Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҷавони тоҷик мегӯяд, навохтани най, асбоби миллии тоҷикӣ, барои инсон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад, аммо фурӯши най низ мояи хушҳолист.

Ин ҷавон, ки ӯро Миралӣ Усмонов ном аст, дар ин рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз дар як гӯшаи маркази тиҷоратии "Садбарг" ба фурӯши най машғул аст ва бозораш хеле гарм ҳам мебошад.

Миралӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд рӯз боз ба фурӯши ин асбоби миллӣ машғул аст ва одамони зиёде, ба хусус ҷавонон аз он харидорӣ мекунанд. Вай, ки худ ин найҳоро сохтааст, ҳадафи ба фурӯш гузоштани ин асбоби мусиқиро боло бардоштани завқи ҷавонону наврасон ва дур кардани онҳо аз корҳои ношоям унвон кард. Зеро ба гуфтаи Миралӣ, най хоси баҳору Наврӯз аст ва садову навои он руҳи инсонро ором мекунад.

Миралӣ Усмонов мегӯяд, худ асбоби найро хуб менавозад ва маҳз таронаҳои Давлатдманди Хол, овозхони саршиноси тоҷик сабаб шудааст, то рағбаташ ба ин асбоб бештар шавад.

Аз савдои Миралӣ маълум буд, ки иддае аз ҷавонон майли харидории найҳои сохтаи ӯро доранд. Фурӯзон Шарифов, яке аз ин ҷавонон гуфт, ки вижагии най аз дигар асбобҳо, назири саксафон дар он аст, ки най соф асбоби милист ва лабҳо менавозанд ва тану руҳ роҳат хоҳад кард.

Ӯ мегӯяд, ҳар ҷавон метвонад ба осонӣ навохтани найро ёд гирад, ки ин ҳам аз вижагиҳои дигари ин асбоби мусиқӣ аст.

Нархи найе, ки Миралӣ мефурушад, 10 сомонӣ буда ва ба гуфтаи вай ҷавонон ба роҳатӣ метавонанд бихаранду аз истифодаи он илҳом бигиранд.

Миралӣ мегӯяд, танҳо дар муддати ду соат то 30 адад аз ин асбобро фурӯхтааст ва савдояш ҳар рӯз дар авҷ аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG