Пайвандҳои дастрасӣ

Ифшои "авлодбозӣ" ва харҷи 234 млн. дар Бонки миллӣ


Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб

Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб

Палатаи ҳисоб дар пайи як санҷиши молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, непотизм ё хешутаборбозии масъулони ин бонкро ошкор карда, ба сабукдӯш шудани ҳашт корманди ин бонк роҳ кушодааст.

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар пайи як санҷиши молиявӣ ё аудити Бонки миллӣ, мавридҳои непотизм ё хешутаборбозии масъулони ин ниҳодро ошкор карда, ба сабукдӯш шудани ҳашт корманди ин бонки асосии кишвар роҳ кушодааст. Он инчунин "истифодаи ғайримақсаднок" ё бо ҳадафҳои дигар харҷ шудани маблағҳои буҷаро аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон фош намудааст.

Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи натиҷаи аудити Бонки миллӣ гуфт, дар ин ниҳод ҳолатҳои истифодаи “ғайримақсаднок”-и маблағҳои давлатӣ ва инчунин ба кор гирифтани хешу табори мақомот ошкор шуд. Ҷаноби Давлатзода гуфт, бар пояи дархости Палатаи ҳисоб нафароне, ки ба якдигар хеш буданд ва дар ин ниҳоди молӣ дар тобеияти якдигар қарор доштанд, аз кор озод шудаанд. “Чанде пеш аз Бонки Миллӣ ба мо иттилоъ доданд, ки 8 нафарро аз кор озод кардаанд. Хешовандони наздики роҳбарияти бонк аз кор озод шуданд, ба дигар кор гузаронида шуданд. Ин 8 нафаре, ки дар назар доштем, ба роҳбарияти бонк муносибати хешутаборӣ доштаанд,”-гуфт ҷаноби Давлатзода.

Дилмурод Давлатзода дар идома гуфт, Бонки Миллӣ беш аз 234 миллион сомониро низ “ғаримақсаднок” истифода бурдааст: “Ин маблағҳо ба хотири пӯшонидани қарзи 554 миллионии хоҷагиҳои пахтакор дар назди сармоягузорон ё фючеристҳо ҷудо шуда буд ва бояд мустақим ба қарзҳои соҳаи кишоварзӣ равона мешуд, аммо санҷиш нишон дод, ин маблағҳо ба сохтмони мағоза, корхонаҳои пахтатозакунӣ ва дигар корҳо масраф шудааст, на кишоварзӣ.”

Аммо дар ҳоле ки раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон аз барканор шудани 8 нафар, ки хешутабори раҳбарони Бонки миллии Тоҷикистон будаанд, хабар дод, намояндагони бонк мегӯянд, дар ин бора иттилое надоранд.

Абдуғаффор Қурбонов

Абдуғаффор Қурбонов

Абдуғаффор Қурбонов, роҳбари Хадамоти мабуоти Бонки миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “воқеан, Палатаи ҳисоб дар Бонки миллӣ санҷиши нақшавӣ гузаронда буд. Аммо дар бораи озод шудани 8 корманд чизе нашунидаам.”

Дар ҳоле, ки Қонуни хидмати давлатии Тоҷикистон дар як муассисаи давлатӣ кор кардани хешу таборро манъ кардааст, мансабдорони тоҷик дар аксари маврид ин амри қонунро риоя намекунанд. Вале масъалаи непотизм дар идораҳои давлатӣ умдатан ба шакли интихобӣ матраҳ мешавад ва ниҳодҳои тафтишотӣ на ҳамаи мақомдоронеро, ки ба фарзандони худ ё хешу табори наздик дар ниҳодҳои таҳти назари худ кор додаанд, ошкор мекунанд.

Дилмурод Давлатзода гуфт, Палатаи ҳисоб ягона ниҳоди масъул аст, ки ҳаққи тафтиши дахлу харҷи маблағҳои буҷа дар ниҳодҳои қудратиро низ дорад. Ӯ афзуд, санҷиши молиявӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода низ як факти машкукеро дар робита ба хариди давлатии мошинҳои хизматӣ ошкор кардааст. ​

Ба қавли ӯ, “Кумитаи ҳолатҳои фавқулода 3 мошини махсуси тамғаи "Нива"-ро ҳар кадом бо маблағи 94 ҳазор доллар, ду мошини махсуси тамғаи УАЗ-ро бо нархи 114-ҳазордолларӣ ва ду автомобили тамғаи ГАЗ (вездеход)-ро бо қимати 126-ҳазордолларӣ харидааст. Нархи ин мошинҳо ба назари мо хеле аз будаш гарон аст,”-ишора намуд ҷаноби Давлатзода.

Бино бар ҳисобҳои ин ниҳод, масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин мошинҳоро аз нархи аслиаш, дар маҷмуъ, 2,5 миллион сомонӣ гаронтар харидаанд. Аз ин рӯ, Палатаи ҳисоб натиҷаҳои аудитро барои чораҷӯии минбаъда ба Оҷонсии мубориза ба зидди фасоди молӣ фиристодааст.

Палатаи ҳисоб, ки бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон тобистони соли 2011 таъсис ёфтааст, як ниҳоди мустақилест, ки харҷи буҷаи давлати Тоҷикистонро бозрасӣ мекунад ва солона ба президент ва ҳам порлумон дар ин бора гузориш медиҳад. Он дар соли гузашта беш аз 300 санҷишро дар идораҳои давлатӣ анҷом додааст. Дар пайи ин санҷишҳо маълум шуд, ки идораҳои давлатӣ ҳудуди 70 миллион сомониро дар бахшҳое истифода кардаанд, ки аз ибтидо тарҳрезӣ нашуда буд.

Бино бар қонунгузории кишвар, ҳайати раҳбарӣ ва бозрасони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди раисиҷумҳур ва тавсиби Маҷлиси намояндагон ба муҳлати ҳафт сол таъин шуда, як нафар ҳақ надорад, зиёда аз ду мӯҳлат дар ин ниҳод кор кунад.​

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG