Пайвандҳои дастрасӣ

Кобинаи нави Афғонистон рӯзҳои наздик эълон мешавад


Қарор аст то даҳ рӯзи дигар кобинаи нави ҳукумати Афғонистон муаррифӣ шавад.

Дар ҳоле, ки камтар аз даҳ рӯзи дигар то поёни мӯҳдати таъиншуда аз сӯи президенти Афғонистон барои муаррифии кобинаи нави ҳукумати он кишвар мондааст, раёсати ҷумҳури он кишвар мегӯяд, ки ҳамакнун баҳсҳо на дар мавриди ашхос, балки дар мавриди вазифаҳои асосии вазоратхонаҳо ҷараён дорад.

Назифулло Солорзай, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Комиссияи ташкили кобина талош дорад то таърифи мушаххасеро аз мавҷудияти вазоратхонаҳо дар Афғонистон дарёбад. Дар айни ҳол оқоли Солорзай бо итминон гуфт, ки дар мӯҳлати таъйиншуда аз сӯи раиси ҷумҳур, кобинаи нав муаррифӣ хоҳад шуд.

"Феълан баҳсҳо дар мавриди ин ҷараён дорад, ки вазоифи асосии худи вазоратхонаҳо якбор таъриф шавад, ки як вазоратхона ҳангоме, ки мавҷуд мебошад, чӣ хизматеро ба мардуми Афғонистон ироа мекунад ва фоида чист. Яъне баҳси бештар рӯи ашхон не, балки рӯи вазоифи асосии вазоратхонаҳо аст."

Оқои Солорзай ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки дар рӯзҳои оянда пешрафтҳои чашмгире дар ин росто ба даст биояд.

Қаблан Ашрафғанӣ гуфта буд, ки дар сурати ниёз, бархе аз вазоратхонаҳоро бо ҳам якҷо хоҳанд кард. Оқои Аҳмадзай пас аз маросими савгандёдкунӣ ба унвони раиси ҷумҳур дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ваъда дода буд, ки то яку ним моҳи дигар кобинаи навро муаррифӣ мекунад.

Ахиран Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷрои ҳукумати ваҳдати миллӣ низ ибрози умедворӣ кард, ки ба зудӣ кобина мутобиқ ба хостаи мардуми Афғонистон муаррифӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки шуморе аз ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ дар Афғонистон аз раёсати ҷумҳури хостаанд, ки асли шоистасолориро дар таъини вазирони кобинаи нав дар назар бигирад.

Сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистн ҳам итминон додааст, ки талош сурат мегирад, то дар кобинаи нав кор ба аҳли он супурда шавад. Ин дар ҳолест, ки як теъдод аз таҳлилгарон мегӯянд, дар муаррифии афроди барои вазоратхонаҳо, миёни комиссияи ташкили кобина ихтилофи назар вуҷуд дорад.

Рӯзи 21 сентябр Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай - ду номзад ба мақоми президентии Афғонистон - баъди 3 моҳи музокироти печида ба мувофиқатномае имзо гузоштанд, ки тибқи он, ба курсии раисиҷумҳури ояндаи Афғонистон Аҳмадзай менишинад ва раҳбарии ҳукуматро дар мақоми нави раиси иҷроӣ доктор Абдуллоҳ бар дӯш хоҳад гирифт.

Баҳси натиҷаҳои даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки ҳанӯз 16 июн доир шуда буд, ин кишвари ҷангзадаро дар гирдоби як бӯҳрони ҷиддии сиёсӣ қарор дода буд. Ҳам доктор Абдуллоҳ ва ҳам Аҳмадзай исрор доштанд, ки даври дувуми интихоботро онҳо бурдаанд.

Кумиссиюни интихобот эълон кард, ки тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ, дар даври дуюм Аҳмадзай 56 фоиз ва Абдуллоҳ 43 дарсад раъй гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки дар даври якуми ин маърака дар таърихи 5 апрел доктор Абдуллоҳ аз байни 8 номзад 45 дарсад ва Аҳмадзай ҳамагӣ 31 фоиз раъй ба даст оварда буданд.

Бӯҳрони натиҷаҳои интихоботи Афғонистон боис шуд, ки Амрико дар ин қазия дастбакор шавад. Бо миёнаравии Амрико байни ду номзад музокироти тӯлоние сурат гирифт, ки дар ниҳоят рӯзи 21 сентябр бо тақсими қудрат байни онҳо – додани мақоми аввали раисиҷумҳур ба Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва мақоми раиси Шӯрои вазирон ба доктор Абдуллоҳ – ба поён расид.

XS
SM
MD
LG