Пайвандҳои дастрасӣ

Аз мудир то фаррош ҳама хеш, дарвеше нест


Деҳаи Арақчин дар ноҳияи Варзоб

Деҳаи Арақчин дар ноҳияи Варзоб

Дастури мақомоти ноҳия Варзоб, ки хешу табор дар як мактаб кор накунанд, мудири ин муассисаро ҳайрон кардааст, зеро ҳама дар ин деҳа хешу табори ҳамдигаранд.

Мақомоти ноҳия Варзоб, аз роҳбари як мактаби ҳамагонӣ дар ин минтақа талаб кардаанд, ки афроди бо ҳам хешу наздикро, ки бо ӯ дар як мактаб кор мекунанд, аз кор берун кунад. Ин талаб бар пояи қонунҳои Тоҷикистон гузошта шуд, ки фаъолияти хешу таборро дар як муассиса манъ кардааст.

Шавкат Абдулазизов, директори мактаби деҳаи Арақчини ноҳияи Варзоб, ҳайрон аст, ки бо амри мақомот чӣ кор кунад, зеро дар ин деҳаи хурди кӯҳӣ ҳама ба якдигар хешанд ва касе аз берун намехоҳад, дар ин деҳаи дурдаст кору зиндагӣ кунад. “Масалан, мо чӣ гуна як фаррошро аз деҳаи дигар интихоб кунем? Дар ҳоле, ки фаррош бояд соати 6−и субҳ омада синфхонаҳоро тоза кунад. Агар мо як нафарро аз наздикии мактаб ва деҳаи худамон интихоб накунем, чӣ гуна як шахс аз қишлоқи дигар омада дар ин ҷо фаррошӣ кунаду дар зимистон дар печкаҳо оташ гирон мекунад,” -- мегӯяд мудири мактаб.

Ҷаноби Абдулазизов мегӯяд, ин масъала дар як ҷаласаи вижа дар маркази ноҳия баррасӣ шуд ва дигар роҳбарони мактабҳои деҳаҳои дурдаст низ норизоятии хешро дар ин робита изҳор доштанд. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, бо вуҷуди ин ки мактаби деҳашон хурд аст, савия дониши мактабачагон аз шаҳрҳо дида камтар нест. “Соли гузашта кулли 11 хатмкунандаи мактаб шомили мактабҳои олӣ шуданд,” -- гуфт бо ифтихор директори мактаб.

Иддаои роҳбари мактаб дар ҳолест, ки қонунҳои Тоҷикистон якҷо ва дар тобеияти ҳамдигар кор кардани хешовандони наздикро манъ кардааст. Ин нукта дар ду қонун -- Кодекси меҳнат ва Қонуни мубориза бо коррупсия зикр шудааст. Дар моддаи 29−уми Кодекси меҳнат омадааст, “дар ду (якчанд) ҷой ҳамроҳ кор кардани хешовандон дар ташкилотҳои давлатӣ, ки таҳти итоату назорати бевоситаи ҳамдигар қарор доранд, манъ аст.”

Ватан Абдураҳмонов

Ватан Абдураҳмонов

Айни ҳамин мафҳум дар банди якуми моддаи 9−уми Қонун “Дар бораи мубориза бо коррупсия низ зикр шудааст. Аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, талаботи ин қонунҳо шомили кори устодони ин макотиби дурдаст намешавад. Ватан Абдураҳмонов, ҳуқуқшиноси ва довари собиқдор мегӯяд, дар ҳоле ин қонун ба амал медарояд, ки худи директори мактаб муаллимҳоро ба кор гирад.

“Муаллимҳо ва дигар кормандони мактабро бо пешниҳоди директор мудири маориф ба кор мегирад ва штати кориро таъин мекунад. Аз ин рӯ, дар ин ҷо ягон хел ҷиноят вуҷуд надорад ва гуфтаҳои мақомоти ноҳия ва Оҷонсии зидди коррупсия хислати тавсиявӣ доранд,” -- гуфт Ватан Абдураҳмонов. Ӯ мегӯяд, дар деҳаҳои дурдаст имкони интихоби мутахассисон зиёд нест ва аз ин рӯ дар чунин шароит кор кардани муаллимон боке надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоле ба масъалаи “непотизм” ё хешутаборбозӣ дар идораҳои давлатӣ рӯ овард, ки масали “аввал хеш баъд дарвеш” дар баъзе идораҳои давлатӣ ба таври густарда таҷриба мешуд. Мавҷудияти ин қонуншиканиро ду ниҳоди давлатӣ -- Вазорати меҳнат ва Оҷонсии мубориза бо фасод бар дӯш доранд. Аммо бо вуҷуди ин намунаҳои барҷастаи непотизм дар ҳукумат номбар нашуданд ва хеле кам иттифоқ афтодааст, ки нафари баландпояе танҳо ба хотири хеши мақомдор буданаш, аз мансаб барканор шуда бошад.

Танҳо охиран, Палатаи ҳисоб дар пайи як санҷиши молиявӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, непотизм ё хешутаборбозии масъулони ин бонкро ошкор кард, ки ба сабукдӯш шудани ҳашт корманди ин бонк роҳ кушод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG