Пайвандҳои дастрасӣ

Ду ширкате, ки аз Фонд (Бунёд)-и захиравии раисиҷумҳури Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон барои харидани компютер ба мактабҳо пул дарёфт карда буданд, ба дуздии ин пулҳо айбдор шуданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон роҳбарони ду ширкатро бо ҷурми сирқати маблағҳои буҷа ба 10-солии зиндон маҳкум кард.

Аз дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Фирдавс Одинаев ва Баҳодур Шарифов - роҳбарони ширкатҳои “Зулола” ва “Анӯшервон” - ба ҷурми дуздии пули Фонди раисиҷумҳури Тоҷикистон муттҳам буданд ва 10 сол ҳукми зиндон гирифтанд.

Додгоҳи олӣ ин ду нафарро бо қисми чори моддаи 245 ва қисми сеи моддаи 294-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донистааст. Ин ду модда ба масъалаи “аз худкуниву исрофкорӣ” ва “фиреби истеъмолкунандагон” марбут аст.

Таъмини мактабҳо бар пояи“Барномаи компютеркунонии мактабҳои Тоҷикистон аз соли 2011−2020” ҷараён мегирад. Ҳазинаи иҷрои ин барнома умдатан аз Фонди захиравии раисҷумҳури Тоҷикистон пардохт мешавад.Ин ду ширкат ҳам дар пайи ғолиб шудан дар тендер мактабҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғдро бо беш аз 100 компютер таъмин намудаанд.

Як масъули шӯъбаи маориф дар ноҳияи Истравшан, ки нахост номаш бурда шавад дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хилофкориро тасдиқ кард ва гуфт, “мо ин компютерҳоро қабул кардем гуфта имзо кардем. Ҳамааш дар дохили қуттиҳо буд. Баъдтар бинем, даруни компютерҳо “пуч” баромад, протсессораш як қуттии холӣ будаасту бас.”

Аммо Сайфулло Раҳматов, муовини мудири маорифи Суғд дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин компютерҳо танҳо қуттии холӣ набуд, балки асбобоҳои дарунашон бо нишондодҳои ҳуҷҷатҳо дуруст набаромад. Ӯ гуфт,барои мисол, дар ҳуҷҷат хотираи оперативии компютер баланд нишон дода шудааст, аммо дар асл ин хел нест. Ё ин ки ягон таҷҳизоти дигараш моли ширкати “Самсунг” навишта шудааст, аммо дар асл аз он моли ширкатҳое буд, ки сифати баланд надоранд.

Хилофкориҳои ширкати “Зулола” ва “Анӯшервон” дар як санҷиши махсуси намояндагони Вазорати маориф, Додситонӣ ва Оҷонсии мубориза бо коррупсия ошкор шудааст. Парвандаи мазкурро Додситонии вилояти Суғд пеш бурда, баррасии онро ба Додгоҳи олии кишвар вогузор кард. Дар мурофиаи додгоҳӣ муаллимон ва ходимони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Ашт ва Истаравшан ширкат кардаанд.

Киромиддин Назаров, роҳбари Маркази технологияҳои информатсионии назди Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, хилофкориҳои ин ду ширкат қабл аз таъин шудани ӯ ба ин мақом сурат гирифтааст. “Имсол аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон 1563 компютер дар маҷмӯъ ба мактаҳои кишвар ҷудо карда шудаанд. Аз ҳамин танҳо 408 компютер ба мактабҳои вилояти Суғд дода шуд. Барои тафтиши сифати ин компютерҳо як комиссияи вижаи иборат аз намояндагони дастгоҳи иҷроияи президент, мақомоти қудратӣ ва маориф ташкил шуд. Дар рафти ин санҷиш ҳам боз камбудҳо ошкор шуданд,”- гуфт Киромиддин Назаров.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, камбудҳои ин бор ошкоршуда низ ба сохтори компютерҳо дахл доштаанд. “Масалан ширкати таъминкунандаи компютер дар ҳуҷҷат хотираи диски сахти компютерро 500 гигабайт нишон додааст, аммо дар мактабҳо ошкор шуд, ки дар асл он 250 гигабайт хотира дорад. Монанди ин чандин камбудҳои дигар низ ифшо шуданд ва ширкате, ки ин компютерҳоро оварда буд, муваззаф шуд ноқисиҳоро бартараф кунад,”- илова кард Киромиддин Назаров.

Барномаи компютеркунонии мактабҳо дар Тоҷикистон қариб пурра ба иҷро расидааст, аммо бинобар маҳдудияти интиқоли барқ дар шаш моҳи сарди сол ба манотиқи кившар хонандагон аз омӯзиши компютер маҳруманд. Дар мактабҳои Тоҷикистон омӯзиши компютер аз синфи 7 шурӯъ шуда, то синфи 11 идома мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG