Пайвандҳои дастрасӣ

50 фоиз арзонӣ дар як бозори баҳсии Файзобод


Бозори баҳсӣ дар Мискинобод

Бозори баҳсӣ дар Мискинобод

Маъмурияти як бозори нави давлатӣ дар Файзобод бо нархҳои арзонтар соҳибкоронро ба он даъват кардааст. Вале соҳибони қаблии ин бозор мегӯянд, барои моликияти худ то охир мубориза хоҳанд бурд.

Масъулони хоҷагии тухипарварии ноҳияи Файзобод мегӯянд, бозори “Аҳмад Шариф” дар ҷамоати Мискинободи ин ноҳия ба моликияти давлатӣ баргардонда шуд ва дар ҷои он маҷмаи савдои “Истиқлол” ба фаъолият сар кардааст. Ин маҷмаи савдо давлатӣ буда, ба ҳукумати Файзобод тааллуқ доштааст. Аммо соҳибони бозори "Аҳмад Шариф" мегӯянд, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд ва баҳси додгоҳиро барои моликияти худ идома хоҳанд дод.

Таъсиси бозори давлатӣ ба ҷои бозори хусусии “Аҳмад Шариф” ба дунболи қарори марҳалаи кассатсионии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз рӯзи 25 феврал аст, ки ҳукми ин додгоҳ аз моҳи ноябрро дар бораи ба моликияти давлат баргардондани гаражи собиқи хоҷагии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назиров бетағйир боқӣ гузошт. Бозори “Аҳмад Шариф” дар соли 2001 маҳз дар ҳамин гаражи собиқ бино шуда буд.

Эмомидин Насриддинов, раиси хоҷагии тухмипарварии ба номи А.Назиров, ки маҷмаи “Истиқлол” дар қаламрави ҳамин хоҷагист, рӯзи 1 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маҷмаи савдои “Истиқлол” алакай амалан дарҳои худро ба рӯи харидон боз кардааст, вале танҳо як расмиёти дигар боқӣ мондааст, ки бояд иҷро шавад: “Қарор аст, рӯзи 2 март иҷрочиёни додгоҳ биоянд ва аз мувозинати бозори “Аҳмад Шариф” ба мувозинати давлат гузарондани молу мулки ин бозорро пурра расмӣ кунанд.”

Аммо моликони бозори “Аҳмад Шариф” бо қарори додгоҳ дар бораи давлатӣ кардани он розӣ нестанд. Собир Аҳмадов, раиси бозори “Аҳмад Шариф” рӯзи 1 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хатари оғози фаъолияту эълони нархҳои арзонтари бозори давлатӣ дар ҷои бозори онҳоро воҳимапарокании ҷониби муқобил номид.

Собир Аҳмадов гуфт, даъвои онҳо бо талаби баргардондани бозор ҳанӯз идома дорад: “Марҳалаи кассатсионӣ қарори додгоҳро бетағйир гузошт,вале ҳалномааш ба дасти мо нарасидааст. Мо баъди дастрас кардани ҳалнома ба марҳалаи назоратии Додгоҳи олии иқтисодӣ шикоят мебарем. Мо қаноат намекунем. Ин моликияти мост ҳамаи ин. Чӣ хел мегиранду ин ҳамаро давлатӣ мекунанд? Давлат агар имконият дошта бошад, чаро боқимондаи ҳамон гаражро барқарор карда наметавонад-ку? Ҳамон боқимондаи гаражро обод кунанд. Чаро бозори тайёрро мегиранд? Дар куҷост чунин қонун?”

Радиои Озодӣ дар моҳи ноябр дар бораи ду соҳибкори бозори “Аҳмад Шариф” – бародарон Мавлавӣ ва Бахтиёр Нуралиевҳо - гузориш карда буд, ки танҳо баъди 2 соли баҳсу кашмакашҳои додгоҳӣ тавонистанд дӯкони масолеҳи сохтмониашон дар ҳудуди ин бозорро баргардонанд.

"Ҳақиқат ҳанӯз вуҷуд дорад". Пирӯзии ду соҳибкор дар додгоҳ

Бахтиёр Нуралиев рӯзи 1 март дар як паёми катбӣ ба Озодӣ таъсиси маҷмаи давлатии “Истиқлол”-ро боз як пирӯзии онҳо бар моликони бозори собиқи “Аҳмад Шариф” унвон кард. Ӯ мутмаин аст, ки давлатӣ шудани ин бозор ба сӯди соҳибкорон аст.

Бозори “Аҳмад Шариф” дар ҳудуди гаражи собиқи хоҷагии тухмипарварии Файзобод ҷойгир буда, асосан ба фурӯши масолеҳи сохтмон машғул буд ва асосан ду рӯзи истироҳати охири ҳафта кор мекард. Дар ҳудуди ин бозор, ки 15 сол боз амал мекард, тақрибан 100 дӯкон мавҷуд буд.

Додгоҳи олии иқтисодӣ дар моҳи ноябр дар қарораш дар мавриди бозори “Аҳмад Шариф” гуфт, ки гаражи хоҷагии тухмипарварии ба номи Абдулвоҳид Назирови ноҳияи Файзобод дар соли 2001 бидуни чопи эълони музоядааш дар матбуот хусусӣ карда шуд. Додгоҳ ҳамин тавр, дар қарори давлатӣ кардани ин бозор боз ба як паҳлуи дигари қонунгузории Тоҷикистон такя кард, ки хусусӣ кардани иншооти марбут ба хоҷагиҳои тухмипарвариро манъ мекунад.

Бо ин ҳол, маъмурияти маҷмаи савдои “Истиқлол” аз ҳоло эълон кардааст, ки нархномаи хидматрасониҳояш дар ин бозори навро нисбат ба бозори “Аҳмад Шариф” дастикам ду маротиба арзонтар хоҳад кард. Эмомиддин Насриддинов, раиси хоҷагии ба номи А. Назаров, мегӯяд: “Нархнома куллан дигар шуд. Тахфиф 50 фисадро ташкил медиҳад. Масалан, агар нархи иҷораи моҳонаи як мағоза дар бозори шахсии пешина 300 сомонӣ буд, ҳоло 150 сомонӣ шудааст. Пули чеки ҳаррӯза 10 сомонӣ буд, ҳоло 3 сомонӣ шудааст. Дар ин бозор бояд 700-800 нафар соҳиби ҷои кор шаванд. Тарафи дигари масъала ҳам ҳаст, ки ба хазинаи давлат акнун андоз ҳам зиёдтар бояд супурда шавад.”

Тибқи нархномаи маҷмаи савдои “Истиқлол”, ки ба дасти Радиои Озодӣ ҳам расид, маъмурияти ҷадиди он барои вуруди мошинҳо ба бозор ва ширкат дар ярмаркаҳо аз соҳибкорону деҳқонон пул нахоҳад ситонд. Ҳамин тавр, нархи як рӯзи савдо аз мошинҳои боркаш 10 сомонӣ ва иҷораи дӯкон дар як моҳ 75 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин 24 соҳибкори аввале, ки дар ин бозори нав мағоза ё дӯкон месозанд ва дастикам 2 нафарро бо ҷои кор таъмин мекунанд, барои як сол аз пардохти ҳаққи иҷора озод мешаванд.

Афроди наздик ба раҳбарони бозори “Аҳмад Шариф” мегӯянд, ин тахфифҳо танҳо ба хотири ҷалби соҳибкорон ба бозори нав аст ва хеле зуд ва на як бору ду бор тағйир хоҳад хӯрд. Вале раҳбари хоҷагии тухмипарварии Файзобод Эмомидин Насриддинов гуфт, ин нархнома аз сӯи Шӯрои коллективи ин хоҷагӣ барои соли 2016 тасдиқ шудааст ва “ин аҳдро ҳеч кас вайрон карда наметавонад.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG