Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи порлумонии Покистон баргузор шуд


Дар Вазиристони Шимолӣ, як минтақаи қабоилнишини Покистон аз занон хостанд, ки ба интихобот нараванд.
Дар Вазиристони Шимолӣ, як минтақаи қабоилнишини Покистон аз занон хостанд, ки ба интихобот нараванд.

Бо вуҷуди ҳамлаҳои хунин ва таҳдидҳои Толибон, интихоботи таърихии порлумонӣ дар Покистон баргузор шуд.

Дар Покистон интихоботи порлумонӣ баргузор шуд ва гуфтаи мақомот бо вуҷуди таҳдиду ҳамлаҳои хунини ситезаҷӯён, дар ин корзори сиёсӣ теъдоди зиёди раъйдиҳандагон ширкат карданд. Иштиёқ Аҳмад, узви Кумиссиёни интихоботии Покистон рӯзи шанбе гуфт, ки интихобот барои ширкати комили раъйдиҳандагон, мӯҳлати раъйдиҳиро як соат дароз карданд: “Бо мадади Худои таоло ва ҳама ниҳодҳои давлатӣ, Кумиссиёни Марказии Интихоботи Покистон тавонист, дар кори аслии худ, яъне баргузории интихоботи озоду мунсифона комёб шавад.! Толибони Покистон, интихоботро ғайриисломӣ хонда ва таҳдид карда буданд, бо ҳамла ба қитъаҳои интихоботӣ, раъйдиҳиро ба ҳам мезананд. Дар ҳамин рӯз бар асари ҳамла ба қароргоҳҳои Ҳизби Авоми Миллӣ, ҳизби дунявигарои Покистон 10 нафар кушта шуданд. Дар Балуҷистон миёни тарафдорони ду номзад ба мақоми вакилӣ муноқишаи мусаллаҳона бархоста ва дасти кам 5 нафар кушта шудаанд. Дар Вазиристони Шимолӣ дар як вилояти қабоилнишини Покистон ва такягоҳи Толибон ба занон ҳушдор додаанд, ки дар интихобот ширкат накунанд. Дар Покистон, ки 342 вакили Маҷлиси Миллӣ ва шӯроҳои вилоятии Хайбар Пахтунхва, Панҷоб, Синдҳ ва Балуҷистонро интихоб мекунад, бештар аз 86 миллион нафар аз ҳаққи раъй бархурдоранд. Шаст курсии порлумон ҳаққи қонунии занҳост ва 10 курсии дигар ба аққалиятҳои ғайримусулмон дода шудааст. Бо назардошти ҳамлаҳои тундравони исломӣ дар остонаи интихобот, ки бештар аз 120 нафар кушта бар ҷой гузошт, 600 ҳазор маъмури амниятиро барои таъмини амният дар маҳаллҳои раъйдиҳӣ сафарбар кардаанд. Интихоботи рӯзи шанбе аз он ҷиҳат барои Покистон таърихист, ки баъди хатми даври қонунии як ҳукумати ғайринизомӣ баргузор мешавад. Тайи 66 соли ахир ва аз замони ба истиқлол расидани Покистон дар соли 1947, артиши ин кишвар се дафъа бо табадуллот ба қудрат расида ва тақрибан 30 сол ҳукмронӣ кардааст. Пешсафи интихоботи имсола Ҳизби Ваҳдати Мусулмонони нахуствазири собиқ Навоз Шариф аст. Интизор меравад, Ҳизби Таҳрики Инсофи Имрон Хон Чавгонбози маъруфи покистонӣ ҳам дар порлумон соҳиби курсӣ шавад. Зоҳиран мардуми Покистон аз Ҳизби Авоми Миллӣ ҳоким ба кишвар ноумед шудаанд, ки ба аҳзоби мухолиф рӯ овардаанд. Тасним Холид яке аз раъйдиҳандагон аз шаҳри Карочӣ мегӯяд: "Ҳар касе ки меояд, бояд барои кишвар хубтар бошад, зеро вазъ ҳоло бисёр бад аст. Худо кунад, ки шароит беҳтар шавад." Дар аҳди панҷсолааш, ҳукумати Покистон ба мушкилоти зиёде даст ба гиребон буд, бо ҳамлаҳои хунини тундгароёни исломӣ, то ба муноқишаҳои мазҳабӣ, фалокатҳои табиӣ ва фасоду масоили иқтисодӣ. Муҳаммад Осиф, як тоҷири ва раъйдиҳандаи дигари покистонӣ мегӯяд, бо умеди ояндаи беҳтар ба интихобот омадааст: "Ман бо умеди он омадаам, ки аз ин раъйдиҳӣ Покистони наву хубе сар хоҳад кашид ва ин мо шоҳиди тағйирот дар кишвар хоҳем шуд. Иншоолоҳ Покистон ба зудӣ кишвари шукуфо хоҳад шуд ва мардум аз саросари ҷаҳон ба кишвар омада сармоягузорӣ хоҳанд кард." Покистон ҳамчунин чанд соли ахир иртиботи хубе бо Амрико надошт ва бахусус баъди онки дар соли 2011 нерӯҳои махсуси Иёлоти Муттаҳида, дар амалиёти пинҳоние, Усома Бен Лодан, раҳбари шабакаи Ал-Қоидаро дар қаламрави Покистон куштанд.
XS
SM
MD
LG