Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФАВРӢ! Ҳарсе кушташуда аз Тоҷикистон будаанд


Акс аз маҳалли занозанӣ
Акс аз маҳалли занозанӣ

Хабарнигори Озодӣ Акрами Абдуқаҳҳор, ки аз қабристони Хованское – маҳалли занозании хунини рӯзи 14 май – хабар дод, ки ҳарсе нафари дар ин занозанӣ кушташуда шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Исми кушташудаҳо:

  1. Хушаков Сӯҳроб.
  2. Ризоев Иноят.
  3. Собиров Сайнуриддин

Ҳайъати намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон баъди боздид аз Хованское барои маълум кардани шумори шаҳрвандони тоҷики захмишуда озими бемористонҳо шудааст. Гуфта мешавад, ҳудуди 15 нафари захмишуда дар занозании гурӯҳӣ дар қабристони Хованскоеро дар 3 бемористони Маскав ҷо кардаанд.

Ду нафар дар зери чархи мошини яке аз ҳамлагарон ҷон бохтаанд, вале хабаргузории ТАСС шоми шанбе хабар дод, ки ҷасади сеюмро аз дохили қабристон ёфтаанд.

Сухангӯи раёсати корҳои дохилаи шаҳри Маскав Софя Хотина гуфт, пулис беш аз 50 нафар аз иштироккунандагони ин занозаниро дастгир кардааст. Ба гуфтаи хонум Хотина, “ба кормандони пулис муяссар шуд, ки се гумонбар дар қатли ду нафарро низ боздошт кунад. Онҳо мехостанд, бо мошин аз ҷои ҳодиса фирор кунанд ва ду нафарро пахш карданд.”

Софя Хотина дар мавриди сабабҳои занозанӣ дар назди дарвозаи марказии оромгоҳи Хованское гуфт, бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ду гурӯҳ барои минтақаҳои хидматрасониашон дар ин оромгоҳ аз гиребони ҳамдигар гирифтаанд.

Вале хабаргузории Интерфакс аз қавли манбааш дар пулиси Маскав ҷузъиёти зиёдтар овард ва навишт, ки дар қабристони Хованское намояндагони минтақаи Қафқози Русия бо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дастбагиребон шудаанд ва сабаби муноқиша ҳам баҳси ду гурӯҳ барои қаламрави нуфуз дар ин оромгоҳ будааст.

Дар занозании рӯзи 14 май дар Хованское муҳоҷирони тоҷик низ ширкат кардаанд ва бино ба маълумотҳо, дар байни боздоштшудаҳову захмиён тоҷикҳо низ ҳастанд. Муҳоҷирони тоҷик дар ин оромгоҳ аксар ба ҳайси гӯркан, сангтарош, роҳрӯб кор мекунанд. Аксари онҳо аз минтақаҳои Обигарм ва Роғуни водии Рашт будаанд.

XS
SM
MD
LG