Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи адвокат, қисми 2: Тақдирзода муқобили Ёров. ВИДЕО


Додгоҳи шаҳри Душанбе тасдиқ кард, ки алайҳи Бузурмеҳр Ёров, адвокати маҳбуси тоҷик парвандаи нав оғоз шудааст. Вале ҳамзамон масъулини додгоҳ гуфтанд, то ҳанӯз ин парванда ба дасти онҳо нарасидааст ва дар робита ба ҷузъиёти он феълан иттилои зиёд дар даст нест.

Бузургмеҳр имни муроҷиат ба қазияи бародараш Ҷамшед, ки он шабу рӯз дар боздошт буд, шеъри “Бародарам”-и Мӯъмин Қаноатро қироат намуд. Айбдоркунанда ба ӯ эрод гирифта, талаб кард, то аз чаҳорчӯби парванда берун наравад

Аммо ба иттилои наздикони Бузургмеҳр Ёров, ки рӯзи 6 октябр бо қарори додгоҳи шаҳри Душанбе ба 23 соли зиндон маҳкум шуд, ахиран додситонии кул нисбати ӯ бо ду моддаи қонуни ҷиноӣ - 355 - "беэҳтиромӣ нисбат ба додгоҳ" ва 330 - "таҳқири намояндаи ҳокимият" парванда оғоз шудааст.

Ҳукме, ки он рӯз содир шуд, бо моддаҳои 307 ва 307, прим 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” Ёров ва вакили дигари дифоъ Нуриддин Маҳкамовро гунаҳгор эълон кард.

Хосият: “Айбдоркунанда аз аввал бо Бузургмеҳр муносибати хуб надошт"

Хосият Ёрова рӯзи 18 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин парванда дар пайи як баҳси шадид миёни бародараш Бузургмеҳр Ёров ва айбдоркунандаи давлатӣ Рустам Тақдирзода дар яке аз охирин мурофиаҳо рӯзи 29 сентябр боз шуд.

Хосият Ёрова
Хосият Ёрова

Хосият мегӯяд, дар ин мурофиа вақте адвокат Ёров сухани охирини худро ироа мекард, зимни муроҷиат ба қазияи бародараш Ҷамшед Ёрови он шабу рӯз боздоштшуда шеъри “Бародарам”-и Мӯъмин Қаноатро қироат намуд. Айбдоркунанда ба ӯ эрод гирифта, талаб кардааст, то аз чаҳорчӯби парванда берун наравад. “Айбдоркунанда аз аввал бо Бузургмеҳр муносибати хуб надошт ва вақте чунин эрод гирифт, Бузургмеҳр ҳам гуфт, ки дар доираи мавзӯъ сӯҳбат дорад ва гуфт аз аввал хоста буд то додгоҳ амнияти хонаводаи моро таъмин кунад.”

Ҳанӯз дар ҷарраёни мурофиа, вақте баҳси айбдоркунанда бо Ёров ба ҷанҷол мубаддал шуд, додрас гуфтааст, ки ин ҳама муносибати айбдоршаванда ҳам дар протокол илова хоҳад шуд. Наздикони Ёров мегӯянд, худи Бузурмеҳр ҳам медонист, ки нисбати ӯ ягон айби дигаре илова хоҳад шуд ва ин баҳс ҳам баҳонае барои ин парванда шуд. Наздикони вакили дифоъ мегӯянд, аз рӯи парвандаи нав Бузургмеҳр Ёров аллакай баёноти хаттӣ додааст.

"Ҳалномаи додгоҳ ҳанӯз дар дасти мо нест"

Оғози парвандаи нав барои таҳқиру таҳдид алайҳи вакилони дифоъ Бузургмеҳр Ёров ҳам дар ҳолест, ки баъди ба 23 сол маҳкум шудараш ин вакли дифоъ гуфт, барои бозбинии парвандааш ба додгоҳи кассатсионӣ муроҷиат хоҳад кард. Наздикони Бузургмеҳр Ёров, ки ҳукми додгоҳро нисбати ин вакили дифоъ қабул надоранд, мегӯянд, аз он нигаронанд, ки бо гузашти тақрибан ду ҳафта аз эълон шудани ҳукм наметавонанд ҳалномаи додгоҳро ба даст бигиранд. Ба муроҷиатҳои пайвастаи онҳо дар додгоҳ мегӯянд, ки гӯё матни ҳукм ҳанӯз омода нест.

Ҷамшед ва дигар аъзои хонаводаи Ёровҳо дар назди дари додгоҳ
Ҷамшед ва дигар аъзои хонаводаи Ёровҳо дар назди дари додгоҳ

Хонаводаи Бузургмеҳр Ёров гуфта буд, ки ният доранд дар шикоят худ беасос будани баъзе далелҳоро исбот кунанд. Ҳоло таъхир дар дарёфти матни ҳалномаи додгоҳро онҳо ҳамчун "вуҷуди иштибоҳ" дар он арзёбӣ карда мехоҳанд онҳоро ислоҳ кунанд. Наздикони Ёров мегӯянд ба эҳтимоли зиёд ҳалномаи додгоҳ бо таҳрир ба дасташон хоҳад расид.

Коршинос: Пеш аз шикоят, шароити баҳс бо айбдоршаванда бояд ба эътибор гирифта мешуд

Аз назари бархе ҳуқуқшиносони бетараф, вуҷуди баҳси тунд дар додгоҳҳои пурбаҳс як ҳолати пешгӯишаванда аст ва дар шароите, ки ҷониби айбдоршаванда худ ҳуқуқдон аст, интизор доштан лозим аст, ки ӯ аз рӯи қонун баҳсро тунд мекунад. Айни замон, шароит ва ҳолати баҳс ҳам бояд ба эътибор гирифта шавад, ки ҷонибҳои баҳскунанда дар шароити баробар бо ҳам нестанд - яке муттаҳам ва дигаре айбдоркунанда аст. Ҷониби айбдоршаванда ҳақ дорад аз худ дифоъ кунад.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Бо назардошти ин, ​Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшинос ва як сиёсатмадори тоҷик мегӯяд, ҳукми 23 соли зиндон худ як ҷазои сангин аст ва бояд, ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати сар задани "бигӯ-магӯ" бо мақомот, додгоҳ бояд ҳолати равонии айбдоршавандаро ба инобат мегирифт. Вай гуфт: “Ба ҳар ҳол ангеза ва шарту шароити ҷонибҳо ва ҳолати рӯҳиву равониро бояд ба инобат бигиранд. Чун агар баҳс дар берун мебуд ва ҳарду ҷониб дар озодӣ мебуданд, дигар хел баҳо додан мумкин буд. Дар ин маврид бояд ҳолатҳои мушаххас, бо назардошти вижагиҳои вазъи ҳуқуқии Бузургмеҳр Ёров, ки чанд муддат дар боздошт аст, бояд ба назар гирифта шавад”.

Дар се соли охир 5 вакили дифоъ барои ҳимояи ҳуқуқи онҳое, ки парвандаашон сиёсӣ арзёбӣ мешавад, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд:

Ёров ба 23 ва Маҳкамов ба 21 соли зиндон маҳкум шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Додгоҳ: Хулосаҳои додгоҳ қонунӣ ва мунсифона аст

Додрас Асомиддин Бобохонзода зимни қироати ҳукм рӯзи 6 октябр таъкид карда буд, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ҳама иттиҳомот нисбати муҷримон, аз ҷумла иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” исботи худро ёфтааст. Рустам Тақдирзода, айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи 19 сентябр аз додгоҳ барои ин ду муттаҳам мутаносибан 25 ва 23 соли зиндонро талаб карда буд, вале дар ниҳоят, додрас Бобохонзода ҳукми вакилонро дусолӣ кам карда мутасонисабт 23 ва 21 соли ҳукмро раво донист.

Фаъолон: Парвандаҳои Ёрову Маҳкамов ангезаҳои сиёсӣ доранд

​Бузургмеҳр Ёров вакили дифои тоҷик моҳи сентябри соли гузашта бо иттиҳоми “қаллобӣ" ва "сохтакории санадҳо" боздошт шудааст. Моҳи декабри бо се моддаи дигари Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ” муттаҳам дониста шуд. Дар моҳҳои ахир мурофиаи додгоҳии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов вакили дигари дифоъ бо моддаҳои 307 ва 307, прим 1 ва 189-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, динӣ” ва “даъват ба тағйири сохти конститутсионӣ” ҷараён гирифт.

Ҳукми додгоҳи Душанбе нисбати Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамовро созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсони мисли Ҳюман Райтс Вотч, Афви байнулмилал ва дигарҳо маҳкум карданд. Ин созмонҳо ба баррасии мунсифонаи ин қазияҳои ба гуфтаашон дорои ангезаҳои сиёсӣ даъват кардаанд. Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки ин ду вакили дифоъ баъди он боздошт шуданд, ки барои ҳимояи ҳуқуқи аъзои раёсати боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ изҳори омодагӣ карданд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG