Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Скидка"


Ин матлабро барои гӯшаи "Блогистон"-и Озодӣ журналисти тоҷик Набиюллоҳ Суннатӣ фиристодааст.

Ибораи тахфиф, ки имрӯзҳо дар тамоми мағозаҳо насб шудааст, бо ибораи русии «скидка» ба ҳама маълуму равшан аст. Ё дар ҷойи дигар мехонем: «Распродажа»! Чаро мағозаҳо молҳояшонро «скидка» ё «распродажа» мекунанд? Ба ин пурсиш посухҳои зиёдро метавон қатор намуд. Шояд мол харидор надорад? Ва ё сифаташ ба нархе, ки дили мардум мехоҳад, ҷавобгӯй нест? Ё пули аз бонк қарз гирифтаро сари вақт додан даркор?

Бигзор, ин саволҳо ба ҷои посух ба зеҳни харидорон ҳавола шавад. Мо низ коре надорем. Имрӯз барои харидорон аз сифат дида, нархи маҳсулот бештар таваҷҷӯҳбарангез аст. Зеро Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Осиёи Миёна мисли Амрикову Олмон ва ё Фаронсаву Канада нест. Мардуми ин марзу бум дар ҳоли гузариш қарор дорад. Аз ин рӯ, дар тамоми бозорҳои Тоҷикистон тамоми намуди маҳсулотро фурӯхтан мумкин. Ба шарте, ки арзон бошад ё ба қавле «скидка» ё «распродажа» бошад.

Рӯзе дар бозор тағораи пластмассиеро дидам, ки ранги хеле бенур ва сифати хеле паст дошт. Ҳатто даври лаби тағора ба ҳадде дурушту дағал буд, ки кас аз дидани он ҳатман аз харидориаш дилхунук мешуд. Зоҳиран ин тағорае буд, ки аз пасмондаву вомондаҳои садҳо карат коркардшудаи пластмасса омода шудааст. Маълум буд, ки тағораро ким- кадом фирмаи пинҳонии хонагии хитойӣ сохтааст. Ба дил гуфтам, ки чӣ касе инро мехарида бошад? Воқеан, дар қатори дигар маҳсулоти ин мағоза безебтарину бадшаклтарин маҳсулот ҳамин тағораи дурушту дағали пластмассӣ буд. Ягон кас нархи онро намепурсид. Зери чангу хок монда, ранги безебаш боз безебтар шуда буд.

Воқеан ягон ширкати хитойӣ чунин тағораро бо сифати паст омода намекунад. Ин шояд тавре дар боло гуфтам, ягон ширкати гумноми пинҳонии Хитой бошад. Аммо саволи аҷиб дар сари ман чарх зад, ки чунин маҳсулотҳои дағалу дурушт ва ба стандарт ҷавобгӯй набуда, чӣ тавр аз сарҳад гузашта бошад? Чӣ тавр он аз мавзеъи гумрук убур карда аст? Чӣ тавр аз мадди назари мақомоти стандарт таҳлил шудаву ба фурӯшаш иҷозат шуда бошад?

Ба ин суолҳо низ ман посух намегӯям. Ҳаволааш бар Худо!

Аҷоиби кор дар он буд, ки вақте ба хона даромадам, пас аз бист дақиқа падарам аз дарвозаи ҳавлӣ бо мошин ғажжасзанон даромаданд. Зоҳиран падар низ аз бозор омадаву чизҳои заруриро харида буданд. Ба ман фармон доданд, ки бағочи мошинро кушояд ва чизҳои харидаи падарро ба анбор барам.

Бағочро кушодаму ҳангам парид. Чашмонам аз косахонааш қариб баромад. Дар бағоч айнан ҳамон тағораи 10-литрае, ки ман дар бозор дида будам, истода буд. Аз падар пурсидам:

-Падар ин тағораи бе сифату дағалу вазнину безебро чаро харидед? Мо ин тағораро чӣ кор мекунем? –хостам падарро бо ин суолҳоям накӯҳиш диҳам.

-Писарам, барои гӯсфандҳо барои йему хошокдиҳӣ беҳтарин чиз аст. Нархаш ҳам гарон нест, ҳамагӣ 3 сомонӣ, халос, – бепарво ва бо табассум посух доданд падар.

Ба ин ҳол на хандаам омад ва на қаҳрам. Падар дуруст мегуфт, ки барои гӯсфандҳо беҳтарин ашё аст. Он лаҳза хулоса кардам , ки дар бозорҳои мо ҳама чизро фурӯхтан мумкин, ба шарте, ки арзон бошад. Ба шарте ки «СКИДКА» ё «РАСПРОДАЖА» бошад!

Набиюллоҳ Суннатӣ

XS
SM
MD
LG