Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Назарбоев дар нақши набераи Темурланг


Олия Назарбоева бо гурӯҳи наворбардории сериёли "Хонигарии қазоқҳо"
Олия Назарбоева бо гурӯҳи наворбардории сериёли "Хонигарии қазоқҳо"

Олия, духтари Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, дар сериёли “Хонигарии қазоқҳо” нақши набераи Темурлангро иҷро хоҳад кард.

Олия -- духтари хурдии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, дар сериёли “Хонигарии қазоқҳо” нақши набераи Темурлангро иҷро хоҳад кард.

Амир Темур, ки дар кишварҳои ғарбӣ бо номи Темурлан маъруф аст, дар асрҳои 14-15-и милодӣ дар Осиёи Миёна импротурии Темуриҳоро бо пойтахташ Самарқанд таъсис дода буд. Ба гуфтаи муаррихон, Амир Темур аз асосгузорони давлатдории ӯзбакҳо маҳсуб мешавад.

Бино ба иттилои торнамои “lenta.ru”, Рустам Абурашов, коргардони филм Олия Назарбоеваро ба наворгирии ин филм даъват кардааст.

Ҷаноби Абдурашов гуфтааст: “Ӯ дар солҳои ахир ба синамо таваҷҷӯҳи зиёд доштааст. Ба Олия имконият додем, ки худро дар нақши Робияи духтари Улуғбек ва набераи Амир Темур имтиҳон кунад”.

Сериёли “Хонигарии қазоқҳо” бар пояи романи “Шамшери гӯё”-и Илёс Есенберлин ва дар чорчӯби тадорукот ба ҷашни 550 -солагии давлатдории қазоқҳо ба навор гирифта мешавад.

Дар моҳи сентябри соли ҷорӣ Аристанбек Муҳаммадуглу, вазири фарҳангу варзиши Қазоқистон иброз дошт, ки дар ростои маблағгузории сериёли “Хонигарии қазоқҳо” мушкил пеш омадааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло талошҳо барои ҳалли ин мушкил ҷараён дорад.

Олия Назарбоева, духтари хурдии раиси ҷумҳури Қазоқистон, раёсати мудирияти ширкати сохтмонии “Элитстрой”-ро ба ӯҳда дошта ва дар тадобири ҷамъиятию хайрия ширкати фаъол дорад.

Бино ба иттилои “Forbes”-и Қазоқистон, дар соли 2011 дар ҳамкорӣ бо ширкати италиявии ҷавоҳироти Damiani коргоҳи ҷавоҳироти Alsara (шакли кӯтоҳшудаи номҳои Олия ва модараш Соро)-ро таъсис додааст.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон ду духтар дорад. Духтари калони вай Дариға дар моҳи сентябри соли ҷорӣ муовини нахуствазири он кишвар таъйин шуд. Дариғаи 52-сола аз ин қабл дар мақоми муовини раиси парлумони он кишвар кор мекард.

XS
SM
MD
LG