Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Телевизиони СNТ барои Осиёи Марказӣ ба кор сар мекунад


Зафари Сӯфӣ

Зафари Сӯфӣ

Шабакаи нави телевизионии СNТ (Central Asian New TV -- Телевизиони нави Осиёи Марказӣ) дар Бишкек ба кор шурӯъ кард ва нахустин барномааш дар рӯзи озодии баён 3 май пахш хоҳад шуд.

Зафари Сӯфӣ – муассиси гурӯҳи расонаҳои "Озодагон" телевизиони моҳвораияшро бо номи СNТ (Central Asian New TV) ё Телевизиони нави Осиёи Марказӣ дар Бишкек фаъол кардааст, ки барномаҳояш танҳо бо Тоҷикистон хулоса намешавад. Оқои Сӯфӣ 27 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нахустин барномаҳои СNT ба забони тоҷикӣ ва русӣ 3 май аз тариқи моҳвораи Eutelsаt пахш хоҳад шуд.

Ин телевизион замоне сари кор меояд, ки тайи моҳҳои охир шабакае низ дар моҳвора ва интернет бо номи Телевизиони Осиёи Марказӣ - CATV барномаҳояшро бо забони русӣ ва тоҷикӣ пахш мекунад. То кунун муассисони ин шабака расман эълон нашудаанд, аммо баъзе аз манобеъ мегӯянд, маркази ин телевизион дар Маскав воқеъст. Дар айни интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2013 дар пойтахти Русия телевизиони "Сафо" низ ба фаъолият пардохта, аммо дер напоида буд.

Зафари Сӯфӣ мегӯяд, тарҳи CNT-ро ҳанӯз соли 2011 рехта ва онро дар ниҳодҳои расмии Қирғизистон ба қайд гирифта буд. Дар мавриди он ки сармоягузории ин тарҳ аз сӯи кист, оқои Сӯфӣ гуфт, "сармоягузори

Акси торнамои СNT

Акси торнамои СNT

ҳамаи тарҳҳое, ки дар фазои расонаӣ анҷом дода ва анҷом хоҳам дод, шахси банда будам ва ҳастам. Ман ба ҳеч ваҷҳ розӣ намешавам, ки бори миннати касеро бикашам, аз ин рӯ фақат ба сармояи худам кор мекунам."

Озодӣ: Оё сабтиноми телевизиони СNT дар Қирғизистон мушкил набуд?

Зафари Сӯфӣ: "Барои касе пӯшида нест, ки Қирғизистон як кишвари пешсаф дар пиёда кардани равандҳои мардумсолорӣ дар минтақа аст. Табиист, дар чунин кишваре монеаҳои ба ном қонунӣ ва бюрократӣ дар роҳи таъмини озодӣ ва фаъолият дар риштаҳои мухталиф дар ҳадди хеле поин аст. СNТ соли 2011 сабти ном шуда буд ва тайи ин муддат мо ба қавле кам-кам барои фаъолияташ омодагӣ гирифтем, яъне ҳам аз назари молӣ ва ҳам барномаҳо."

Озодӣ: Оё талош накардед, ин тарҳро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунед?

Зафари Сӯфӣ: "Ростӣ, на. Чун аз аввал СNТ-ро ба сифати як расонаи минтақаӣ мехостем. Тайи чанд соли ахир гуруҳу ниҳодҳое, ки таҳти пӯшиши минтақаӣ будан ошкору пинҳонӣ фаъолият доштанд ва доранд, хатарҳои зиёдеро барои минтақа ба бор оварданд. Ин гуруҳу ниҳодҳо бештар дар ҷомеа хушунат ва ваҳшатро густариш додаву медиҳанд. Инсонҳоро бо баҳонаҳои сохтае чун тааллуқоти нажодӣ ва мазҳабӣ ба ҳам муқобил мегузоранд ва тухми душманӣ мекоранд. Банда ҳамеша бар ин назар будам, ки бояд минбаре сохт, то инсонҳо аз дӯстӣ, рафоқат ва ҳамгароӣ сухан бигӯянд, ҳамдигарро бишнаванду бишносанд. Фурӯпошии Шӯравӣ ва неъмати бебаҳои истиқлолро нодуруст ташреҳ кардани бархе маҳофил ва шахсиятҳои сиёсӣ дар минтақа боиси аз ҳам то ҷое дур ва ҳатто бегона шудани мардуми минтақа гардид. Ин маҳофил ва шахсиятҳо аз заъфи худашон фикр карданду мекунанд, ки бо муқобили дигарон гузоштани мардум ва шиорҳои нажодгароёна мешавад ба ҳадаф расид. Аммо ба назари ин ҷониб фақат бо ҳамгароӣ ва дӯстӣ ва муҳаббат метавон ба ҳадафҳои бузург расид. Аз ин дидгоҳ бар ин бовар будаму ҳастам, ки Қирғизистон муносибтарин марказ барои фаъолияти мо дар ростои амалӣ кардани ҳикмати “мо барои васл кардан омадем” буду ҳаст. Яъне, бар ин боварем, ки дар Қирғизистон будани СNТ нисбат ба фаъолияташ дар кишварҳои дигари минтақа ҳассосиятро камтар хоҳад кард."

Озодӣ: Фикр мекунед, бароятон мушкил эҷод намешавад?

Зафари Сӯфӣ: "Чаро бояд мушкил эҷод шавад? Мо дунболи мушкил эҷод кардан набудем, нестем ва умедворем дигарон низ барои мо мушкил эҷод накунанд."

Озодӣ: Агар мавҷи ТВ-и шуморо бизананд, чӣ кор хоҳед кард?

Зафари Сӯфӣ: "Имрӯз задани мавҷи ТВ ё бастани ин ё он сайт ва ё расона роҳи ҳалли ҳеч мушкиле нест. Имкониятҳо ва фанноварии иттилоотӣ ба ҳадде пеш рафта ва фаровон аст, ки агар ин як каналро бастед, аз ҷои дигар сар дармеоранд. Манзур, роҳҳои расондани паём ва гуфтани ҳарф зиёд аст. Мо ҳеч коре хилофи қонун анҷом надодаву анҷом нахоҳем дод, ки касе ба дунболи ба истилоҳ задани мавҷи СNТ бошад. Агар мағзи бемори касе ва ё бар мабнои туҳматҳои бадхоҳони мо касе ба ин натиҷа расад, ки бояд монеи пахши барномаҳои СNТ шавад, зӯри беҳуда мезанад, зеро агар дар ин моҳвора мавҷро мезананд аз моҳвораи дигар пахш хоҳад шуд."

Озодӣ: Барномаҳоятон сиёсиянд, тиҷорӣ ё фарҳангӣ?

Зафари Сӯфӣ: "Барномаҳои СNT асосан хабарӣ ва фарҳангиву тафреҳӣ хоҳад буд. Арз кардам, мо омадаем то риштаҳоро ба ҳам васл кунем ва дар ростои ошноии мардуми минтақа аз муштаракоти фаровони фарҳангиву таърихии ҳамдигар хидмат кунем."

Озодӣ: Бисёриҳо шуморо ҳамчун "одами Эрон" мепиндоранд. Ин гумон то чӣ ҳад воқеист ва оё дасти Эрон дар ин тарҳ ҳаст?

Зафари Сӯфӣ: "Албатта бояд дид, ки чи касе моро “одам”-и Эрон мегӯяд ва ҳадафаш чист. Агар бадхоҳони мо чунин мегӯянд, ҳеч арзиши таваҷҷуҳ кардан надорад, зеро бадхоҳ асту бояд баҳонае барои бад кардани мо бибофад. Агар дӯстони мо мегӯянд, ҷои тааммул дорад, зеро ё мо натавонистаем дар интихоби дӯстон муваффақ бошем, ё дӯстон моро нашнохтаанд. Аммо агар дар маҷмуъ бигирем, мутаассифона, мо аз доираи танги тафаккури рустоӣ ҳеч намехоҳем берун биоем. Ҳамеша кӯшиши ба ин ё он кишвар вобаста кардани шахсиятҳо як вижагиямон шуда. Якеро одами Русия, дигариро одами Амрико, севумиро одами кадом кишвари Аврупо ва ё Чин ё кишвари дигар медонем. Баъзан ин гуна тӯҳматҳо аз ҷониби бархе ниҳодҳои ҳукумат ҳам пароканда мешавад. Дар сурате ки камтарин бознишастаҳои тоҷику тоҷикистонӣ дар Русия аз ҳисоби рӯшанфикрони тоҷик аст, ҳол он ки аксарияташон собиқ кормандони ниҳодҳои ҳукуматиянд. Ҳоло оё ҳамаи онҳо одамони Русияанд? Албатта, ҷои тааммул дорад. Вале дар мавриди муҳаббати инҷониб ба Эрон, ки шояд то ҷое боиси доман задан ба он овоза дар мавриди мо гашта. Барои ман ҳамон гуна, ки Душанбеву Хуҷанду Хатлону Бадахшон дӯстдоштаниянд, ба ҳамон андоза Самарқанду Бухоро, Кешу Фарғона азизу дӯстддоштанист ва ман ба ҳамин миқдор ошиқи Шерозу Исфаҳону Тӯсу Ҳамадон ва Балху Ҳироту Кобулам. Яъне, ҳар як гӯшаи сарзамини миллатамро самимонаву ошкоро дӯст медорам ва ин дидгоҳи ман ҳеч рабте ба ҷуғрофиёи сиёсии имрӯз ва низомҳои сиёсӣ надорад. Ман дар фазои фарҳангӣ зиндагӣ мекунам ва дар ин фазо ҷудоӣ нест, ваҳдат асту ҳамгароист. Дар СNТ, ҳамон тур, ки арз кардам, на дасти касе ҳасту на пои касе ба ҷуз тамоми вуҷуди Зафари Сӯфӣ. Ин комилан тарҳи шахсӣ ва бо сармоягузории банда аст, ки бо ёриву ҳамкории тими эҷодӣ фаъолият хоҳад кард."

Озодӣ: Агар пӯшида нест, барои роҳандозии ин ТВ чӣ қадр харҷ шуда?

Зафари Сӯфӣ: "Албатта, барои хариди дастгоҳҳои забту пахш, студия ва барномаҳои роёнаӣ маблағе қобили мулоҳиза харҷ шуда, ки лозим мебинам эълон нашавад."

Озодӣ: Оё дар Тоҷикистон ҳам хабарнигор хоҳед дошт?

Зафари Сӯфӣ: "СNТ симои навини Осиёи марказӣ ва аввалин шабакаи телевизиони хусусии минтақаӣ аст ва табиист, ки бояд дар тамоми кишварҳои минтақа хабарнигор дошта бошад. Ҳарчанд ин шабака минтақаист, аммо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ба ҳадди тавоноӣ барои боло бурдани имиҷи Тоҷикистон ва тарғиби фарҳанги миллӣ корҳое анҷом диҳем. Дар зимн, СNТ бо ду забон, яъне русиву тоҷикӣ барнома хоҳад дошт ва дар сурати зарурат ва пайдо шудани имконият метавонем ба забонҳои дигар мардуми минтақа низ барномаҳо пахш кунем."

Озодӣ: Ин тарҳ идомаи нашрия ва хабаргузории "Озодагон" аст, ё тарҳи ҷудогона?

Зафари Сӯфӣ: "Ин тарҳи ҷудогона аст ва албатта таҷрибае, ки тайи солҳои фаъолият дар нашрия ва хабаргузории “Озодагон” ба даст овардаем, дар пешбурди муваффақтари кори СNТ истифода хоҳад шуд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG