Пайвандҳои дастрасӣ

6 ҳазор зани бешавҳар – яке аз натиҷаҳои муҳоҷират (ВИДЕО)


Намое аз ҳамоиши “Муҳоҷирати занони тоҷик: мушкилоти феълӣ ва роҳҳои ҳалли он” дар шаҳри Душанбе. 23 декабри соли 2014.

Намое аз ҳамоиши “Муҳоҷирати занони тоҷик: мушкилоти феълӣ ва роҳҳои ҳалли он” дар шаҳри Душанбе. 23 декабри соли 2014.

Ширкаткунандагони як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе муҳоҷиратро омили пошхӯрии хонаводаҳо ва афзоиши фоҳишагӣ арзёбӣ кардаанд.

Ҳамоиши “Муҳоҷирати занони тоҷик: мушкилоти феълӣ ва роҳҳои ҳалли он” ба ибтикори дафтари намояндагии Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмони иҷтимоии “Перспектива плюс" ва Маркази таҳқиқотии журналистӣ рӯзи 23 декабр баргузор шуда ва дар кори он масъулони вазорати адлия, хадамоти муҳоҷират, кумитаи кор бо занон ва оила, намояндагони созмонҳои байналмилалии муҳоҷират ва хабарнигорон ширкат кардаанд.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони “Перспектива плюс” гуфт, ки солона то ҳудуди 12 ҳазор мард дар муҳоҷирати корӣ издивоҷ мекунанд, ки агар аз ин теъдод ҳудуди 6 ҳазораш мардҳои зандор бошанд, 6 ҳазори дигар муҷаррад ҳастанд.

Ба ин далел ба гуфтаи хонум Бобоназарова, дар Тоҷикистон 6 ҳазор зан-духтар бешавҳар мемонад ва як омили афзоиши фоҳишагӣ, маҳз дар муҳоҷирати мардон аст, ки иддае аз онҳо аз занони худ рӯ мегардонанд ва занон, ки танҳо монданд, ба роҳҳои номуносиб мераванд.

Аммо Маҳбуба Азимова, як масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гуфт, ки муддати нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, 83 ҳазор зан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ду ҳазор нафар зиёд хастанд.

Ба гуфтаи хонум Азимова, ҳамчунин дар ёздаҳ моҳи соли ҷорй дар Тоҷикистон беш аз 8300 хонавода аз ҳам пошидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 920 маврид бештар аст.

Хонум Азимова аз 12 дарсад коҳиш ёфтани ҷинояткории занону ноболиғон дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ хабар дода ва гуфт, ки дар ин давра 1399 ҷинояти мухталиф содир шуда, ки 681 маврид аз ҷониби занон ва боқӣ аз сӯи ноболиғон сар задааст.

Ҳамзамон ба гуфтаи хонум Азимова, аз теъдоди умумии гирифторони бемории сироятӣ дар кишвар, ки 6300 нафар сабт шудааст, 1800 нафарашон занон буда ва ин рақам нисбати соли гузашта 422 нафар афзудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG