Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 10 декабр ҷаҳониён ба раҳбари собиқи Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела хайрбод гуфтанд.

Рӯзи 10 декабр ҷаҳониён ба раҳбари собиқи Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела хайрбод гуфтанд. Дар ин кишвар маросими дафн суннатҳои хос дорад: мардум дар кӯчаву хиёбонҳо рақсу овозхонӣ мекунанд ва раҳбари даргузаштаи худро мадҳу сано мехонанд. Мегӯянд, васияти худи Мандела ҳам ҳамин будааст, ки дар рӯзи марги вай касе ашк нарезад ва танҳо корҳои некашро ёд кунанд.

Бо ин вуҷуд, барои аксар ҳозирини маросими дафн, ки дар як варзишгоҳи азими пойтахти кишвар шаҳри Ёҳаннесбург ташкил шуд, марги Нелсон Мандела чун як фоҷеаи азиме арзёбӣ шуд:

  • Кишвари мо бузургтарин фарзандаш ва мардуми мо падари худро аз даст дод, - гуфт дар суханрониаш Ҷейкоб Зума, президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ. – Ҳарчанд мо чунин як рӯзро пешгӯӣ мекардем, вале ҳеҷ чизе наметавонад дарди амиқи моро аз чунин як талафоти ҷовидона кам кунад.

Нелсон Мандела, ки рӯзи 5 декабр дар синни 95-солагӣ даргузашт, дар таърихи Фредерик де Кларк бо ҳамсараш

Фредерик де Кларк бо ҳамсараш

қораи Африқо ва ҳам ҷаҳон чун рамзи мубориза бо апартеид ва асосгузори як давлати наву созанда, ки бар пояи баробарии нажодӣ сохта шудааст, хоҳад монд. Зимнан, макони маросими дафн ҳам махсусан интихоб шудааст: соли 1990, баъди 27 соли зиндон дар ҳамин варзишгоҳи “Соккер Сити”, ки ҳоло маҳалли хайрбоди Мандела шудааст, суханронии таърихии ӯ садо дода буд.

Фредерик де Кларк, собиқ президенти Африқои Ҷанубӣ, ки ҳамроҳ бо Мандела дар бо нобаробарии нажодӣ мубориза бурдааст, гуфт, як хислати хуби раҳбари пешинашро ёд дорад, ки аслан ба рамзи ҳамешагии эҳтиром ба ҳамдигар ва баробарии инсонҳои ҳаррангу намуд мубаддал шуд:

  • Ман ҳамеша бо як дилгармӣ лаҳзаеро ба ёд меорам, ки баъди озодшавии вай аз зиндон рӯй дод. Он вақт ӯ, ман ва Табо Мбеки ба даҳлези қасри ҳукуматӣ баромадем, то ки ба мардум салом бигӯем. Ҳамин лаҳза ӯ дасти ману Мбекиро баланд бардошт ва ҳамин акс ҳам таърихӣ шуд. Вай бо ин кораш ба ҳамагон паём фиристод, ки бубинед, бо вуҷуди тафриқаву ихтилофҳои гузашта, мо ҳамеша дар паи бунёди Африқои Ҷанубии нав мешавем, - гуфт Фредерик де Кларк.

Ҳарчанд ҳукумати ин кишвар ба ҳеҷ раҳбаре даъватномаи ширкат дар маросими видоъ бо Манделаро нафиристодааст, шахсиятҳои аввали ҷаҳон аз пеши худ изҳори омодагӣ карданд, ки дар лаҳзаи охирини хайрбод бо ин шахсият дар канори мардуми Африқои Ҷанубӣ бошанд. Ҳамин тавр, рӯзи 10 декабр дар маросими хайрбод президентони амалкунандаву собиқи ИМА - Барак Обама, Ҷимми Картер, Билл Клинтону ҳамсараш Ҳиррарӣ Клинтон, Ҷорҷ Буши хурдӣ иштирок карданд.



Нахустин президенти сиёҳпӯсти ИМА Барак Обама дар суханронии худ гуфт, “Мандела як таърихи азимест, ки кишварашро ба самти адолат раҳнамоӣ кардааст”. Вай дар муроҷиат ба мардуми ин кишвар гуфт, “ташаккур, ки Нелсон Манделаро бо мо тақсим кардед”.

Дар баробари раҳбарони Амрико, дар маросими дафн инчунин, раҳбарони 70 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла президенти Бразилия Дилма Руссеф ва се раҳбари Обама ба ҳамсари Мандела - Граса Машел изҳори тасаллият мекунад

Обама ба ҳамсари Мандела - Граса Машел изҳори тасаллият мекунад

собиқи ин кишвар, президентони амалкунанда ва собиқи Фаронса – Франсуа Олланд ва Николя Саркозӣ, нахуствазири Канада Стивен Ҳарпер ва се сарвазири собиқи ин кишвар иштирок мекунанд.

Айни замон, баъзе кишварҳо расман эълон карданд, ки аз сафар ба маросим худдорӣ мекунанд. Раҳбари ҳукумати Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ки ин сафар барои буҷаи кишвар хеле гарон - дар ҳудуди ду миллион доллар баровард мешавад, чун хароҷоти таъмини амниятро низ тақозо мекунад, аз ин рӯ ӯ аз сафар ба Африқо худдорӣ мекунад.

Аз ширкати мақомоти Тоҷикистон дар маросими хайрбоди Мандела хабаре нест, вале рӯзи даргузашти раҳбари собиқи Африқои Ҷанубӣ президенти Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи тасаллият ба унвони президенти Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума навишт: "Номи ин абармарди замон даҳсолаҳо парчами озодихоҳони тамоми дунё буд. Рӯҳи шикастнопазири ӯ, ки онро на зиндонҳои апартеид ва на фишори ғайриинсонии равонӣ баҳам зада натавонистанд, ҳамеша намунаи волотарин ва қавитарин иродаи Инсони мубориз, Инсони пок ва озодихоҳ боқӣ хоҳанд монд."


Нигоҳе ба корномаи Мандела

Нелсон Мандела дар таърихи 8 июни соли 1918 дар Тронски дар Африқои Ҷанубӣ ба дунё омад. Падари ӯ Ҳенрӣ Мандела яке аз раисони қабилаи Тембу буд. Нелсони ҷавон дар донишгоҳҳои Fort Hare University ва University of Witwatersrand таҳсил кард ва дар соли 1942 дар риштаи ҳуқуқ фориғуттаҳсил шуд. Ӯ дар соли 1944 ба Кунгураи миллии Африқо ва аз соли 1948 ба Ҷунбиши сиёсӣ ва муқовимат дар баробари давлати апартеид пайваст. Манделаро дар солҳои 1954 ва 1961 ба иттиҳоми хиёнат дар додгоҳҳои Африқои Ҷанубӣ муҳокима карданд, вале дар ниҳоят ӯ бегуноҳ баромад.


Пас аз мамнӯъ шудани фаъолияти Кунгураи миллии Африқо дар соли 1960, Нелсон Мандела аз ҷумлаи афроде буд, ки тарафдори таъсиси як ҷиноҳи махфӣ ва низомӣ барои ин гурӯҳ буданд. Раҳбарии Кунгураи миллии Африқо дар моҳи июни соли 1961 пешниҳоди Нелсон Манделаро баррасӣ карда ва тасмим гирифт, ки касоне тарафдори идеяи Мандела барои таъсиси шохаи низомӣ ва истифода аз равиши хушунатомез ҳастанд, ба ӯ бипайванданд ва раҳбарии ин созмон монеи фаъолияти онҳо нахоҳад шуд.

Ин тарҳи сиёсӣ ба шаклгирии як бахши низомии Кунгураи миллии Африқо сабаб шуд. Дар соли 1962 Нелсон Мандело дастгир ва ба панҷ сол зиндон дар урдугоҳҳои кори иҷборӣ маҳкум шуд. Дар соли 1963 вақте, ки шумори зиёде аз раҳбарони Кунгураи миллии Африқо ба гурӯҳи шибҳи низомии вобаста ба он боздошт шуданд, Нелсон Мандела низ дар баробари онҳо дар додгоҳ ба ҷурми тавтеа барои сарнагунии ҳукумат, муҳокима шуд. Мурофиаи ӯ дар сатҳи байналмилалӣ таваҷҷӯҳи зиёдеро ба худ ҷалб кард. Дар моҳи июни соли 1964 ҳашт нафар аз муттаҳамони ин парванда, аз ҷумла Нелсон Мандела ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Ӯ аз соли 1964 то 1982 дар зиндони ҷазираи Роббен ва пас аз он ба зиндонҳои Поллсмор ва Виктор Верстер мунтақил шуд.

Мавқеияти сиёсӣ ва шӯҳрати Нелсон Мандела дар солҳои зиндон бо гузашти замон бештар шуд. Ӯ тамоми солҳои зиндонро фидои аҳдофе кард, ки дар оғози муборизаи сиёсӣ барои худ таъйин карда буд. Дар маҷмӯъ 27 солро дар зиндон сипарӣ кард. Пас аз озодӣ аз соли 1990 Нелсон Мандела шеваи муборизаи дур аз хушунат ва сулҳталабонаро пеш гирифт. Дар соли 1991 дар ҷараёни аввалин конфронси саросарии Кунгураи миллии Африқо, ки пас аз ҳудуди чаҳор даҳа дар хоки Африқои ҷанубӣ баргузор шуд, Нелсон Мандела ба унвони раҳбари ин ҳизб баргузида шуд. Ӯ бо ҳукумати Африқои ҷанубӣ ба гуфтугӯ нишаст, то кишваре бисёрқавмӣ ва демократӣ ва аз назари нажодӣ баробар, поягузорӣ шавад.

Дар соли 1992 пас аз интиқоли мусолиматомезди қудрат аз режими апартеиди Африқои Ҷанубӣ, ба аҳзоб ва намояндагони аксарияти сиёҳпӯсти ин кишвар, ҷоизаи Нобел, ба таври муштарак ба Нелсон Мандела ва Ф.В.де Клерк, охирин нахуствазири давлати сафедпӯсти Африқои Ҷанубӣ дода шуд. Ӯ аз машҳуртарин чеҳраҳои муосири ҷаҳон ва аз ҷумлаи раҳбарони сиёсист, ки дар бораи фаълияту муборизаҳои ӯ мақолаҳо, китобҳо ва таҳқиқоти зиёде нашр шудааст. Илова бар ҷоизаи ҷаҳонии сулҳи Нобел, оқои Мандела нишонҳои зиёди миллӣ ва байналмилалиии зиёдеро низ аз кишварҳои гуногун дарёфт кардааст.
XS
SM
MD
LG