Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон гуфт, ки тими "Равшан" -и Кӯлоб ҳатман дар бозиҳои Ҷоми АФК ширкат мекунад.

Маликшоҳ Неъматов, рӯзи 17-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли радиои Озодӣ дар мавриди мушкилоти молии тими футболи "Равшан" гуфт, ки "мо ба ҳар роҳе, ки бошад, тими "Равшан"-ро дастгирӣ мекунем, ки ҳам дар бозии Ҷоми АФК ва чемпионати Тоҷикистон ширкат кунад. Тими "Равшан" воқеан командаи пурқувват аст ва ин тим ҳатман Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард."

Ба таъкиди ҷаноби Неъматов, чунин мушкилот ҳамеша пеш меояд, чун қаблан тими "Вахш" чунин мушкилоти молӣ дошт, аммо сарпараст пайдо кард.

Ба гуфтаи раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёйҳӣ, "аз даст додани тими "Равшан" ба манфиати Тоҷикистон нест ва ҳатман сарпарастон пайдо хоҳанд шуд."

Ӯ афзуд, тими "Равшан" -ро то кунун ширкати "Ҳоҷӣ Шариф" сарпарастӣ кард ва муддати ду соли ахир чемпиони Тоҷикистон низ шуд. Ба гуфтаи Маликшоҳ Неъматов, барои ширкати як тим дар чемпионати Тоҷикистон маблағи 1- 1,5 миллион сомонӣ кофӣ нест.


Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб ба иллати вазъи мушкили молии бошгоҳ то ҳоло наметавонад ба бозии плей-оффи Ҷоми АФК-2014 бо тими «Ал Ярмук»-и Яман омодагӣ бигирад. Дилшод Шарифов, менеҷери дастаи «Равшан», рӯзи 16-уми январ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «вазъии молии бошгоҳи мо дар айни ҳол бисёр мушкил аст. Бинобар ин доир шудани бозии “Равшан” бо “Ал Ярмук” дар плей-оффи Ҷоми АФК зери суол аст.»

Ба гуфтаи Шарифов, мувофиқи нақша онҳо бояд ҳанӯз рӯзи 10-уми декабр ҷамъомади таълимиву тамринии дастаро шурӯъ мекарданд, вале барои омодагӣ ва ширкат дар ин бозӣ, ҷойи хоб ва ғизои футболбозону қабули меҳмонон тахминан 150 ҳазор сомонӣ зарур будааст. Дилшод Шарифов гуфт, «мо ҳатто аз футболбозони худ барои бурдҳои даста дар ду моҳи ахири мавсими гузашта қарздорем».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG