд, бо унсурҳои меъмории худ дар Тоҷикистон камназир аст. Ин кох бар асоси лоиҳаи меъмори ҷавони тоҷик Самеъҷон Азизов сохта шудааст, вале дар сохтмони он ширкатҳои хориҷӣ низ чун дар биноҳои дигар саҳм доранд. Дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Айнӣ, Пушкин ва амсоли онҳо низ биноҳои зебо ва баландошёнаи иқоматӣ хиёбонҳоро пуршукӯҳ кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG