Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯён дубора ба остонаи Палмира расидаанд?


Ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дубора ба остонаи шаҳри қадимии Палмира расидаанд. Бар асоси хабари шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳори арабӣ, ҳоло дар наздикии Палмира задухӯрди нерӯҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни ДИИШ идома дорад. Ин шаҳр моҳи марти имсол аз тасарруфи ҷангҷӯён озод ва ба ихтиёри нерӯҳои ҳукуматӣ гузашта буд. Тасарруфи Палмира аз тарафи ДИИШ дар моҳи майи соли 2015 ҷомеаи ҷаҳониро сахт нигарон кард. Бахусус, вақте онҳо ибодатгоҳ ва биноҳои қадимии ин шаҳрро нобуд карданд.

XS
SM
MD
LG