Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Нахустин харитаи тоҷикӣ барои навигаторҳо


Нақшаи Душанбе дар раҳнамои "Технологияҳои иноватсионии Тоҷикистон"

Нақшаи Душанбе дар раҳнамои "Технологияҳои иноватсионии Тоҷикистон"

Дар Тоҷикистон нақшаи хосе барои навигаторҳо офаридаанд, ки ҳамаи роҳу маҳаллаҳоро “медонад” ва метавонад, дастёри хубе барои ронандагон шавад.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон истифодаи навигаторҳо ҳоло роиҷ нест, аммо мутахассисон умедворанд, ки ин фанновариҳои нав низ дар кишвар ҷой хоҳанд ёфт. Дар ин бора сӯҳбате доштам бо Манучеҳр Неъматов, мудири ширкати "Технологияҳои иноватсионии Тоҷикистон" ва нахуст аз ӯ дар бораи харитаи навашон пурсидам.

Манучеҳр Неъматов: "Харитаи мо дар навигаторҳо бо системаи ГЛОНАСС кор мекунад. Ва мо аз миёни барномаҳои чанд ширкати русӣ, ки барои раҳнамо нақша месозанд, барнома ва харитаи ширкати Навителро интихоб кардем, ки маҳсули кори мутахассисони Ҷумҳурии Чехия ва Русия аст. Мо ба таҳияи барномаи худамон аз соли 2010 шурӯъ кардем ва дар муддати 2 сол харитаро ҳам баровардем. Харитаи мо аз он ҷиҳат нодир аст, ки дар он тамоми иштибоҳоти нақшаҳои коғазӣ ислоҳ шудаанд ва ҳам хатоҳо аз назари мавқеъёбӣ (positioning). Мо барои муносибтар шудани кор, дар он мавқеъи ҷойгиршавии муассисаву нуктаҳои лозимӣ, ба мисли нукоти бензинфурӯшӣ, коргоҳҳои таъмири мошин, бонку фурӯшгоҳҳо, дорухонаву шифохона ва ресторанҳоро ворид кардем."

Озодӣ: Нақшаи шумо чанд маҳаллаи аҳолинишин ва роҳҳоро дар бар мегирад?

Манучеҳр Неъматов: "Ба нақша мо 1584 маҳаллаи аҳолинишинро ворид кардем ва 14 183 километр роҳро фаро мегирад."

Озодӣ: Аз онҷо ки гуфтед, харитаи хос барои Тоҷикистон бори аввал аст, ки омода мешавад, метавон хулоса кард, ки ҳоло дар кишвар, истифода аз раҳнамо ва ё навигаторҳо зиёд роиҷ нест?

Нақшаи интерактивии шаҳри Душанбе.

Нақшаи интерактивии шаҳри Душанбе.

Манучеҳр Неъматов: "Пеш аз даст задан ба ин кор ва ворид шудан ба ин бозор, аввал як таҳқиқ анҷом додем. Харитаи мо дар телефонҳои ҳушманд ва ҳам лавҳҳои электронӣ ва ё планшетҳо ҳам кор мекунад. Мо асосан аз ронандаҳои мусофирбарҳои Старекс, Тангем ва ронандаҳои таксиҳо пурсидем, ки ба ҳамингуна чиз эҳтиёҷ доранд, ё не. Онҳо гуфтанд, бояд ба нақшаҳо барои раҳнамоҳо таваҷҷӯҳ кунем, на барои телефонҳои ҳушманд, зеро ин телефонҳо қиматанд. Онҳо гуфтанд, аз раҳнамоҳо истифода хоҳанд кард, зеро маҳаллаҳое ҳаст, ки намедонанд ва баъзан мизоҷе савор мешавад ва мегӯяд, ки ба фалон меҳмонхона барем. Мо роҳро намедонем ва худи мизоҷ роҳро нишон медиҳад, хоҳ меҳмон бошад ва ё хоҳ аз мардуми маҳаллӣ. Онҳо гуфтанд, ки ба чунин раҳнамо эҳтиёҷ доранд ва мо метавонем дар ҳалли мушкилашон ба онҳо кӯмак кунем."

Озодӣ: Шумо нақшаи худро дар раҳнамое насбу ва озмоиш кардед?

Манучеҳр Неъматов: "Бале мо нақшаро дар панҷ раҳнамои автомобилӣ ва дар панҷ лавҳи электронӣ насб кардем. Дар панҷ Айпад ва ва 5 телефони ҳушманд ҳам. Дар Тоҷикистон ман надидам, ки ронандаҳо дар мошини худ, раҳнамо дошта бошанд. Вале чанде пеш дар бозори Корвон будам ва дар як дӯкон дидам, ки навигатор мефурӯшанд, аз ӯ пурсидам, ки харита надоред, барои чӣ онро мефурӯшед, ҷавоб дода натавонист. Се рӯ пеш ман дигарбора назди ӯ рафтам ва барномаи худро нишон додам, ӯ дар воқеъ хушҳол шуд ва гуфт, ки ман навигатор ворид мекунам, шумо онро бо нақшаву барнома таъмин кунед."

Озодӣ: Барномаву нақшаи шумо бо чанд забон аст, яъне раҳнамо бо тоҷикӣ ҳам роҳро нишон медиҳад, танҳо барои ронандаҳо ҳаст, ё пиёдагарҳо низ?

Манучеҳр Неъматов: "Барнома ҳам барои ронанда, пиёдагард, дучарха ва мотосиклсаворон пешбинӣ шудааст. Барои мошинҳои ёрии таъҷилӣ, оташнишонӣ ва наҷотбахшон низ нақшаи хос дорад. Масалан агар дар раҳнамо нақша барои мошини ёрии таъҷилиро интихоб кунед, роҳи кӯтоҳ вале пурпечутобро нишон медиҳад, агар барои ронандаи оддӣ, роҳи мустақимро нишон хоҳад дод. Агар роҳро нодуруст рафтед, дигарбора шуморо ба роҳи дуруст ҳидоят хоҳад кард. Раҳнамо ба забони тоҷикӣ ҳам ҳаст, ҳамааш ба тоҷикӣ тарҷума шудааст, ки масалан, мегӯяд ба самти рост гардед ё, чап, ҳамааш омода аст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG