Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷияни сарвазири Узбакистон бо пироҳанҳои чандҳазордолларие, ки барои муштариёни сарватман медӯзад, ном баровардааст.

Торнамои Dailymail-и Бритониё дар бораи Диёра Усмонова - ҷияни Шавкат Мирзиёев - нахуствазири Узбакистон мақолае ба нашр расонда, вайро ба Мария-Антуаннета- хонуми шоҳи Фаронса Людовики 16 баробар кардааст, ки дар тӯли зиндагӣ фақат либосҳои гаронбаҳо мепӯшид ва ороишоти гаронбаҳову пурҷилоро дӯст медошт.

Ин торнамо навиштааст, пираҳанҳои кӯдаконае, ки Диёра ва ширкати “Бибӣ-Она”-и ӯ медӯзанд, ба арзиши 5 ҳазор фунт ё баробар бо 7,5 ҳазор доллар ба фурӯш меравад. Ин гуна пираҳанҳои духтарона ороишоти гаронбаҳо доранд ва аз матоъҳои зебо дӯхта мешаванд.

Нуктаи дигаре, ки ҷалби таваҷҷуҳ кардааст, ки ин аст, ки Диёра Усмонова дар Узбакистон имконияту имтиёзҳо фаровон ва беохир дорад ва ҳатто вайро бо Гулнора - духтари калонии президенти он кишвар Ислом Каримов муқоиса мекунанд.

Дар мусоҳибае бо Алишер Сиддиқ - коршиноси умури Узбакистон дар Радиои Озодӣ пурсидам, чӣ тавр номи Диёра Усмонова сари забонҳо омад ва ба қаҳрамони матолиби матбуотӣ табдил ёфт?

Сиддиқ: Дар бораи вай замоне огаҳӣ пайдо карданд, ки шавҳараш Бобур Усмонов 8 маи соли 2013 дар як ҳодисаи нақлиётӣ дар шаҳри Тошканд ба ҳалокат расид. Бобур ҷияни Алишер Усмонов -яке аз сарватмандони узбактабори Русия буд ва аксарият тахмин мезаданд, ки баъд аз сари Усмонов дороиҳои вай ба Бобур мегузарад. Вале чунин нашуд ва ӯ ба таври фоҷеаомез фавтид.

Албатта, рӯзноманигорон аз маросими арӯсии ҳар ду навишта буданд, ки чӣ тавр ҷияни нахуствазир Мирзиёев ва Усмонов, яъне шахсиятҳое, ки дар сиёсати Узбакистон метавонанд таъсир гузоранд, бо ҳам арӯсӣ карданд. Баъд аз марги Бобур ҳама фикр мекарданд, ки муносибати Мирзиёев ва Алишер Усмонов чӣ тавр мешуда бошад.

Озодӣ: Номи Диёра Усмонова баъд аз марги шавҳараш Бобур ба кадом маънӣ маъруф шуд?

Сиддиқ: Маъруфияти номи вай ба он вобаста аст, ки дар куҷо аз вай ном мебурданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз қабили Инстаграм ё ҷойҳои дигар, масалан, дар доираҳои соҳибкориву тиҷоратӣ. Ман медонам, ки дар Инстаграм пайравони вай зиёданд, аксари онҳо ҷавонон ҳастанд, ки ҳамеша дар бораи вай чизе менависанд ва гоҳо вайро бо Ким Қардошиён ва ё хонуми шоҳи Фаронса Лудовики 16 Мария-Антуаннета муқоиса мекунанд.

Торнамои Dailymail-и Бритония ҳам навиштааст, ки ин “малика”-и хушсимову пурҷозиба на танҳо ба арзиши 5000 фунт-стерлинг пираҳанҳои духтарона мефурӯшад, балки душманони худро дар равған “бирён” мекунад. Диёраи 27-сола дар Маскав мағозаи вижаи фурӯши ин пираҳанҳоро боз кардааст ва харидорони вай ҳам сарватмандон ҳастанд. Барои духтарони сарватманд пираҳан медӯзад. Вай нисбат ба Порису Лондон барои худ Маскавро ҷои беҳтар медонад. Албатта, маълум аст, ки дар паси ин корҳои Диёра хонуми Алишер Усмонов Ирина Винер низ ҳаст, ки дар байни нухбагону сарватмандон ба таблиғи либосҳои Диёра машғул мешавад.

Вале худи Диёра низ дар бораи Лондону Порис ва Швейтсария менависад. Худаш ҳам зебост ва зиндагии зебо дорад. Барои ҳамин пайравонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиндагии вайро ба зиндагии Ким Қардошиён ва Мария Антуаннета муқоиса мекунанд. Албатта, на ҷиҳати манфӣ, балки ҷиҳатҳои мусбати онро.

Озодӣ: Мо гуфта метавонем, ки бо дӯхтани чунин пираҳанҳои гаронбаҳо Диёра тамға ё бренди либосҳои “Бибӣ-Она Кутюр”-ро ба бозор овард?

Сиддиқ: Бибӣ-Она номи духтари Диёра аст. Дар оғоз Диёра мехост барои духтараш либосҳои зебо дӯзад ва бо кӯмаки модараш якҷо ороишоте барои пираҳани кӯдакона ихтироъ карданд. Баъдтар фикре пайдо шуд, ки ин пираҳанҳои гаргонбаҳоро ба фурӯш гузоранд. Ҳамин тавр, вай соҳиби мағозаи номдор, соҳиби пулу дороӣ шуд ва мегӯянд, ки сарваташ аз ҳисоби фурӯши ҳамин пираҳанҳост. Вале шахсияти вайро дар Узбакистон бо шахсияти Гулнора Каримова муқоиса мекунанд, ки вай ҳам ҳамин гуна имкониятҳо ва имтиёзҳои фаровон дошт. Албатта, Диёра бо ҳунари худ шӯҳрат пайдо кардааст. Вақте ки коршиносон бо пираҳанҳои дӯхтаи вай ошно мешаванд, ба онҳо баҳои баланд медиҳанд. Ин пираҳанҳо бо садафу ороишоти дигари гаронбаҳо оро дода мешаванд. Кори вай ба баҳои баланди муштариён сазовор шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG