Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исматулло Хоҷаев дар мақоми раиси Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматовро иваз кард. Неъматов, ки ҳоло сафири Тоҷикистон дар Олмон мебошад, раиси фахрии Федератсияи таэквандо WTF-и Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар конфронси Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон, ки 4 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Исматулло Хоҷаев, мутахассиси варзидаи ин намуди олимпӣ, раиси федератсияи мазкур интихоб гардид. Ба тарафдории ӯ вакилони конфронс якдилона овоз доданд.

Исматулло Хоҷаеви 49-сола дар муддати 18 соли фаъолияти худ дар Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби кишвар, муовини раис ва дабири кулли федератсияи мазкур кор кардааст.

Вакилони конфронс раиси пешини ин федератсия Маликшоҳ Неъматовро, ки феълан сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Олмон аст, раиси фахрии Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон интихоб карданд.

Инчунин дар ин конфронс муовинони раис, дабири кулл ва аъзои кумитаи иҷроияи Федератсияи таэквондо WTF-и Тоҷикистон интихоб шуданд.

Исматулло Хоҷаев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин гуфт:

"Вазифаи аслии мо ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мебошад. Дар айни ҳол варзишгарони номдори мо, ба мисли Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов ва Моҳрӯ Ҳалимова, ки бо раҳбарии сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Чон Чонг Фи, мутахассиси кореягӣ, соли гузашта дар Бозиҳои XVII осиёӣ дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд, ба мусобиқоти интихобӣ, инчунин, қитъавию ҷаҳонӣ дар хориҷи кишвар омодагӣ мебинанд. Албатта барои ширкати муваффақонаи варзишгаронамон дар мусобиқоти байналмилалӣ мо ба кӯмаку дастгирии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва сарпарастон ниёз дорем."

XS
SM
MD
LG