Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санҷиши бинову корхонаҳои Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим


Муҳиддин Кабирӣ
Муҳиддин Кабирӣ

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба тафтиши бино ва корхонаҳои мутааллиқ ба Муҳиддин Кабирӣ, Абдуҳалим Назарзода, ва наздикони онҳо оғоз кардааст.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ба санҷиши бино ва корхонаҳои мутааллиқ ба Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ, Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) - муовини собиқи вазири дифоъ ва наздикони онҳо оғоз кардааст.

Аламхон Наимӣ, муовини аввали раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, рӯзи 2 феврал гуфт, то кунун аз 12 иншоот ва корхонаҳои Ҳоҷӣ Ҳалим 8 ададшро аз санҷиш гузарондаанд. Ба қавли ӯ, "танҳо дар ин 8 иншооти таҳти санҷиш қарордодашуда муайян гардид, ки ҳангоми хусусигардонии амволи давлатӣ ва ҷалби қарзҳои бонкӣ бо роҳи сохтакорӣ ба давлат 5,3 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонда шудааст."

Аламхон Наимӣ
Аламхон Наимӣ

Муовини аввали раиси Оҷонсии зиддифасод гуфт, ки ин санҷишҳо бар асоси қарори роҳбари Гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулл анҷом мегирад ва ҳадафаш машаххас кардани "дурустии хусусигардонии ин бино ва корхонаҳо аст".

Инчунин, аз тарафи кормандони Оҷонсӣ, ки ба гуфтаи Аламхон Наимӣ ба гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ вобаста ба парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Муҳиддин Кабирӣ ва наздикони ӯ шомил шудаанд, 42 бинои маъмурию манзилҳои истиқоматӣ ва 70 номгӯи молу амволи дигари ӯ ошкор шудааст.

Санҷиши бинову корхонаҳои Кабирӣ ва Ҳоҷӣ Ҳалим
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:07 0:00

Ҳисобу китоби бино ва чигуна хусусӣ гардонда шудани биноҳои мутааллиқ ба Ҳоҷӣ Ҳалим ва Муҳиддин Кабирӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки мақомоти тоҷик аввалиро барои ташкили ҳамлаҳои моҳи сентябри соли гузашта ва дувумиро барои сармоягузории ин ҳамлаҳо муттаҳам

Абдуҳалим Назарзода
Абдуҳалим Назарзода

карданд. Аз ҷумла мақомоти Кумитаи давлатии амниятми миллии Тоҷикистон се моҳ пеш дар як гузориши расмӣ ​Рӯҳуллоҳ Тиллозода -- писари калонии Муҳиддин Кабириро барои дастрас кардани 1 миллиону 200 ҳазор доллар ба муовини пешини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карданд.

Вале Муҳиддин Кабирӣ, ки баъди интихоботи парлумонии соли гузашта дар хориҷ ба сар мебарад, чунин иттиҳомотро бепояву асос хондааст.

Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон баъди ҳамлаҳои моҳи сентябр ба ҳисобукитоби дороиҳои генерал Назарзода пардохта, иттилои муқаддамотии худро тариқи телевизионҳои давлатӣ эълон карданд. Аз ҷумла, бар асоси ин гузориш, Ҳоҷӣ Ҳалим дар кӯчаи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе соҳиби корхонаи нонпазӣ буда, ба иддаои мақомот онро ғайриқонунӣ аз худ карда будааст. Ба иттилои мақомот, гӯё Назарзода дар дохили ин корхона як хонаи сеошёна низ пӯшида, гоҳо дӯстонашро дар онҷо ҷамъ меовардааст.

"Дар Варзоб се истироҳатгоҳи бузург бо номи "Зафар" дорад, ки гаронбаҳоянд. Бинои Донишкадаи геодозии Академияи илмҳоро дар маҳаллаи Қаротегин аз худ карда, баъд аз таъмир онро ба хонаи

Яке аз иншооти мутааллиқ ба Ҳоҷӣ Ҳалим
Яке аз иншооти мутааллиқ ба Ҳоҷӣ Ҳалим

истиқоматӣ табдил додааст. Дар 50 гектар замини атрофи ин донишкада худсарона нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, хоҷагии ёрирасон барои парвариши нигоҳдории чорво ташкил намудааст," -- таъкид шуд дар ин гузориш.

Инчунин, бино ба тафтишоти мақомот Абдуҳалим Назарзода молики як хоҷагии деҳқонӣ бо номи "Тобистон" будааст, ки заминҳояшро ба иҷора додаанд. Назарзода дар ин гузориш ҳамчун молики фабрикаи мурғпарварӣ ва асппарварӣ низ муаррифӣ шуд.

Муаллифони гузориш гуфтанд, ки фабрикаи мурғпарварии "Тарз" низ ба Абдуҳалим Назарзода тааллуқ дошта, аммо чанде пеш ба маблағи 500 ҳазор доллар ба Саъдулло Бафоев фурӯхта шудааст. Гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ толори варзишии "Лидер" дар шафати кӯчаи Зебуннисо ва тарабхонаи "Зайтун"-у кафе-бари "Бахтиёр"-ро низ ба ӯ мутааллиқ донистаанд. Фермаи чорвои калону майда ва асппарварӣ дар Рашт, 5 хонаи истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва ошёнаи сеюми як бинои сеошёна дар хиёбони Рӯдакӣ-187-и шаҳри Душанбе низ аз дороиҳои генерали фирорӣ гуфта шуданд.

Агарчӣ дар ин гузориш дар бораи хонаводаи Абдуҳалим Назарзода чизе гуфта нашуд, аммо ҳангоми шумориши дороиҳояш як мағозаи фурӯши маҳсулоти чорво ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ноҳияи Варзоб аз зани севумаш муаррифӣ шуд.

XS
SM
MD
LG