Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашид Олимов – аз комсомол то курсии дабири кулли Созмони Шанхай


Талоши чеҳранигорӣ аз Рашид Олимов, дипломати тоҷик, ки рӯзи 10 июл ба мақоми дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай менишинад.

Рӯзи 10 июл дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шаҳри Уфаи Русия Рашид Олимов, дипломат ва сиёсатмадори собиқадори тоҷик ва сафири кунунии Тоҷикистон дар Чин, ба ҳайси дабири кулли Созмони Шанхай муаррифӣ мешавад. Рашид Олимов дар ин мақом намояндаи Русия Дмитрий Мезентсевро, ки аз июни 2012 дабири кулли Созмони Шанхай буд, иваз мекунад.

Рашид Олимови 61-сола аз зумраи сиёсатмадорони собиқадорест, ки устухони худро ҳанӯз аз овони ҷавонӣ дар обу оташи сиёсат обутоб додааст.

Олимов Рашид Қутбиддинович 23 июни соли 1953 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 1975 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) ва соли 1990 Академияи илмҳои ҷамъиятии вобаста ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС)-ро хатм кардааст.

Рашид Олимов баъди хатми донишгоҳ як сол дар иттифоқи касабаи ин муассиса кор карда, аз соли 1976, баъди издивоҷ ба духтари Муҳаммад Осимӣ, президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон, ба кори “комсомол” (ВЛКСМ) – қаноти ҷавонони ҳизби ҳокими коммунист мегузарад. Нуқтаи авҷи карйераи Рашид Олимов раҳбарии маркази матбуоти Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон дар шаҳри Маскав дар соли 1985 буд. Баъди ин дар соли 1986 Рашид Олимов ба мақоми котиби якуми комсомоли Тоҷикистон расид. Соли 1988, бо гузаштан аз синни “комсомолӣ” Рашид Олимов дар синни ҳамагӣ 33 котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияи Фрнузе (ҳоло – Ибни Сино)-и шаҳри Душанбе ва дар нахустин интихоботи алтернативӣ дар соли 1990 аз ҳавзаи Фрунзе вакили Шӯрои олӣ – парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар Шӯрои олӣ раҳбарии Кумитаи ҷавононро бар ӯҳда дошт. Дар иҷлосия 16-уми Шӯрои олӣ дар поёни соли 1992 дар пайи ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон Рашид Олимов нахустин вазири хориҷа дар ҳукумати ӯ шуд.

28 декабри соли 1994 Рашид Олимов намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таъин гардида, баъди 10 соли кор дар Ню-Йорк ва “гузарондан”-и ибтикорҳое, чун Соли обу Даҳсолаи об, дар соли 2005 сафири Тоҷикистон дар Пекин шуд. Иттифоқан дар даврае ки Чин ба бузургтарин сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфт.

Умед Бобохонов
Умед Бобохонов

Онҳое ки Рашид Олимовро мешиносанд, эътироф мекунанд, ки ӯ дар замони Шӯравӣ комсомолу коммунисти хеле фаъол буд, вале ҳатто дар миёни номенклатураи он замон ҳам бо як кордонии вижааш фарқ мекард.

Умед Бобохонов, муассиси медиа-ҳолдинги “Азия Плюс” мегӯяд, Олимовро ҳанӯз аз миёнаҳои солҳои 80, тақрибан 30 сол боз мешиносад: “Бисёр одами эҷодкору аҳли ташаббус аст Рашид Олимов. Дар ҳар куҷое ки кор кардааст, ҳамеша бо ибтикорҳои ғайриоддиаш фарқ мекард. Вақте баъди ин раҳбари комсомоли Тоҷикистон шуд, Рашид Олимов ташаббуси “Минтақаи сулҳ”-ро ба миён овард, ки минтақаи орӣ аз ҷангу низоъ эълон кардани параллели 38-умро ба ҳадаф дошт.”

Шаҳрҳое, чун Душанбе, Вашингтон, Токио, Истамбул ва Исфаҳон ва ҳатто хатти ҷабҳаи байни ду Кореяи шимолӣ ва ҷанубӣ дар рӯи параллели 38-ум ҷойгир шудаанд. Мақомоти комсомол барои таблиғи ин ташаббус, ки аз номи донишҷӯе бо исми Мунира Набиева матраҳ шуда буд, ҳатто Далер Назаров, овозхони он замон ҳанӯз ҷавону умедбахшро ҷалб карданд ва ӯ таронаи маъруфи “Телефони сулҳ”-ро навишт.

Таронаи "Телефони сулҳ"-и Далер Назаров:

Умед Бобохонов мегӯяд, Рашид Олимов дар мансабҳои дигар низ ҳамеша азмаш ба ташаббускориро ҳифз кардааст: “Аз 10 соле ки дар СММ кор кард, ташаббусҳои Соли обу Даҳсолаи об, ки аз тарафи Тоҷикистон пешниҳод шуд, низ ба номи Рашид Олимов бармегардад.Дар канори Пекин дар баҳори соли 2006 бо ташаббуси Рашид Олимов 125 дарахти навъҳои “Мирсанҷалӣ” ва “Бобоӣ” як боғи зардолу сохтаанд. Ҳар сол дар мавсими гули зардолу сокинону меҳмонони Пекин ба тамошои ин боғи тоҷикӣ меоянд ва сафорати Тоҷикистон дар ин боғ ҳар сол маъракаи қироат ягон шоир ё адибро доир мекунад, ки бо номи “Абрикосовые чтения” маъруф шудааст. Ин мавзӯъ дар наққошии “Боғи зардолу”-и рассоми тоҷики муқими Амрико Фаридун Неъматзода, ки соли гузашта Тоҷикистон ба раҳбари Чин Си Ҷинпин тақдим кард, тасвир шудааст. Зимнан, идеяи ин асарро ҳам Рашид Олимов дода буд.”

Наққошии “Боғи зардолу”-и рассоми тоҷики муқими Амрико Фаридун Неъматзода, ки соли гузашта Тоҷикистон ба раҳбари Чин Си Ҷинпин тақдим шуд.
Наққошии “Боғи зардолу”-и рассоми тоҷики муқими Амрико Фаридун Неъматзода, ки соли гузашта Тоҷикистон ба раҳбари Чин Си Ҷинпин тақдим шуд.

Онҳое ки Рашид Олимовро аз наздик мешиносанд, мегӯянд, ки ӯ ҳамчунин ба забони русӣ шеъру наср ҳам менависад, вале то ҳол дар ягон ҷо чоп накардааст. Аммо дар яке аз саҳифаҳои Интернет як эссеи ӯ бо номи “Сӯзани сеҳрнок ва зардолуи мӯъҷиза” ( Волшебная Игла и Чудо-Абрикос») нашр шудааст.

Ӯ ҳамчунин бо суханрониҳои пурҳарораташ дар солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90 дар ёдҳо мондааст. Яке аз ҳамкорони давраи “комсомол”-и Олимов бидуни бурдани ном гуфт, ки ӯ ба ҳар суханрониаш бо як масъулияти тамом омодагӣ медид ва чанд рӯз дар хона дар пеши оина чи гуна сухан рондану кай даст ҷунбондан ва ҳатто ҳаракати лабонашро машқ мекард.

Мунтақидон аммо мегӯянд, Рашид Олимов дар асл аз хайли кадрҳои шахшудаест, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондаанд. Ба ақидаи онҳо, Олимов ҳамеша ба равиши об ҳаракат мекард ва як сабаби асосии чунин муддати тӯлонӣ боқӣ мондани ӯ дар арсаи сиёсии “сархӯр”-и Тоҷикистон ҳамин аст. Онҳо ба рӯйдодҳое ишора мекунанд, ки берун аз тарҷумаи ҳоли расмии Рашид Олимов мондааст.

Аз ҷумла ба ҳодисаҳои моҳи феврали соли 1990, ки Олимов ва як зумра аз мақомоти дигари ҳизби коммунист алайҳи истеъфои раҳбарони аввали ҷумҳурӣ – Қаҳҳор Маҳкамов, Изаттуло Ҳаёев ва Ғоибназар Паллаев – маърака сохтанд ва ҷараёни Пленуми Кумитаи марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистонро алайҳи Бӯрӣ Каримов ва намояндагони дигари эътирозгарон гардонданд.

Аҳмадшоҳи Комилзода, хабарнигори тоҷик ва яке аз қурбониёни саркӯбҳои баъди ҳодисаҳои феврал ба Озодӣ гуфт, Рашид Олимов, мутаассифона, ҳамеша дар ҷиноҳи онҳое буд, ки алайҳи ҳар навъ ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон сухан ва амал мекарданд: “Танҳо заруратҳои замон буд, ки бо назардошти манфиатҳои маҳалливу гурӯҳӣ аз Олимов шахсият сохтанд. Дар асл лаёқати чандоне надошт. Ин гурӯҳи ҳокими вақт буд, ки Рашид Олимовро барои мақоми раҳбари якуми Тоҷикистон тайёр мекард ва ӯро бо ҳамин ҳадаф қадам ба қадам ва зина ба зина болотару болотар мебурданд. Дар феврали соли 1990 низ Рашид Олимов, Рафиқа Мӯсоева, Шӯҳрат Султонов ва дигар мансабдорони ҷавонтар аз клани ҳоким зидди эътирозгароне, ки ислоҳот мехостанд, баромаданд.”

Ҳодисаҳои феврали соли 1990.
Ҳодисаҳои феврали соли 1990.

Рашид Олимов ҳамин тавр, дар поёни соли 1990 дар нахустин интихоботи президент дар парлумон дар муқобили Раҳмон Набиев аз номзадии Қаҳҳор Маҳкамов ҳимоят кард, вале баъди нокомии ГКЧП дар августи соли 1991 ба лагери Раҳмон Набиев гузашт. Бо ин вуҷуд, ӯ дар аҳди Набиев чандон рӯи хуше надид. Дар поёни соли 1992 Рашид Олимов дигарбора ба ҳукумат баргашт ва ин дафъа дар ҳукумати Раҳмон.

Рашид Олимов дар замони Шӯравӣ низ яке аз номзадҳои эҳтимолии клани он замон ҳокими Хуҷанд ба мақоми раҳбари аввали Тоҷикистон шумурда мешуд. Баъди соли 1992 ҳам бахусус дар матбуоти Русия Олимовро ҳатто “номзади эҳтиётӣ” ва як навъ алтернативаи Маскав дар муқобили Эмомалӣ Раҳмон рақам мезаданд. Аммо Олимов баъди соли 1992 ҳеҷ гоҳ аз доштани кадом амбитсияи сиёсие дарак надодааст ва аз сӯҳбат бо матбуот низ ҳамеша парҳез мекунад. Ҳамин ба даҳон об гирифтанаш, ба ақидаи нозирони умур, ҳамон “сад тило”-ест, ки умри сиёсии дарози Рашид Олимовро таъмин мекунад.

Рашид Олимов соли 2014 дар Академияи дипломатии шаҳри Маскав дар мавзӯи “Ҳамкории стратегии Тоҷикистону Чин дар соҳоти байналмилаливу сиёсӣ, иқтисодӣ ва башарӣ” рисола ҳимоя карда, унвони доктори улуми сиёсиро ба даст овард.

Видео аз маросими дифои рисолаи доктории Рашид Олимов:

Рашид Олимов зан ва ду писар дорад. Писаронаш – Фирдавс ва Олим – дар Пекин дар ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG