Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои "террористи Алмаато" ҳукми қатл хостанд


Айбдоркунандаи давлатӣ барои гумонбар дар ҳамлаҳои хунини 18 июли Алма-ато Руслан Кулекбоев ҳукми қатл хостааст. Барои ҳаммаслакони эҳтимолии вай аз 3 то 12 соли зиндон талаб шудааст. Кулекбоев расман дар иҷрои амали террористӣ, куштори 8 корманди мақомоти қудратӣ, ду сокини осоишта ва сӯиқасд ба ҷони 3 сокини дигар, ҳамчунин дарёфт ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, идораи ғайриқонунии нақлиёт ва ғайриқонунӣ маҳрум сохтани одамон аз озодӣ, айбдор мешавад.

Ба гуфтаи тафтишот, ҳамаи ин амалҳоро рӯзи 18 июл вай дар танҳоӣ содир карда, гӯё бо ин шева аз мақомоти қудратӣ барои солҳои дар зиндон будааш қассос гирифтааст. (Кулекбоев пештар бо айби нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ зиндонӣ шуда буд.) Дар кодекси ҷиноятии Қазоқистон ҳукми қатл барои ҷиноятҳои махсусан вазнин пешбинӣ шудааст. Аммо сар аз соли 2003 ба ҳукми қатл моратория эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG