Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наберагони Анвар-пошшо ҷои марги бобои худро боғ мекунанд


Анвар-пошшо

Анвар-пошшо

Набераҳои Анвар-пошшо дар ҳамкорӣ бо сафорати Туркия дар Душанбе дар ноҳияи Балҷувон "Боғи Анвар-пошшо"-ро бунёд мекунанд. Пайвандони Фориқ-Афандӣ, муҳофизи Анвар-пошшо ҳам гуфтаанд, устухонҳои ӯро ба Туркия мебаранд.

Набераҳои Анвар-пошшо дар ҳамкорӣ бо сафорати Туркия дар Душанбе дар ноҳияи Ховалинг "Боғи Анварпошшо"-ро бунёд мекунанд. Ин ваъдаи наберагони Анвар-пошшо буд, ки 18 сол соли пеш ба сокинони ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон дода буданд.

Дар назар аст, барои гиромидошти хотираи афроди таърихӣ, инчунин чашмаҳое, ки аспони сарбозони Анварпошшо дар мавзеи Чагани Ховалинг об мехӯрданд, дар шакли қадимияшон бозсозӣ шаванд.

Акобир Мухаков, ҳамоҳангсози барномаҳои ширкати туркии «Техно» дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин ширкат ба миқдори 17 километр роҳро аз деҳаи Шехони ноҳияи Ховалинг то мавзеи Чаган бунёд кардааст ва ҳафтаи дигар як ҳайати туркӣ ба ин мавзеъ сафар карда, барномарезиҳои наверо баррасӣ кунад. Мухаков меафзояд, бунёди боғ, мақбара ва боз идомаи роҳ то ноҳияи Ховалинг аз тарҳҳое ҳастанд, ки наберагони Анварпошшо дар ҳамкорӣ бо сафорати Туркия дар Тоҷикистон амалӣ хоҳанд кард.

«Ин роҳ барои сокинон хеле муҳим аст. Зиндагии сокинон, ки дар ин мавзеъ боғ доранд, ба роҳ вобастааст. Онҳо меваи худро бинобар вайрон будани роҳ ба бозор бароварда наметавонанд. Ба хотири кӯмак ба сокинон ин кори хайрро ширкати мо аз ҳисоби худ анҷом дод. Ҳоло нақшаҳои сохтани мақбара, боғ ва сохтмон дар чашмаҳое, ки аспони Анварпошшо об хӯрдаанд, аз нақшаҳои дигар аст, ки пас аз сафари як ҳайат дар ҳафтаи дигар амалӣ хоҳанд шуд.»

Ин масъули ширкати туркӣ гуфт, эҳтимол наберагон ду сол баъд 135-солагии Анварпошшоро таҷлил кунанд ва ин ҳама ободкориҳо ба ин хотир сурат хоҳад гирифт.

Сокинони деҳаи Шехони ноҳияи Ховалинг мегӯянд, ҳанӯз соли 1996 замоне, ки наберагон устухонҳои бобои худро аз ин мавзеъ мебурданд, ваъда карда буданд, ки даст ба ободии ин мавзеъ хоҳанд зад. Аммо танҳо пас аз 18 сол тасмим доранд, ба ваъдаи худ вафо кунанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки дар чанд моҳи ахир 17 км роҳи миёни Ховалинг ва Балҷувон таваассути наберагони Анвар-пошшо ва сафорати Туркия дар Душанбе бозсозӣ шуд.

Зайдулло Музаффаров, як сокини рустои Шехони ноҳияи Ховалинг, ки бо туркҳо ҳамкорӣ дорад, рӯзи 29-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "наберагони Анвар-пошшо пас аз 14 сол ба ваъдаи худ вафо карданд. Онҳо роҳи ин мавзеъро бозсозӣ намуда дар талоши бунёди "Боғи Анвар-пошшо" ва мақбараи ӯ дар мавзеи Чаган, ки маҳалли дафни ӯст, мебошанд."
Зайдулло Музаффаров

Зайдулло Музаффаров

Ба гуфтаи ҷаноби Музаффаров, соли 1996, яъне 16 соли пеш ҳангоме, ки устухонҳои Анвар-пошшоро, наберагону сафорати Туркия аз мавзеи Чагани ноҳияи Ховалинг ба Туркия интиқол доданд, ваъда карда буданд, ки роҳи ин мавзеъро бозсозӣ карда ва дар ин ҷо "Боғи Анвар-пошшо" ва мақбараи ӯро бунёд мекенанд.

Анвар-пошшо, посбони вай - Фориқ Афандӣ ва Давлатманд-бий, як тан аз ҳаммаслакони Анвар-пошшо, ки зидди нирӯҳои Шӯравӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза меҷангиданд, моҳи марти соли 1922 дар як даргирӣ бо Артиши сурх дар мавзеи Оби дараи ноҳияи Балҷувон кушта шуданд. Ҷасади ин се нафарро сокинони маҳаллӣ пинҳонӣ дар мавзеи Чагани ҳозира ноҳияи Ховалинг ба хок супурдаанд.

Пас аз 74 соли ин воқеа, замоне ки Ёқуб Салимов вазири корҳои дохилӣ ва баъдан сафири Тоҷикистон дар Туркия буд, наберагони Анвар-пошшо ҷасади ӯро аз Балҷувон ба Туркия бурданд. Ҳоло наздикони Фориқ-Афандӣ низ чунин тасмиме гирифтанд, то устухонҳои ӯро ба ватанаш баранд.

Зайдулло Музаффаров, як сокини деҳаи Шехон мегӯяд, ӯ дар бораи кушта шудан ва маҳалли гӯр кардани ин се шахсият маълумоти пурраро аз бобояш гирифтааст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, гӯри ин се танро бобояш канда ва ба фарзанду наберагон барои “рӯзи мабодо” дар ин маврид маълумот додаст.

Ин аст, ки ба гуфтаи ҷаноби Музаффаров, наздикони Фориқ-Афандӣ ҳам барои бурдани устухонҳои посбони Анвар-пошшо ба ӯ муроҷиат кардаанд.

Анвар-пошшо, аз фармондеҳи маъруфи давлати туркони Усмонӣ дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон, баъди шикасти усмониҳо як муддат дар Олмон паноҳ бурд ва баъд ба Русияи Шӯравӣ омада, аз тарафи ҳукумати Владимир Ленин ҳамроҳ як даста аз генералҳои барканоршудаи турк бо маъмурияти "густариши инқилоби коммунистӣ ба Шарқ" ба Осиёи Марказӣ фиристода шуд. Вале аксари ин генералҳо, бо шумули Анвар-пошшо, баъди расидан ба минтақа ва омӯхтани вазъ ба тарафи нирӯҳое гузаштанд, ки алайҳи Шӯравӣ меҷангиданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG