Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии ворухиён дар пайи сӯхтори 9 хонаи қирғизҳо


Мақомоти пулис дар Исфара мегӯянд, ки ба таҳқиқи гумонбарон дар оташ задани 9 манзил дар чарогоҳҳои қирғизҳо дар 13-километрии Ворух шурӯъ кардаанд.

Шӯъбачаи корҳои дохилии ҷамоати Ворух ба пурсиши гумонбарони сӯхтори 9 манзили сокинони деҳаи Қарабоғи Ботканд оғоз кардааст. Тибқи иттиҳомоти аввалия, ҷониби Қирғизистон сокинони ҷамоати Ворухи Тоҷикистонро дар оташ задани манзили сокинони маҳаллӣ дар чарогоҳи "Булоқбошӣ" ё "Кех" гунаҳгор мекунад. Ин чарогоҳ дар 13-километрии ҷамоати Ворух қарор дорад.

Як манбаъ аз ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара имрӯз, 26 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, шоми чаҳоршанбе чанд хонаи қирғизҳо дар чарогоҳи Кех ё Булоқбошӣ оташ гирифтааст ва қирғизҳо гуфтаанд, ки ба ин амал тоҷикҳои сокинони Ворух даст задаанд.

Шӯъбачаи корҳои дохилии ҷамоати Ворух чанд тан аз сокинони ин ҷамоатро мавриди пурсиш қарор додааст. Тибқи иттилои як манбаъ, афроди ба саволҳои муфаттишон посухдода гуфтанд, ки аз ин ҳодиса аслан хабар надоранд ва дар зимистон ҳеҷ кас ба тарафи чарогоҳҳо намеравад.

Раёсати корҳои дохилии Ботканд ба расонаҳои хабарии Қирғизистон иттилоъ додааст, ки шоми чоршанбе, соати 19:00 дар чарогоҳи Булоқбошии деҳаи Қарабоғи Ботканд 9 манзили дуҳуҷрагӣ ва сеҳуҷрагии қирғизҳо оташ гирифтааст, ки феълан дар мавриди ин ҳодиса парванда боз карда шуда тафтишот идома дорад.

Дар соли 2014 дар хутути марзи муштарки ду кишвар беш аз 30 ҳодисаҳои нақзи марз ва тирпарониҳо рух додааст. Дар ин ҳодисаҳо, дасти кам 3 нафар аз Тоҷикистон, аз ҷумла як марзбон кушта шуда, даҳҳо тан маҷрӯҳ шудаанд. Бо гузашти 22 сол аз фурӯпошии Шӯравӣ аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо 504 километраш таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар манотиқи баҳсии марзӣ ҳар сари чанд низоъҳои сокинони деҳоти ҳарду кишвар бо баҳонаи дастрасӣ ба замину обу чарогоҳҳо сар мезананд. Музокироти ҳукуматҳои байни ду кишвар ҳарчанд вусъат ёфтааст, вале ҳеҷ натиҷае ба бор наовард.

XS
SM
MD
LG