Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷои таваллуд: Зиндони Эвин. Гуфтугӯ бо Саҳари Дилиҷонӣ


Саҳар Дилиҷонӣ
Саҳар Дилиҷонӣ

Саҳар Дилиҷонӣ, ки 30 сол пеш дар як зиндони Эрон ба дунё омадааст, қиссаҳои талхи зиндагиашро дар як китоб рӯи чоп овардааст.

Саҳар Дилиҷонӣ соли 1983, дар зиндони машҳури Эвини Теҳрон, дар хонаводае ба дунё омадааст, ки аз ширкатдорони инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон буд, вале баъдан ҳамчун фаъолони дунявигаро зиндонӣ шуданд. Ӯ дар нахустин китоби худ бо номи “Бачаҳои дарахти ҷакаранда”, ки тоза нашр шуд, таҷрибаи худу хонаводаашро аз нигоҳи тифлҳои зиндонӣ ба тасвир кашидааст.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00
Линки мустақим


Саҳар Дилиҷонӣ, ки ҳоло дар Итолиё зиндагӣ мекунад, вале барои муаррифии китобаш ба Амрико омдааст, ба чанд суоли радиои Озодӣ посух дод.

Озодӣ: Волидони шумо соли 1979 зиндонӣ шуданд ва шумо дар зиндон ба дунё омадед. Китоби шумо ба сурати умум аз рӯзе шурӯъ мешавад, ки модар шуморо дар паси миллаҳои зиндон ба дунё овард. Шумо кай ба қиссаи таваллуди худ дар зиндон таваҷҷӯҳ кардед ва ҳоло чӣ эҳсос доред?

Саҳар Дилиҷонӣ: Ман ҳамеша аз қазияи таваллуди худ дар зиндон огоҳ будам чун ин роз набуд. Модарам ҳамеша дар ин бора бо ман сӯҳбат мекард. Вақте ҷавонтар будам, ин қиссаҳо ба назарам ҷолиб мерасид. Бовар доштам, ки беҳтарин қиссаи таваллуд насиби ман шудааст. Ман ҳатто бо ин ифтихор мекардам. Аммо вақте тасмим гирифтам, ки дар ин бора китоб бинависам ва ба ҷузъиёти бештар аз он чизе ки модар ба ман дод, ниёз пайдо кардам, аз ҷузъиёти он ҳодисаҳо такон хӯрдам.
Ман ҳеҷ гоҳ намедонистам, ки модари ман чӣ сахтиҳоеро дар зиндон аз сар гузаронидааст. Масалан ин ки ӯ дар зиндон кор мекард ва ҳамзамон бозпурсӣ мешуд. Ба ин тартиб, қиссаи зиндон, ки аз кӯдакӣ ҷолибаш мепиндоштам, ба як чизи бисёр дардовар табдил шуд, ки навиштанаш барои ман мушкил буд. Мушкилтар ин буд, ки ин ҳама сахтиҳоро модари ман кашида буд, вале ман наметавонам коре бо ин бикунам, ба ҷуз ин ки ин қиссаро рӯи коғаз биёрам.

Озодӣ: Волидони шумо дар инқилоби соли 1979 иштирок карданд ва баъдан мисли бисёриҳо зиндонӣ шуданд. Модару падари шумо аз ду то чаҳор сол зиндонӣ буданд. Шумо бо бародар ва писарамакатон, ки ӯ низ дар зиндон ба дунё омад, ба модарбузург вогузор шудед. Бигуед, ки тамғаи зиндонии собиқ ба зиндагии хонаводаи шумо чӣ таъсир гузошт?


"Бачаҳои дарахти ҷакаранда"
"Бачаҳои дарахти ҷакаранда"
Саҳар Дилиҷонӣ: Зиндон ба тамоми зиндагии мо таъсир кард. Падари ман қабл аз инқлоб донишҷӯ буд ва баъди хориҷ шудан натавонист ба донишгоҳ баргардад ва ин зиндагиашро комилан тағйир дод. Зиндагии модарамро низ. Корёбӣ осон набуд, зиндагиро аз сифр шурӯъ кардан боз ҳам сахттар. Ҳар тасмиме, ки гирифта мешуд, хоҳ нохоҳ ба санги зиндон бамехӯрд.

Озодӣ: Волидони шумо дар бораи китоби «Бачаҳои дарахти ҷакаранда» чӣ мегӯянд?

Саҳар Дилиҷонӣ: Онҳо аз ин китоб розӣ ҳастанд, чун солҳои тӯлонӣ қиссаҳои зиндонро хомӯшона дар пеши назар доштанд. Вақте амаки ман дар зиндон эъдом шуд, хонаводаи ман натавонист ба хотири ӯ мотам бигирад, модарбузурги ман ҷасади писарашро ҳеҷ гоҳ надид. Аз ин рӯ, ба назарам, акнун онҳо каме таскин ёфтанд.

Озодӣ: Каме дар бораи китоби хуб бигӯед. Шумо дар бораи бачаҳои даврони инқилоб гуфтаед, вале номи китобро “Бачаҳои дарахти ҷакаранда” ном гузоштед, чаро?

Саҳар Дилиҷонӣ: Барои ман дарахти ҷакаранда як утопия ё хаёл аст ва сабаби интихоби ин ном ҳам ин аст, ки вақте ман дигар дар Амрико будам, як рӯз модарбузургам ба ман гуфт, “ман талош кардам, ки тухми ин дарахтро дар ҳавлиамон дар Теҳрон кишт кунам, вале нарӯид. Чун ҳавои Теҳрон барои ин дарахти тропикӣ сард аст.” Солҳо баъд вақте ман ба навиштани қисса оғоз кардам, ин дарахт дар зеҳни ман ба шакли рамз зуҳур кард, ҳамчун рамзи инқилоби Эрон. Яъне бачаҳои дарахти ҷакаранда ҳамон бачаҳои инқилоби Эронанд, ки умедвориҳои зиёд доштанд, вале ҳосилаш айни ҳамон шуд, ки модарбузурги ман аз дарахти ҷакаранда дид.
XS
SM
MD
LG