Пайвандҳои дастрасӣ

Музоядаи навбатии фурӯши рақамҳои хотирмон ё тиллоии мошинҳои шахсӣ рӯзи 7 декабр баргузор мешавад.

Музоядаи навбатии фурӯши рақамҳои хотирмон ё тиллоии мошинҳои шахсӣ рӯзи 7 декабр баргузор мешавад. Сомонаи интернетии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки музоядаи навбатӣ низ субҳи рӯзи шанбе дар

толори раёсати Бозрасии автомобилии давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Нархи ҳар лот аз 270 сомонӣ шурӯъ мешавад. Қабули дархостҳо ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар музояда се рӯз пеш аз гузаронидани музояда ба охир мерасад, омадааст дар ин хабар. Дар музоядаи навбатӣ "аломатҳои қайди давлатии силсилаи АЕ минтақаи 08 василсилаи АК минтақаи 07" ба фурӯш пешниҳод мешаванд.

АЕ 08

1010

1100

1111

1200

1212

1221

1300

1313

1331

1400

1414

1441

1500

1551

1600

1616

1661

1700

1717

1771

1800

1818

1881

1900

1919

1991

2002

2020

2100

2121

2112

2200

2222

2300

2323

2332

2400

2424

2442

2500

2525

2552

2600

2626

2662

2700

2727

2772

2800

2828

2882

2900

2929

2992

АК 07

1111

2222

4000

4900

4949

4994

8008

8080

8100

8118

8181

8200

8228

8282

8300

8338

8383

8400

8448

8484

8500

8558

8585

8600

8668

8686

8700

8778

8787

8900

8989

8998

9009

9090

9100

9119

9191

9200

9229

9292

9300

9339

9393

9400

9449

9494

9500

9559

9595

9600

9669

9696

9700

9797

9779

9800

9898

9889

9900

9999




1,7 млн сомонӣ фоидаи будҷа аз шумораҳои "тилоӣ"

Дар музоядаи ахири рақамҳои ҷуфт ва ё ба истилоҳ "тилоӣ", ки рӯзи 23 ноябр баргузор шуд, шумораи қайди давлатии 9000, бо маблағи 7 ҳазору 600 сомонӣ, ё наздик ба 1600 доллари амрикоӣ, фурӯхта шуд.

Ин музояда бо иштироки тақрибан сад нафар ҷараён гирифт ва дар он беш аз сад рақами давлатии ҷуфт ё «тиллоӣ» ба фурӯш бароварда шуд. Аломати дигаре, ки бо арзиши 7 ҳазор сомонӣ фурӯхта шуд, рақами 70 70 буд.

Мирзо Сафаров, сардори шӯъбаи ташкилӣ-назоратии БДА дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, аз январи соли 2010 инҷониб таҳти рақами 507 оид ба фурӯши «аломатҳои қайди давлатӣ», ҳар моҳ чунин рақамҳои мошинҳо ба тариқи музояда ба савдо гузошта мешаванд. Сафаров мегӯяд: «Ҳадафи гузаронидани чунин музоядаҳо, пур кардани будҷаи давлат мебошад. Маблағҳои иловагие, ки аз ҳисоби фурӯши аломатҳои қайди давлатӣ ба даст меоянд, ба будҷаи давлат ирсол мегарданд.»

Ҷумъахон Додаров, соҳибкори бозори «Корвон» қабл аз шурӯи музояда гуфт, аз сабаби он, ки пайдо кардани рақамҳои «тиллоӣ» ҳангоми сабти мошин дар Бозрасии давлатии автомобилӣ ғайримумкин аст, мехоҳад аз тариқи ширкат дар ин музояда, аломати дӯстдоштааш 72 72-ро харидорӣ намояд. Зеро ба қавли Ҷумъахон Додаров, ин рақам дар замони Шӯравӣ, аломати мошини падараш будааст:

«Бо гирифтани ин рақам мехоҳам падарамро хурсанд кунам. То 1000 сомонӣ имкони харидорӣ кардани ин рақамҳоро дорам. Аз ин гаронтар бошад харидори карда наметавонам. Маҷбур мешавам рақами 72 27-ро ба ҷойи он бихарам. Аммо ба хотири он, ки ба падарам ваъда додаам, ҳамон рақамро харида ба вай медиҳам, талош мекунам то аломати 72 72-ро ба даст биёрам.»

Аммо дар рафти музояда Ҷумъахон натавонист аломати 72 72-ро соҳиб шавад, зеро ҷавони дар паҳлӯяш буда гуфт, ки талабгори ин рақам аст ва хоҳиш кард то ноумедаш насозад.

Ҳамин тариқ дар музояда рақамҳои «тиллоӣ»-и қайди давлатӣ аз 500 сомонӣ то 7600 сомон ба фурӯш рафтанд. Ғулом Шаропов, як ҷавон, ки ба қавли худаш дар ҷое кор намекунад, рақами 80 00-ро барои мошинаш «Запорожец» харидорӣ намуд: «Албатта арзиши ин аломат гарон афтид, аммо ин рақамро дӯст дорам.»

Меҳринисои Ҷаъфар, ягона духтаре, буд, ки дар ин музояда ширкат мекард ва барои мошини «Опел»-аш дар шашсад сомонӣ рақам харидорӣ кард: “Аломати 85-85-ро, ки дар шашсад сомонӣ харидорӣ кардам, гумон мекунам чандон гарон набуд. Азбаски мошини бародарам ба номи ман аст, бинобар ин дар музояда худи бародарам ширкат карда натавонист.”

Ба гуфтаи масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ, имсол аз ҳисоби фурӯши рақамҳои ба истилоҳ «тиллоӣ», ба будҷа беш аз як миллиону 700 ҳазор сомонӣ ворид шудааст. Аз аввали сол беш аз ду ҳазор ин гуна рақамҳо фурӯхта шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG