Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко: Амалиёт дар Донбасс ҷанги ватанӣ барои Украина аст


Петр Порошенко, раисиҷумҳури Украина зимни сафараш ба вилояти Харков, рӯзи 6 декабр, хабар дод, ки дар ҷангҳо дар Донбасс 1252 низомии кишвар кушта шуданд ва тақрибан се ҳазор афсару сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд.

6 декабр дар Украина рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар таҷлил шуд. Петро Порошенко дар аэродроми Чунуеви вилояти Харков артишро бо ин ид табрик гуфт ва тақрибан сад адад техникаи низомии муосир, аз ҷумла, тонку зиреҳпӯш, тӯпхона ва чархболро дар ихтиёри нерӯҳои мусаллаҳ гузошт. Ба гуфтаи сарвари давлат, амалиёт дар Донбасс ба “ҷанги ватанӣ барои истиқлоли Украина” табдил шуд.

XS
SM
MD
LG