Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Русия, Наврӯзи умумишаҳрии Маскав дар Кохи давлатиии консертии «Россия», воқеъ дар Маҷмааи Лужники ин шаҳр, рӯзи якшанбеи 24-уми март баргузор мегардад. Чорабинии наврӯзӣ соати 12-и нимарӯзӣ оғоз гардида, то соати 20 -и шом идома хоҳад кард.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Россия, гуфт, сафорат ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии байналмилалӣ омодагӣ дидааст ва тасмим дорад, ки дар доираи таҷлили ҷашни Наврӯз чун солҳои пешин намоишгоҳи санъати миллии тоҷикон ва китобу мусаввараҳо баргузор намояд. Барои меҳмонон ва иштирокдорони чорабинии байналмилалӣ аз ҷониби сафорат дар саҳни толори муҳташами ҷашнгоҳи «Навруз-2013» дастархони наврӯзӣ густурда хоҳад шуд.

Инчунин, сафорат барои ширкат дар чорабинии наврӯзӣ дар шаҳри Маскав овозхони шинохтаи тоҷик Сироҷиддин Фозиловро аз Душанбе даъват кардааст, ки номбурда дар якҷоягӣ бо гурӯҳи санъаткорони ҳаваскори тоҷики Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳои шаҳри Маскав бо номи «Ваҳдат» як барномаи рангини консертӣ омода намудаанд. Ба таъкиди Муҳаммад Эгамзод, дар ҷашни имсола намояндагони 16 миллату халқияти муқими Русия иштирок мекунанд.

Ба гуфтаи сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, мақомоти Маскав барои муттаҳид намудани халқу миллатҳо дар Русия чорабиниҳо ва ҷашнҳои гуногуне баргузор мекунад, аммо дар қиёс ба онҳо таҷлили Наврӯз мақоми хоса дорад, зеро он мардумони гуногунмиллатро бо ҳам меорад ва таваҷҷуҳи ҷомеаи Русия низ ба Наврӯз дар ҳоли афзоиш аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG