Пайвандҳои дастрасӣ

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон изҳор дошт, ки омодааст, чун “миёнрави содиқ” ба ҳалли бӯҳрони миёни Украина ва Русия кӯмак кунад.

“Ман мудири росткор ҳастам ва тарафи ҳеч касро намегирам,” – бо ин суханон раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфт, ки метавонад чун миёнрави содиқ рафтор кунад, зеро ҳам бо Украина ва ҳам бо Русия муносибати хуб дорад.

Вазифаи асосии сиёсатмадорон дар ин маврид, ба ақидаи президенти Қазоқистон, қатъи ҷанг ва таҳкими истиқлолияти Украина аст. Вай афзуд, “бояд тамомияти арзӣ ва якпорчагии Украина, тавре раҳбарони Русия мегӯянд, эътироф шавад ва бояд паси мизи гуфтушунид нишаст.”

Русия барои доман задани нооромӣ дар шарқи Украина бо фиристодани сарбозонаш ва додани аслиҳа муттаҳам дониста мешавад, вале худи Русия ин иттиҳомотро қабул надорад. Он, баръакс Ғарбро масъули нооромиҳо дар Украина мешуморад ва зуҳури ҷудоихоҳони украинии рӯ ба Русия дар шарқи Украинаро посухи табиӣ ба авзоъ ва сиёсатҳои Киев меномад.

Назарбоев 21 декабр дар Остона пеш аз сафар ба Киев ин суханонро изҳор дошт. 22 декабр вай дар Киев бо Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина мулоқот мекунад. Аз ин пеш дар дидор бо Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, дар Остона Назарбоев гуфта буд, ки таҳримҳои Ғарб ба Русия барои тағйири мавзеъгирияш дар масъалаи Украина таъсири чандоне надорад ва кишварҳои аврупоӣ бояд бо Маскав ба созиш бирасанд.

Назарбоев гуфта буд, ҷонибҳо бояд “барои ҳали ин бӯҳрон” роҳи ҳалли қобили қабулро пайдо кунанд. Ба гуфтаи вай, ин бӯҳрон ба тарафҳо кӯмак накардааст, балки сабаби бад шудани вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон шудааст.

Бархе аз коршиносон пас аз сар задани «бӯҳрони Украина» ва ишғоли Қрим аз тарафи Русия ҳадс зада буданд, ки бо айни сенарио навбат ба Қазоқистон мерасад. Сӯҳбатҳои Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар бораи он ки дар қаламрави феълии Қазоқистон ҳаргиз давлате вуҷуд надошт ва Назарбоев чунин давлатро сохт, хашми миллатгароёни қазоқ ва ҳароси онҳор дар марвиди ҳаракати Русия барои ишғоли манотиқи шимолии Қазоқистонро ба миён оварда буд.

Рӯшан нест, раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев агар миёнарави ҳалли низоъ байни Маскав ва Киев шавад, то куҷо бетарафона ба масъала бархӯрд хоҳад кард.

21 декабр Порошенко бо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Беларус дар Киев дидор дошт. Лукашенко гуфт, ки дар муборизаи Украина бо шӯришиёни ҷонибдори Русия ва барои рафъи бӯҳрони иқтисодӣ кӯмак мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG