Пайвандҳои дастрасӣ

"Ветеранҳои Назарбоев" бар зидди ДИИШ муттаҳид мешаванд


Дар Қазоқистон пешниҳод шуд, ки як контингенти низомии минтақавӣ барои кӯмак дар ҳимояи марзҳои Осиёи Марказӣ таъсис шавад.

Дар Қазоқистон раиси Иттифоқи собиқадорони ҷанг дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пешниҳод кардааст, ки як контингенти низомии минтақавӣ барои кӯмак дар ҳимояи марзҳои Осиёи Марказӣ таъсис шавад. Мурат Муҳаммадҷонов, раиси Иттифоқи собиқадорони ҷанг дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рӯзи 4 ноябр дар шаҳри Остона бо ташаббуси таъсиси як контингенти ҳомии сулҳ дар Осиёи Марказӣ баромад кард.

Муҳаммадҷонов гуфт, ки нирӯҳои посдори сулҳ бояд таҳти чатри СММ ва таҳти раҳбарии фармондеҳи олӣ Нурсултон Назарбоев ташкил шаванд. Ба ҳайати ин нирӯҳо, ба гуфтаи Муҳаммадҷонов, метавонанд бригадаҳои сулҳхоҳи кишварҳои минтақа – Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҳам шомил шаванд. Ин нирӯҳо, ба гуфтаи ӯ, метавонанд барои муқобила бо таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ сафарбар шуда, ҳамчунон як бахше аз онҳо махсус барои иҷрои супоришҳои мустақими президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хизмат хоҳанд кард.

Муроҷиати хаттии мазкур баъди садо доданаш дар ҷаласаи аъзои Иттифоқи собиқадорони ҷанг дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба унвони нахуствазир, котиби давлатӣ, раиси Шӯрои амнияти миллӣ ва сохторҳои дигар ирсол шуд. Муҳаммадҷонов гуфт, ки зарурати таъсиси нирӯҳои минтақавиро «чолишҳои ҷиддии амниятии имрӯза» тақозо мекунанд. Пешниҳоди мазкур дар ҷараёни ҳамоише зери унвони «Сарбозони аввалини президент Назарбоев» садо дод. Ҳанӯз ҳеҷ вокунише дар ин замина аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон ва кишварҳои дигар садо надодааст.

Дар ин ҳамоиш зикр шуд, ки аъзои ин созмон дар солҳои 1993-2001 дар марзи Тоҷикистону Афғонистон барои кӯмак дар таъмини амният хизмат кардаанд. Аз миёни 8000 нирӯе, ки Қазоқистон ба марзи Тоҷикистон сафарбар карда буд, 32 нафар ба ҳангоми иҷрои вазифаи худ ҷон додаанд.

XS
SM
MD
LG