Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин сокинони шаҳри ояндаи Сайҳун маълум шуданд


Аввалин cокинони ояндаи шаҳри Сайҳун барои бунёди манзил замин гирифтанд. Ин нахустин шаҳр дар шимоли Тоҷикистон дар даврони истиқлолият хоҳад буд, ки сокинони он на намояндагони як маҳал, балки аз саросари Суғд хоҳанд буд.

Нахустин истиқоматкунандагони шаҳри Сайҳун аз шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов, Қайроқуму Истиқлол ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хоҳанд буд. Онҳо оилаҳои ҷавонанд, ки хонаи шахсӣ надоштанд ва ахиран дар ин макон соҳиби замин барои сохтмони манзил шуданд. Қарор аст дар оянда аз бархе дигар манотиқи вилоят, аз ҷумла Ғончиву Ашт низ садҳо нафар дар ин ҷой соҳиби замин барои бунёди хона шаванд.

Яке аз ин сокинон, ки 6 сотих ё 600 метри мураббаъ замин гирифтааст, аз ноҳияи Ғафуров мебошад. Вай мегӯяд, 15 сол ҳамроҳи ду писари оиладораш дар як манзилу ҳавлӣ зиндагӣ мекарданд ва имкони хона харидан надоштанд: “Мо хеле хурсандем. Чунки ба писарам замин доданд. Худо хоҳад, набераҳоям бо падару модарашон дар хонаву шаҳри нав зиндагӣ хоҳанд кард.”

Дар маросими гузоштани санги таҳдоби шаҳри Сайҳун раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт.
Дар маросими гузоштани санги таҳдоби шаҳри Сайҳун раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат дошт.

Шаҳри нави Сайҳун дар 9-километрии шимоли Хуҷанд қомат меафрозад. Дар мавзеи наздик ба Кони Мансур -- аз бузургтарин захираҳои нуқраи ҷаҳон доман густардани ин шаҳри нав ба ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки замони барои баҳрабардорӣ аз ин кон, аз нерӯи корӣ мушкилӣ накашад. Номи “Сайҳун” ба ин шаҳри нав бо пешниҳоди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар расми "хишти аввал"-и он дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дода шуд.

Ҳоло пойдевори 12 бинои 10-ошёна гузошта шуда ва ҳамчунин ба маҳалли бунёди шаҳри нав аз рӯди Сир тавассути насос об бароварда, хатти барқ низ пайваст шудааст. Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд мегӯяд, шаҳри нав барои сокинони эҳтиёҷманд шароити беҳтари зистро фароҳам меорад: “Аз рӯйи тарҳ, шаҳри нав дар масоҳати 2 ҳазор гектар ва бо биноҳои бисёртабақаву манзилҳои заминӣ барои 40 ҳазор оила ва дар канори он дар ҳудуди 7 ҳазор гектар боғҳои мева бунёд мегардад.”

Дар Тоҷикистон, ки 93 дарсади заминаш кӯҳистон ва танҳо 7 дарсади он ҳамворӣ аст, таъмини сокинон бо полез, манзил ва ҷойҳои корӣ аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад. Соли 2009 бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ҳукумати Тоҷикистон дар бораи додани замин барои сохтмони манзили шахсӣ ба сокинони бехона, қарор қабул кард. То кунун ҳудуди 35 ҳазор сокини Суғд соҳиби қитъаи замин шуданд.

Вале ба гуфтаи манобеъи расмӣ, тақрибан ҳамин миқдор сокинони Суғд хонаи шахсӣ ё қитъаи замин барои сохтани сарпаноҳ надоранд. Танҳо дар Хуҷанд -- маркази вилояти Суғд ҳудуди 3 ҳазор оила барои соҳиб шудан ба қитъаи замин барои сохтани хона дар навбатанд. Ҳамакнун ҳукумат мехоҳад бо бунёди шаҳри Сайҳун ва додани қитъаҳои замин барои бунёди манзил ба сокинон, ин мушкилро дар шимоли Тоҷикистон ҳал кунад. Ҷиҳати татбиқи тарҳи бунёди шаҳри нав дар 3 километрии шимоли Хуҷанд як ситоди вижа, иборат аз намояндагони мақомот, мутахассисон ва коршиносони бахшҳои гуногун таъсис шудааст.

Вале ин шаҳри нав барои сокинони бисёр манотиқи Суғд барои гирифтани замину бунёди манзил боз ва бо ин ҷиҳати худ беназир хоҳад буд. Қаблан шаҳраку деҳкадаҳо умдатан танҳо барои сокинони як ноҳия бунёд мешуданд, биноан, сокинони аксари шаҳру ноҳияҳои кӯҳнаи Тоҷикистонро аслан сокинони ҳамон як минтақа ташкил медоданд. Масалан, аҳолии Хуҷанд -- маркази вилояти Суғд то замони истиқлол умдатан аз сокинони муқимии ҳамин шаҳр ва дигар халқҳои омада аз Русия, зери номи умумии “русҳо”, иборат буд.

Аз ноҳияҳои дурдаст, мисли Айниву Ашт ангуштшумор одамон дар Хуҷанд соҳиби кору хонаву дар мешуданд. Аз як сӯ, режими шадиди сабти ном дар замони шӯравӣ сокинони берунаро ба маркази вилоят роҳ намедод ва масалан, дар Хуҷанд ҷо ёфтани як сокини Владивосток аз як сокини ноҳияи дурдасти Суғд ба маротиб осонтар буд ва аз сӯи дигар, ангуштшумор сокинони навоҳӣ ҳам, ки дар маҳали аслии зисти худ ҷойи кору шароити хуби зиндагӣ доштанд, ба умеди зиндагии беҳтар ба Хуҷанду Душанбе кӯч мебастанд.

Ҷӯра Юсуфӣ.
Ҷӯра Юсуфӣ.

Ҷӯра Юсуфӣ, коршиноси умури иҷтимоӣ мегӯяд, дар таърихи замони шӯравӣ низ кӯчонидани сокинон аз як минтақа ба минтақаҳои дигари камаҳолӣ, масалан аз Суғд ба водии Вахш ё аз Кӯҳистони Масчо ба Водии Дилварзин ё имрӯза ноҳияи Масчо ба хотири танзими аҳолӣ ва ободонии минтақаҳо сурат мегирифт. Вале мардуми суннатгарои тоҷик ба муҳоҷиратҳои дохилӣ зери фишори давлат ва маҷбурӣ тан медоданд. Ҳоло сокинон шаҳри Сайҳунро бо ризояти том макони зисти худ ихтиёр мекунанд:

“Ба андешаи ман, дар ин шаҳри нав бо номи зебову шоиронаи Сайҳун, ки сокинонаш аз Хуҷанд, манотиқи Суғд ва шояд ҳам манотиқи дигари Тоҷикистон фароҳам меояд, фарҳанги нави муштараки тоҷикии шаҳрсозиву шаҳрдорӣ бо рангу бӯи тозаи муосир эҳё хоҳад шуд. Ва ташаккул хоҳад ёфт ва оянда умедворам як намунае барои кишвар шавад. Ин кор умедворам ба таҳкими ваҳдати миллӣ низ муосидат хоҳад кард.”

Зимнан, барои бори аввал Тоҷикистон замони истиқлолияти худ бунёди чунин шаҳри калон ва дорои биноҳову иншоот ва инфрасохтори муосирро таҷриба мекунад. Ба гуфтаи мақомоти Суғд, сохтмони он бо маблағи буҷа оғоз гардид, минбаъд барои бунёди биноҳои бисёртабақа ва корхонаҳои саноатӣ, сармояи ширкатҳои ватаниву хориҷӣ низ ҷалб хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG