Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Душанбе дар остонаи таҷлили 70-умин солгарди пирӯзӣ ба Олмони нозӣ китоби наве бо номи “Аскарони Ғалаба” муаррифӣ гардид.

Рӯзи 7 май дар бинои Китобхонаи Миллии Тоҷикистон маросими муаррифии китоби "Аскарони Ғалаба" доир гардид, ки дар он мақомоти давлатӣ, аҳли адабу фарҳанг, меҳмонон ва таҳлилгарону коршиносон ширкат доранд.

Генерал Абдулло Ҳабибов ва журналист Раҷаби Мирзо, муаллифони китоби нави “Аскарони Ғалаба“ буда ва ин китоб дар бораи 94 иштирокчии Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Душанбе ба сар мебаранд, қисса мекунад.

Генерал Абдулло Ҳабибов зимни муаррифи ин китоб ҳадаф аз таълифу таҳияи ин китобро тӯҳфае ба ифтихори 70-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм унвон кард ва гуфт, ки "бигузор фарзандону ояндагони мо дар бораи қаҳрамониву корнамоии шуҷоатмандонаи бобоёни худ донанд ва ифтихор кунанд."

Китоби “Аскарони Ғалаба” дар нашрияёти “Адиб" ба табъ расида ва дар ҳоли ҳозир тирожаш 300 нусха аст. Таълифи китоби “Аскарони Ғалаба” дар бораи 94 иштирокчии Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 880 нафар кӯҳнасарбози ин ҷанг ба сар мебаранд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи таҷлили 70-солагии Ғалаба бар фашизм бар ҳар яке аз ин кӯҳнасарбозон маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ тӯҳфа кардааст. Ҳамчунин шаҳрдории Душанбе, ҳукуматҳои вилоятҳои Тоҷикистон низ ба собиқадорони Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ кӯмакҳои пулиеро ироа кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG