Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳод Холовро кӣ тарсонд?


Фарҳод Холов
Фарҳод Холов

Афроди мусаллаҳ ба эҳтимоли мақомот, бо ҳадафи дарёфти ғизо, ба манзили як сокини рустои Ромит ворид шуда, як наврасро латту кӯб карданд.

Фарҳод Холов, сокини 15-солаи деҳаи Сорво шоми 14 сентябр, тақрибан соатҳои 9-10 шаб аз сӯи як гурӯҳи номаълум то беҳушӣ лату кӯб шудааст. Як масъули ҳукумати ноҳияи Ваҳдат 15-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин ҷавон шаб дар хона танҳо будааст, ки аз тарафи анҷомхона, ҷое, ки маҳсулоти хӯрокворӣ нигоҳдорӣ мешавад, овози пойро мешунавад. Ҳангоми ба он тараф рафтан се тан аз афроди номаълум ба ӯ ҳамла ва то аз ҳуш рафтанаш лату куб кардаанд”, гуфт ӯ. Ин манбаъ мегӯяд, ин ҷавон пас аз ба ҳуш омадан гуфтааст, ки дар ин манзил шабонгоҳ ҳадди аққал се марди ношиносеро дидааст, ки силоҳ доштанду ришдор буданд.

Ин ҳодиса дар манзили зисти Деҳқон Ҳомидов, мутахассиси пешбари ҷамоати Ромит рӯй додааст ва шоми он рӯз худи соҳиби хона дар хона набуду дар манзил яке аз хешовандонаш - Фарҳод Холов барои нигоҳубини хона истода буд. Баъди аз манзили Ҳомидов берун шудани афроди ношинос, маълум шудааст, ки аз амборхона маҳсулоти хӯрокворӣ рабурда шудааст. Мақомот ҳоло ба ҷустуҷӯи ин гурӯҳ оғоз кардаанд. Мақомот тахмин мезананд, ки онҳо афроди марбут ба гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, генерали фирорӣ ҳастанд ва бо сабаби гуруснагӣ вориди ин манзили истиқоматӣ шудаанд.

Тафсилоти ҳодиса аз забони худи Фарҳод Холовро дар ин гузориши видеоӣ тамошо кунед:

Гуруснагӣ афроди Назарзодаро аз кӯҳ фаровард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:00 0:00

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд нафари қаблан боздоштшуда, ки марбут ба гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ҳастанд, аз гуруснагӣ ранҷ мекашидаанд ва ҳамин чиз сабаб шуд, ки аз кӯҳ фаромада ба мақомот худро таслим кунанд. Деҳаи Сорво дар 80-километрии Душанбе ҷойгир аст ва ба маҳалли амалиёти низомӣ алайҳи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, генерали фирории тоҷик хеле наздик аст. Мақомоти тоҷик генерал Назарзода, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистонро дар ташкили ҳамлаҳои мусаллаҳона болои ШКД шаҳри Ваҳдат ва посгоҳи полис дар шаҳри Душанбе дар таърихи 4 сентябр айбдор мекунанд. Мақомот мегӯянд, ки ҳадафи онҳо ба ҳам задани суботи кишвар аст. Худи генерали фирорӣ аз замони шурӯи амалиёти зидди ӯ ва тарафдоронаш бедарак аст. Мақомот мегӯянд, ки ӯ дар кӯҳҳои дараи Ромит панаҳ бурдааст ва то имрӯз 100 тарафдори ӯ боздошт ва 20 нафари дигар кушта шудаанд. Маълум нест, ки шумори тарафдорони Назарзода чанд аст ва худи ӯ мушаххасан дар куҷо паноҳ мебарад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои ахир, дар кӯҳҳои Ромит шаби гузашта ду сантиметр барф боридааст. Сокинони Ромит мегӯянд, дар дараи Муҷихарф ва ағбаи Канаф, ки Ромитро ба минтақаи Рашт мепайвандад, аввал борони сард ва дар паяш барф боридааст. Намозалӣ Самадов, сокини яке аз деҳаҳои Ромит ба Радиои Озодӣ гуфт, аз сӯҳбат бо афсароне, ки дар амалёт алайҳи гурӯҳи Назарзода ширкат доранд, эҳсос мешуд, ки аксари онҳо шаб сармо хӯрдаанд. “Ин барфро касе интизор надошт. Асосан дар ин мавзеъ аз аввали октябр барфи кам меборад, вале имсол каме барвақттар барф зад.

Ҳоло кӯҳҳо сафедӣ доранд ва имрӯз ҳаво офтобӣ аст ва шояд то пас аз нисфирӯзӣ ин барф об шавад. Лекин шаб хунук буд ва барои сарбозон дар берун истодан дар ин ҳаво мушкил буд», - гуфт ӯ. Аммо Парвина Саидҷамолова, масъули Маркази ҳавошиносӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “онҳо танҳо боридани борон дар минтақаҳои баландкӯҳро дар шаби гузашта пешгӯӣ карда буданд ва боридани барф дар назар набуд”. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ӯ, шаби гузашта дар шарқи Душанбе, ба хусус Ромит ҳаво 9 дараҷа гарм буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG